ГЛОБАЛИЗАТСИЯ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

0
274

 Имрӯзҳо дар ҷаҳон раванду ҷараёнҳое амал мекунанд, ки фарҳангҳоро ба ҳам мепайванданд, ва глобализатсия яке аз он равандҳое мебошад, ки ҷаҳон бештар зери таъсири он мондааст.

Глобализатсия равандест, ки ҳамеша бо зиндагии мардум алоқаманд буда, бо он дар гардиш аст. Дар асри XXI ҷаҳон бештар зери таъсироти ин раванд монд. Маънои глобализатсия бошад ин – босуръат паҳн гаштани фарҳангу маданиятҳои пешқадам, махсусан дар истеҳсолоти технологияи муосир мебошад. Марҳилаи глобализатсия соҳаҳои иқтисодиро афзуда, дар ин давра давлатҳои пешсаф рӯ ба саноатикунонӣ овардаанд. Ҳоло бошад қариб 60% -и гардиши молҳои ҷаҳонӣ ба давлатҳои пешрафта дар соҳаи саноат рост меояд, ки дар онҳо ҳамагӣ 20%-и аҳолии курраи замин зиндагӣ мекунанд. Дастовардҳои охири солҳои 70-уми асри ХХ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсия ба рушди ҷаҳонишавӣ такони наве доданд. Агар глобализатсияро ҳамчун тарғиботи фарҳанги як халқ бар дигарон фаҳмем дар журналистика низ онро чун тарғиби усулу равишҳои хабарпаҳнкунии як гурӯҳ бар гурӯҳи дигаре фаҳмидан мумкин аст. Айни ҳол мувофиқи нишондодҳо бештар усулҳои журналистикаи ғарб тарғиб шуда истодаанд. ВАО-и тоҷик низ дар ин радиф истисно нест. Марҳилаҳои ташаккули журналистикаи тоҷикро мо метавонем аз китоби “Таърихи журналистикаи тоҷик”, ки ба қалами профессор Иброҳим Усмонов ва Давлат Давронов, устодони факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тааллуқ доранд, дарёбем. Дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ хеле таҳаввулоту дигаргуниҳои муҳимро дар ВАО- и тоҷик дидан мумкин аст. Барои мисол аз аввалин газетаву радио сар карда, то ҳамаи васоити замонавӣ. Пайдоиши ВАО, ки аввал танҳо газетаву журналҳоро дар бар мегирифт рафта – рафта радио пайдо шуд, сипас, телевизион ва билохира пайдоиши интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ такони дигаре буд дар ин соҳа. Бо пайдоиши интернет имконоти дастрасии саривақтӣ ба хабар пайдо шуд. Айни замон ҳама метавонанд дар дилхоҳ замон ё макон тавассути интернет маводи лозимаи худро дар форматхои гуногун дастарс кунанд. Ин ҳам натиҷаҳои ҷаҳонишавист, чун интернет ва шабакакҳои иҷтимоиро нафарони алоҳида кашф карданд ва онро дар саросарӣ дунё истифода мебаранд. Дар ҳоле, ки техникаву технология босуръати кайҳонӣ рушд дорад, ва ҳамагон пайваста дар ҷустуҷӯи навгониҳои дигаранд мо ҷавононро месазад, ки дар баробари ин ҳама навгониҳо фарҳангу таърихи хешро пос дорему нисбати онҳо арҷ гузорем то ба наслҳои баъдина расад.

Умеда Иноятова,

донишҷӯи соли сеюм