МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ ВА РАҚОБАТ ДАР ШАРОИТИ НАВ

0
207

Дар як нигоҳи маҷмӯӣ чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки мавқеъ ва домани густурдаи классикии матбуот торафт коста мегардад. Ҳарчанд баъзе падидаҳо маълум бошанд ҳам, аммо ин ҳукм қатъӣ нест ва матбуот дар умри зиёда аз чорсадсолаи худ чандин монеаҳову мушкилоту буҳронҳоро паси сар кардааст. Дар таърихи матбуоти ҷаҳонӣ шадидтарин сензураҳо алайҳи матбуот вуҷуд дошт ва ин сензураву маҳдудияту фишорҳо ҳеҷ гоҳе матбуотро аз байн бурда натавонистааст ва нахоҳанд бурд. Аммо омилҳои марбут ба рақобат ҳамеша таҳдид ба ҳастиву бақои матбуот доранд. Чанд садсола фазову майдонҳои иттилоотӣ дар ихтиёри матбуот қарор дошт. Дар ин замина инҳисороти матбуотро низ муҳаққиқон мункир нестанд ва чунончӣ пайдоиши радиоро аввалин таҳдид ба маҳдудияти фаъолияти матбуот донистаанд: «Монополияи газетаро аввалин бор ихтирои Маркони ва Попов (ихтирои радио) халалдор намудааст». [1, с.14] Радио дар тӯли мавҷудияташ аудиторияи хосро соҳиб гардид, аммо натавонист, ки вазифаҳову имконоти матбуотро барҳам занад. Имконоти матбуот (ҷиҳати такрор ба такрор хондану дидани он, аксу суратҳо, аз даст ба даст гаштани он ва ғ.) таъсири худро аз даст надод. Баъдтар телевизион дар майдони рақобатҳо фаъол гардид ва ин шакли нави воситаи ахбор дар қиёс бо радио шумораи аудиторияи матбуотро ба маротиб камтар намуд. Ҳатто буҳронҳои алоҳидаеро барои матбуоти фаъоли кишварҳои ғарбӣ дар солҳои шастуми асри гузашта ба вуҷуд оварда буд. Ин василаи нави ахбору иттилоъ низ ба мавҷудияту бақои матбуот чандон таъсири густурдаву амиқ нагузошт ва матбуот қариб ҳашт даҳсола дар радифи телевизион фаъолият карда тавонист. Акнун шурӯъ аз оғози солҳои навадуми асри гузашта василаи нави иртиботиву ахборӣ бо номи Интернет ба миён омад. Хуб, ё бад аст, ки ин восита дар қиёс бо радиову телевизион теъдоди аудиторияи худро ба маротиб бештар кард. Дар ин раванд ҳатто телевизиону радио низ ба мушкилоти аз даст додани аудитория мувоҷеҳ мебошанд. Журналистикаи чандрасонаӣ имрӯз василаи ягонаи мавҷудияти радиову телевизион гардидааст. Зеро интернет воситаест, ки имкони ҳар кадом шакли дигари воситаҳои ахборро соҳиб гардидааст. Муҳаққиқ С. А. Михайлов бо назардошти ин паҳлуҳо бо як навъ оҳанги ҳушдору изтироб ҳолати хатарнокеро бозгӯ кардан мехоҳад. «Асри 21 асри мифологияи электронӣ мешавад ва нафасҳои онро эҳсос карда истодаем». [4, с.125] То кадом ҳад ин афсонаҳо амалӣ мегарданд, вақт нишон медиҳад. Дуруст аст, ки эҳсоси нафасҳои ин таҳаввулот алакай барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкору маълум аст. Аксаран мо ба умеди аудиторияи куҳансол худро таскин мебахшем ва аз аудиторияи насли ҷавон сарфи назар менамоем. Ба ҳар сурат раванди пуртаҳаввули ҷаҳонишавӣ дар ҷараёни мавҷҳои худ паҳлуҳои мусбат низ дорад: «Тамоюли дигар имрӯз «сабзидан»-и матбуоти алоҳида аст, ки дар ин радиф матбуоти маҳаллӣ истисно намебошад». [1, с.74] Ё дар мавриди дигар табиати устувори муҳити хабарии маҳалҳо зикр карда мешавад:«…вобаста ба ҷустуҷӯи ахбор дар бораи ҳаёти маҳаллӣ хеле зуд шумораи рӯзномаҳои шаҳрӣ афзудааст». [1, с.70]

