ВАСФИ МОДАР

0
462

Модари худи шумо на танҳо модари беҳтарин, балки муҳимтарин шахс дар ҳаёти шумост. Ҳамеша гуфтаҳои зебое барои модарон, иқтибосҳо дар бораи ишқи модар, суханҳо барои меҳри онҳо, ки шуморо ба гиря меорад ва махсусан, суханҳое барои модар мегӯянду ба ӯ муҳаббати бепоён баён мекунанд ва ӯро эҳтиром менамоянд.

Муҳаббати модар нисбат ба фарзандон на танҳо беканор, балки як чизи хеле арзишманд, беназир ва махсус аст. Модар муҳимтарин шахс дар ҳаёти кӯдакон аст ва дар моҳҳо ва солҳои аввал ҳамеша нигаҳбони у мебошад.

Модари азиз, барои он ки фарзандаш як инсони қаноатманд ва хушбахт гардад, аксар вақт аз баҳри ҳамаи лаҳзаҳои гуворои зиндагии худаш мегузарад. Модар интизор барои ин ҳама шукргузорӣ нест – мақолҳое ҳастанд, ки модар бо хондани онҳо гиря мекунад ва ё иқтибосҳое ҳастанд, ки ӯро табассум мекунонанд, аммо ин камтарин чизест, ки кӯдак метавонад ба модар диҳад.

Аммо модари азиз баробари табассум кардан ё як сухани нек гуфтани фарзанд мушкилие, ки кашидааст, ҳамчунин ташвишҳои беохирро фаромӯш мекунад.Мо набояд тааҷҷуб кунем, ки ин қадар файласуфон ва нависандагони заковатманд ин робитаи хосро бо сухан баён кардаанд. Муносибати модару фарзанд ва чаро беҳамто будани модар низ дар ҳикматҳои зиёд, шеърҳои бешумор ва зебоӣ баён шудааст. Изҳороте, ки дар Интернет дар саросари ҷаҳон бо ҳама забонҳо паҳн мешаванд мутаассифона,  суханони ғамангезе вуҷуд доранд, ки шуморо гиря мекунонад, зеро аз даст додани ғамхортарин шахс  барои ҳар як кӯдак, новобаста ба он ки шумо чандсолаед, зарбаи сахт аст.

Туйғунзода Фатҳиддин,

донишҷӯи соли сеюм