Имрӯз дар донишгоҳи миллӣ бо ибтикори раёсати ДМТ ва садорати факултети ҳуқуқшиносӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Муқовимат бо коррупсия: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.
Конфронсро бу сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ профессор Эмомалӣ Насриддинзода оғоз бахшида, татбиқи амалии барномаву стратегияҳоро дар ин самт яке аз омилҳои муваффақияту пешрафти давлати демократии мо номиданд.
________________
ЧАНД ҶУЗЪИЁТИ ФИШУРДА АЗ
ҚИСМАТИ ПЛЕНАРИИ КОНФЕРЕНСИЯ :
НАСРИДДИНЗОДА ЭМОМАЛӢ САЙФИДДИН – ректори ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор:
– Аз аввалин рӯзҳои ба кор шурӯъ кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои коррупсия дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи он қарор дорад.
– Дар ин роҳ таъсиси Агентии назорати молиявӣ ва муқовимат бо коррупсия қадами ҷиддӣ аз ҷониби ҲҶТ дар соли 2007 буд.
– Конфронси мо дар ҳошияи Рӯзи мубориза бо Коррупсия сурат мегирад, ки бесабаб нест.
– Тарғиб кардани масъалаҳои зиддикоррупсионӣ дар ҳар як идораву муассиса муҳим аст.
– Мо омӯзгорон вазифадор ҳастем, ки аз лиҳози маънавиёти ҳуқуқӣ маърифати ҷомеаро доир ба ин масъала баланд бардорем.
САФАРЗОДА АНВАР – сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– Муқовимат бо коррупсия масъалаи муаммобарангез барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонист.
– Ҳар як давлат бо таври худ бо ин зуҳурот мубориза мебарад.
– Тоҷикистон ҳама санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмиллалиро дар самти мубориза бо коррупсия эътироф менамояд.
– Тоҷикистон ин масъаларо ҳамчун падидаи номатлуб эътироф кардааст ва бо он мубориза мебарад.
– Ба куллӣ решакан кардани ин зуҳурот вазифаи тамоми аҳли ҷомеа мебошад.
РАСУЛӢ БАРОТАЛӢ – муовини якуми Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– Миннатдории худро ба раёсати донишгоҳ барои баргузории чунин ҳамоиши муҳим мерасонем.
– Давлате дар ҷаҳон вуҷуд надорад, ки аз таъсири ин зуҳурот эмин бошад.
– Пешгирӣ кардани ин амалҳои номатлуб роҳи муҳими мубориза аст.
– 9 роҳ муайян шудааст ва таълиму тарбияву мафкурасозии зидди коррупсия аз беҳтарин роҳҳои мубориза мебошад.
– Решакан кардани коррупсия як омили пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҳар як давлат мебошад.
– Гузаронидани Мониторинги зиддикоррупсионӣ як усули возеҳи мубориза алайҳи ин падида ба шумор меравад.
– Татбиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ин раванд, баъзе усулҳои муқовиматро мушаххас менамояд.
– Падидаи манфур, беморӣ ва номатлуб ном гирифтани он шинохти умумии масъала мебошад, ки дар худ ҳақиқатеро ҳам нигоҳ медорад.
– Агар сарчашмаи пайдо шудани ин зуҳурот маълуму мушаххас нагардад, мубориза ва роҳҳои дигари муқовимат душвор мешаванд.
ШАРИПОВ ТАҚДИРШОҲ – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Мавзуъ: “Муқовимат бо коррупсия: мушкилот ва мулоҳиза:
– Мавзӯъ ва мафҳуми Коррупсия дар охири асри гузашта”.
– “Корупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад” гуфтани Роҳбари давлат муҳимтар тафсири ин мафҳум аст.
– Коррупсия мисоли зангори оҳан аст, ки бо гузашти вақт таъсири манфии худро ба давлат мерасонад.
– Муқовимат бо корупсия беҳтар аз таъқиб ва дигар усулҳо мебошад.
– Коррупсия дар ҷомеа барои рушди ҷинояткории муташаккил ва иқтисоди сояафкан шароити мусоиди фароҳам меорад
– Коррупсия фазои маънавию ахлоқии ҷомеаро коста мегардонад.
– Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ба Конвенсияи СММ зидди коррупсия имзо гузоштааст.
ТУРСУНЗОДА ШОДКОМ ХУДОЙМУРОД – Сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, подполковники адлия.
Мавзуъ: “Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи муқовимат ба коррупсия»”
– Бисёр хуб аст, ки дар конфронси имрӯза муҳимтарин рукнҳо ва ҷузъҳои ин падидаи номатлуб баррасӣ мегардад.
– Рӯзи 9-декабр Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи коррупсия мебошад ва дар ҳошияи он сурат гирифтани ин ҳамоиш иқдоми хуб аст.