Дар ҳамаи ин ҷараёнҳо матбуоти маҳаллӣ истодагарӣ дорад. Равандҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ хоҳу нохоҳ дар ташаккулу таҳаввули ин навъи матбуот нақши чашмрас доранд, ки масалан, онро дар доираи як навъ қиёси матбуоти замони шӯравию Тоҷикистони мустақил дида метавонем. Маҳз дар ин гуна шароити нав матбуоти маҳаллӣ манфиат ва таваҷҷуҳи хонандаро дар мадди аввал қарор медиҳад. Маълум аст, ки равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба шакливазнамоии сиёсати редаксионии матбуоти хурд – рӯзномаҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳои хурд таъсири худро гузоштанд. Барои нигоҳ доштани хонанда ва аз даст надодани он матуботи маҳаллӣ худро ба шароити нав мутобиқ мекунад. Бо вуҷуди дигар гаштани сохтор, феълан матбуоти маҳаллӣ саҳнаи собиқи худро ки омили паҳншавии он буд, аз даст додан намехоҳад. Ин саҳна ҳамон рӯҳияи бозтоби авзои маҳалл мебошад, ки дар ҳақиқат дигаргун кардани он то ҳадде тасаввурнашаванда мебошад. Омилҳову қонуниятҳои рақобат феълан дар инкишофу таҳаввули ин навъи матбуот таъсири амиқи худро доранд. Дар як навъ шинохти қиёсӣ чунин хулосае ҳосил шуда метавонад, ки матбуоти маҳаллӣ аз нимаи солҳои навадуми асри гузашта то кунун дар давраи гузариш ва табдили хосият қарор гирифтааст. Бо назардошти ин ҳолатҳо имрӯз матбуоти маҳаллӣ дар се ҷабҳа – муносибат ба аудитория, муносибат бо ҳокимият ва муносибат бо муроқибон дар майдони тиҷорати ахбор устувор будан мехоҳад. Раванди доираҳои рақобат ба чунин ҳолате оварда истодааст, ки якҷояшавии якчанд газета суръат пайдо менамояд. Дар заминаи ин иттиҳод чунин шиору фаҳмише ба миён омада истодааст, ки он марбут ба фазои иттилоотии Ғарб мебошад, ки чун як ҷараёни таҳмилӣ ба фазову муҳити мо ворид шудааст:«Доштани газетаҳои камтари хуб, аз молик будан ба номгӯи матбуоти бад беҳтар аст». [12, с.21]

         Истилоҳи «газетаҳои камтар» робитаи бештар ба фазои иттилоотии маҳал дорад. Сифату иқтидори онро доираи талаботи аудиторияи маҳал муайян карда метавонад. Аз ҷониби дигар, мавҷуд набудани рӯзномаҳои зиёд дар маҳалҳо ин ҳолати иҷбории онҳост, ки бо ҷой надоштани шароити мусоид доиман дар як сатҳи инкишоф қарор доранд. Ақидае низ вуҷуд дорад, ки матбуоти ба қавле марказӣ низ бовариву эътимоди худро нисбат ба хонанда торафт аз даст медиҳад, ки дар рақобатҳои алоҳида ғолиб будани матбуоти маҳаллиро нишон  медиҳад. Ин равандро дар тамоми ҷаҳон, ҳатто дар кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ низ дидан мумкин аст. Муҳаққиқ С.М. Гуреевич нисбати ин тамоюл чунин андешаро ба миён мегузорад:«Падидае ба назар мерасад, ки дар Русия теъдоди рӯзномаҳои ба истилоҳ байналмилалӣ рӯ ба коҳиш овардаанд. Тиражи онҳо кам шуда истодааст ва дар муқобили мушкилоти молиявӣ истодагарӣ карда наметавонанд. Онҳо дар рақобат бо матбуоти маҳаллӣ нотавон будани худро нишон медиҳанд. Аз ҷониби дигар, тиражи матбуоти минтақавию шаҳрӣ рӯ ба афзоиш аст. Сокинони минтақаҳои дури Русия харидану хондани рӯзномаҳои маҳаллии худро афзал мешуморанд. Онҳо майли бештар ба ахборе доранд, ки зиндагии маҳалли онҳоро фаро гирад». [1, с.73] Алабатта дар муҳиту фазои иттилотии Русия мафҳуми «матбуоти байналмилалӣ» ба дигар манзур истифода мешавад. Даҳҳо халқияти дар ин кишвар сукунатдошта ниёз ба матбуоте доранд, ки мо онро бо мазмуни байналмилалӣ мепазирем. Бо ин ҷиҳат матбуоти маҳаллӣ бо истифода аз фурсат мехоҳад, ки холигаҳҳоро пур намояд. Қонунияти бозори иттилоотӣ муносибати аудиторияро нисбат ба ҳамагуна расона тағйир дод ва маълум аст, ки аз муносибати хонандагон ба рӯзнома тақдири он низ ҳал мешавад. Ҳар як нашрия чи амалеро ихтиёр накунад ва чи сиёсатеро пеш набарад, барояш ҳадафу мароми асосӣ нигоҳ доштани тиражу зиёд кардани он ба шумор меравад, ки ахиран ин ҳолат мавҷудияту фаъолияти матбуоти маҳаллиро душвор менамояд. Ин ҳолат бештар марбут ба рақобатҳоест, ки чандин даҳсолаҳо боз шиддат пайдо карда истодааст. Дар солҳои шастуму ҳафтодуми асри гузашта, рақобати шадид дар миёни худи матбуот вуҷуд дошт, ки ин равандро бештар хоси ҷамъияти ба истилоҳ сармоядорӣ медонистанд. Ба таври мисол чунин раванд бо номи «…мутамарказшавии соҳибият ва ВАО» [6, с.28] дар Аврупо боис гардид, ки теъдоди рӯзномаҳои ҳаррӯза кам шаванд ва бештари онҳо сарфи назар аз хусусияти таъинотии худ дучори мушкили шадиди молиявӣ гарданд. Дар баробари ин васоити электронии ахбор низ фишори худро бештар мегардонид. Табиист, ки дар ин ҳолат рақобатҳо барои пойдор мондан пурзӯр мешаванд. Акнун ин раванд хоси ҷомеаҳои пасошӯравӣ гаштааст ва натанҳо матбуоти маҳаллӣ, балки нашрияҳои марказиву миллӣ низ дар чунин як ҳолати душвор қарор гирифтаанд. Алалхусус рӯзномаву маҷаллаҳо бо мушкилоти зиёд мехоҳанд, ки аудиторияи классикии худро аз даст надиҳанд. Имрӯз барои матбуоти маҳаллӣ низ чунин рисолат ва ҳадаф чун дигар навъи матбуот истисно нест: «Ҷамъияти минтақаву маҳал (журналистони маҳаллӣ) онро барои худ асос сохтаанд, ки ҳамкории доимии худро бо аудитория кам накунанд, ба он манфиатдоранд, ки газетаҳои онҳоро намояндагони наслҳои гуногун мутолиа намоянд, анъанаи обуна шудан ба матбуоти маҳаллӣ аз насл ба насл идома ёбад». [8, с.9] Имрӯз ногузир аст, ки аз бозорҳои иттилоотии хурд ёдовар шавем, ки он ҳатто дар минтақаҳо ба таври худ шакл пайдо кардан мехоҳад. Дар як қаламрав, вилоят ва минтақаву водии муайян ин ҳолат рақобати маълумеро низ ба вуҷуд оварда истодааст. Дар чунин шароит баъзан омилҳои манфии дурнамои матбуоти маҳаллиро ишора менамоянд, ки дар рақобат тобовар нестанд. Хусусият, таъинот, сифат ва дигар омилҳои мавҷудияти матбуоти маҳаллиро омӯхта, муҳаққиқон ба чунин хулоса омадаанд, ки матбуоти маҳаллӣ умри бардавом надорад:«Ягон рӯзномаи марказӣ аз сатҳи баланди нигоҳи худ ба олами атроф «поин фаромадан намехоҳад. Ин ҷиҳат умри тӯлонии онро таъмин менамояд». [9, с.62] Таъкиди боло марбут ба масъалаи доманаи васеъ пайдо кардани матбуоти марказӣ нигаронида шудааст. Ҷиҳати дигар он аст, ки минтақаҳои саноатии пешрафта то ҳадде имкон доранд, ки дар муқобили ин гуна матбуоти «худписанд» истодагарӣ намоянд. Вобаста ба шароит ва муҳити мусбати иқтисодӣ пешравию таҳаввули матбуоти баъзе минтақаҳо дар ҳама мамолик чашмрас мебошад. Зеро аз таърихи пайдоиши матбуот маълум аст, ки иқтисод, тиҷорат ва сармоя ба таври ҳамеша мӯҷиби пайдоиш ва ташаккули ҳама гуна шаклҳои васоити абори омма аз ҷумла, матбуот мебошад. Дар ин радиф матбуоти маҳаллӣ низ қарор мегирад. Ҳамин ҷиҳат аст, ки матбуоти маҳаллӣ низ чун як шаклу ҷузъи бузурги матбуот дар сабқатҳо ақибмонда будан намехоҳад. Рӯзномаи маҳаллӣ соҳиби «фазои маҳаллии воқеият нест, аммо сатҳи маҳаллии инкишофи равандҳо вуҷуд доранд…» [11, с.110],ки дар асоси он фаъолияти матбуоти маҳаллӣ самт ва шакл пайдо менамояд. Дар майдону бозигоҳи рақобат навъҳои мухталифи матбуот аз хурдтарин имконот истифода бурдан мехоҳанд. Масалан, ҷои инкор нест, ки яке аз омилҳои бақои ҳар як навъи васоити ахбори омма истифодаи реклама дар қолабҳои мухталиф аст. Шояд дар муҳити ахбории мо ин тамоюл чандон амиқ ба назар нарасад, вале дар муҳити русӣ онро як роҳи зинда мондани (способ выживания) ҳамон навъи матбуот меҳисобанд.