– Иродаи олии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин самт қонунҳои махсус қабул гардидаанд.
– Дар 7 боб ва 36 моддаи ин Қонун ҳама уфуқҳои ҳуқуқӣ мушаххас мебошанд.
– Коррупсия кирдори шахси масъули тамаъҷӯӣ аст, ки бо роҳи ғайриқонунӣ соҳиби манфиат мешавад.
– Муқовимат бо корупсия пешгирӣ кардан ва ошкор кардани ҷиноят мебошад.
– Шахси дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, ки берун аз ӯҳдадориҳо амал менамояд, субъекти содиркунандаи ҷиноят ба шумор меравад.
– Вазифаи давлатиро ба манбаи манфиати шахсӣ табдил додан омили коррупсионӣ мебошад.
– Манфиати шахсӣ ва баъзе бархӯрдҳои дигари манфиатҳо манфиати давлатиро зери суол мебаранд.
– Таълиму тарбия ва ташвиқу тарғиби дар руҳияи зиддифасод яке аз усулҳои муҳиму натиҷабахш мебошад.
БОБОЗОДА ҶАМРОД – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.
Мавзуъ: Истифодаи чораҳои муассир дар самти муқовимат ба коррупсия
– Коррупсия омилҳои номатлуби зиёдро барои ҷома ба вуҷуд меоварад.
– Аз байн бурдани омили инсонӣ дар ҳалли масъалаҳо як ҷузъи аслӣ дар шаклгирии коррупсия мебошад.
– Ҷустуҷӯ барои роҳҳои раҳоӣ ёфтан аз ҷавобгарӣ як омили сар задани амалҳои коррупсионӣ мебошад.
– Касбияти кормандони соҳа дар ҳалли масъалаҳо хеле мусоидат карда метавонад.
– Дар шакли онлайн ба роҳ гузоштани муроҷиати шаҳрвандон як омили камтар гардонидани амалҳои коррупсионӣ мебошад.
– Шакли пардохти ғайринақдӣ як воситаи кам кардани зуҳуроти коррупсионӣ ба ҳисоб меравад.
– Ба таъсири равонӣ метавон дар ҷомеа шиддати коррупсияро кам кард.
– Воситаҳои итттилоотӣ ва таълимӣ дар ин самт ногузир таъсири амиқ мерасонад.
– Инъикоси ҳолатҳои коррупсионӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбор шиддати равандро кам менамояд.
Аз натиҷаи конфронс Қатънома қабул гардид, ки онро ректори донишгоҳ профессор Эмомалӣ Насриддинзода барои ҳозирин кӯтоҳ шарҳ доданд.
Он дар чунин қолабу мазмун аст:
Тавсияҳои ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Муқовимат бо коррупсия: мушкилот ва дурнамо». 2 декабри соли 2024
1. Эълон шудани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Пешвои муаззами миллат тақозо менамояд, ки аз ҷониби сохторҳои дахлдори Раёсати донишгоҳ масъалаи вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати боло бурдани донишҳои ҳуқуқӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионии устодону кормандон ва донишҷуёни донишгоҳ ба таври мунтазам вусъат дода шуда онҳо дар рӯҳияи муносибати оштинопазир ба кирдорҳои коррупсионӣ тарбия карда шаванд.
2. Садорати факултетҳо ва дигар сохторҳои таркибии донишгоҳ вазифадор карда шаванд, ки дар давоми як ҳафта чорабиниҳои омӯзиширо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа, аз ҷумла, «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» аз соли 2003, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро бо ҷалби васеи ҷомеаи меҳнатии устодон, кормандон ва донишҷуён ба роҳ монда, аз натиҷаи он ба Раёсати Донишгоҳ гузориши хаттӣ манзур намоянд.
3. Дар раванди бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зиддикорупсионии шаҳрвандон дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо маърӯзаҳо баромад намуда, ҳамзамон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуоти даврӣ мақолаҳои илмию оммавӣ чоп намоянд.
4. Сохторҳои дахлдори Донишгоҳ вазифадор карда мешаванд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷонибаро бо Агентии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати мунтазам ташкил ва ба роҳ мондани вохӯриҳои судманд бо ҷалби кормандони Агентӣ дар факултетҳои Донишгоҳ чораҳои дахлдор андешанд.
Конфронс бо ҷанбаҳои гуногуни худ аз паҳлуҳои омӯзандаи зиёд иборат буда, дар баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат карда метавонад.
_____________
Дар анҷом ба ғолибони озмун бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ роҳандозӣ гардида буд, мукофоту ҷоизаҳо супорида шуданд.
Декани факултети журналистика, профессор Қутбиддинов А.Ҳ.