Агар имрӯз дар ҷумҳурии мо аз шумори каму доираи маҳдуди аудиторияи матбуоти маҳаллӣ андеша равад, аммо дар баъзе вилоёти Русия аз беҳисоб будани матбуоти маҳаллӣ таъкид менамоянд. Як навъ пешрафту таҳаввул доштани он низ зикр карда мешавад: «Аудиторияи шаҳрӣ бо назардошти талаботи хонанда амал карда, дар бозори иттилоотии шаҳр мавқеи худро пайдо кардан мехоҳад». [9, с.61] Дар фазои иттилоотии Русия теъдоди нашрияҳои маҳаллӣ кам нестанд. Омили аслии зиёд будани ин навъи матбуот рақобати он ба навъҳои дигари матбуот (марказӣ, миллӣ, расмӣ, соҳавӣ, корпоративӣ ва ғ.) мебошад. Дар ин рақобат омилҳои зиёд амсоли маҳорати касбӣ, доираи таъсири хабар, шаклҳои пешниҳоди мавод, ба назар гирифтани доираи табъу завқи аудитория, усулҳои баррасии масъала, сабку услуби хоса бо назардошти «иқлими иттилоотӣ» [3, с.50] ва амсоли он нақши умда доранд. Мубориза барои вақти холии аудитория беш аз пеш суръат мегирад ва хоҳад гирифт. Ҳамин аст, ки дар ин ҷараён нақши амиқтарро матбуоти маҳаллии хусусӣ иҷро карда метавонад. Албатта, дар ин маврид фазои сиёсии маҳал низ мусоидат карда метавонад, ки ба таври ҳамеша қолаби сиёсии василаи ахбор нигоҳ дошта мешавад. Вақте фазои мусоиди иқтисодии маҳал ба таври бояду шояд вуҷуд надорад, ягона, ё якчанд нашрияҳои маҳаллӣ маҷбур мешаванд, ки дар баробари таблиғу ташвиқи анъанавӣ аз як навъ рекламаҳои пӯшида (пиарсозӣ) истифода баранд. Ин ҷиҳатро то ҳаде тамаллуқ низ баҳогузорӣ кардан мумкин аст, аммо аз ҷониби дигар онро ба сифати қонунияти бозори иқтисодӣ ҳам пазируфтан ҷоиз мебошад. Ин ҷо дар назар дошта мешавад, маводи фармоишии дар офаридани чеҳра ва бозгӯи мусбати масъалаи муайян мусоидаткунанда. ВАО-и маҳаллӣ баъд аз солҳои навадуми аср гузашта зинаи гузариш ва як навъ зинда монданро паси сар карда истода бошад ҳам, вале имрӯз тавонистааст, баъзе монеаҳоро паси сар намояд. Аз ҷумла, бо нишондоди фармоишиву супоришӣ амал кардани он як падидаи ошкор аст. Бо ин гуна хосият радиоҳо ва телевизионҳои маҳаллӣ ва оҷонисҳои хабарии хусусӣ имрӯз дар минтақаҳо дар сохтани фазои иттилоотии хос нақш бозида истодаанд. Ҳарчанд ин фазоро шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ  зери таъсир қарор додаанд, вале қисмати муайяни аҳолӣ то ҳанӯз ба ВАО-и маҳаллӣ бовариву эътимод доранд.

Дар ҷараёни ин ҳама таҳаввулот, ки иртиботи бештар ба қонуниятҳо рақобат доранд, имрӯз рӯзномаи маҳаллӣ чеҳраи навро пайдо кардан мехоҳад. Вазъ то ҳаддест, ки ин рӯзнома дар раванди мушкилоти иқтисодии ҷомеа бо ҳама нотавонмандиҳо осебпазир гаштааст. Чунин  мушоҳида мешавад, ки дар аксар ноҳияҳо барои пурра аз байн нарафтани он талош доранд: «..имрӯз ҳолати матбуоти маҳаллӣ андешаи будан ё набуданро ба миён мегузорад». [5, с.44] Ақидаи боло баёни он воқеиятест, ки баъзе нашрияҳои шаҳру ноҳияҳо дар як ё чанд моҳ як шумора ба табъ мерасанд. Вобаста ба имконоти техникии пешрафта имрӯз кори онро ҳатто як нафар пеш бурда истодааст. Буҷаҳои маҳаллӣ иқтидор надоранду пур намешаванд. Дотатсияи давлатӣ имрӯз онро на пурра мурда боқӣ мегузорад ва на пурра онро зинда менамояд. Ин ҳолатро танҳо ба ваҷҳи ба вуҷуд наомадани холигаҳи иттилоотӣ махсус ба вуҷуд овардаанду нигоҳ медоранд. Агар дар саҳифаҳои матбуоти марказӣ робита бо сармоя тамоюли инкишоф дониста шавад, имрӯз дар матбуоти маҳаллӣ робита бо сармоя (истифодаи эълону реклама) як падидаи нодир аст.

Ислоҳоти матбуоти маҳаллӣ вақтро мехоҳад ва ҳолати онро  якбора дигар кардан ниҳоят душвор аст. Масалан, агар тираж якбора зиёд карда шавад ҳам, маънои онро надорад, ки рӯзнома аз буҳрон раҳо ёфтааст. Дар ин самт бояд аз масъалаи «бетарафӣ ва бетаваҷҷуҳии хонандагон нисбати матбуоти маҳаллӣ» [5, с.43] низ ёдрас гардид. Яъне таваҷҷуҳ ва талабот ба таври ҳамеша дар баланд гаштани сифату миқдор таъсир дорад. Дар ин самт имрӯз мӯҳтаво, махсусан, маводу маҳсули ахбории таваҷҷуҳсоз нақши аслиро иҷро карда метавонад. Синну соли калони муҳаррирон нуқси аслӣ нест, зеро онҳо донишҳову таҷрибаҳои муайянро соҳибанд. Аммо онҳо чун тарбиядидагони сохту идеологияи шӯравӣ наметавонанд, ки худро ба ҷараёни нави иттилоотӣ мутобиқ намоянд. Набудани кадрҳои ҷавони ихтисосманд ва ҳамзамон корчаллон рӯзномаи маҳаллиро дар бозмондагӣ қарор додааст. Бо чор, ё ҳашт саҳифаи қоғази пастсифати аз даврони шӯравӣ боқимонда наметавон, ки онро дар рақобатҳо тобовар гардонид. Ба ин мазмундар рақобатҳо фаъол будан, ё набудани матбуоти маҳаллӣ ба чунин масъалаҳо робита дошта метавонад:

  1. Мавҷудияти ҳамагуна василаи ахбор дар шароити кунунӣ робитаи амиқ ба соҳибият ба сармояи мустақил дорад, ки ағлаб онро матбуоти маҳаллӣ молик нест;
  2. Ҷараёни ҷаҳонишавӣ чунин шароитеро ба миён овардааст, ки фазову муҳити иттилоотии маҳалҳо ташаккул ёфта истодаанд, ки ин як навъ имкон дар бақои матбуоти маҳаллӣ буда метавонад;
  3. Баланд гаштани касбият ва маҳорати эҷодӣ дар роҳи дарки табъу завқи аудитория ҷузъи комили раҳо ёфтан аз надоштани хонанда ба ҳисоб меравад, ки феълан онро матбуоти маҳаллӣ молик нест;
  4. Таъминоти молиявӣ ва техникӣ аз ҷониби муаассисоне, ки қонуниятҳои бозори иттилоотиро дарк менамоянд, шарти асосии дар рақобат тобовар будани матбуоти маҳаллӣ ба ҳисоб меравад;
  5. Қонунияти ҳамчун як воситаи итеҳсолоти сармоядорӣ будани васоити ахбори омма дар самтҳои алоҳида нишон медиҳад, ки ҳанӯз дар фазову муҳити иттилоотии мо ин ҷараён суръат надорад.

Адабиёт:

  1. Гуревич, С. М. Газета: Вчера, сегодня, завтра: Учебное пособие для вузов./ С.М.Гуревич. – М.: Аспект Пресс, 2004. – 228 с.
  2. Ворошилов В.В. Журналистика. Базовый курс: Учебник./ В.Ворошилов.  – СПб.: Изд-во Михайлова В.А. 2004. –700 с.
  3. Журналистикаи байналхалқӣ-9: маҷмӯаи мақолаҳо. – Душанбе, 2009. – 180 с.
  4. Михайлов С.А. Современнаяи зарубежная журналистика: Учебник./ С.А.Михайлов. – СПб. : Изд-во Михайлова В.А., 2005. – 320 с.
  5. Муродов М.Б. Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ./ М.Муродов. –Душанбе: Аржанг, 2017. – 224 с.
  6. Нуралиев, А. Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ. А.Нуралиев.  – Душанбе, 2001. – 224 с.
  7. Полетаев Э. Рӯзноманигории байналхалқӣ: роҳнамо барои муаллифон аз Осиёи Марказӣ. / Э.Полетаев. –Душанбе, 2005 . – 280 с.
  8. Редакционная политика районной прессы: на примере газет Новосибирской области: Автореф. дис… канд. филол.наук / Кислая Л. Н. – Екатеринбург, 2008.
  9. Типология периодической печати.(Под редакцией доктора филогических наук, профессора М.В.Шкондина, кандидата филогических наук, доцента Л.Л.Реснянской): Учеб. пособие./ М.Е.Аникина, В.В. Баранов и др. – М.: АСПЕКТ ПРЕСС, 2009. – 236 с.
  10. Усмонов И.К. Назарияи публитсистика./ И. Усмонов. –Душанбе, 1999 . – 99 с.
  11. Фомичева, И. Д. Журналистика и аудитория: теоритические проблемы и опыт изучения городские СМИ и пропаганды./ И.Д.Фомичева. – М.: Изд-во Московского университета, 1976. – 158 с.
  12. Херман Майн. Средства массовой информации в Федеративной Республики Германии (перевод М. Бальё, Т. Манеевич)./ М.Херман. – М.: 1996 . – 158 с.

Қутбиддинов А.Ҳ., д.и.ф., профессори

факултети журналистикаи ДМТ