НА ҶОН ГУФТАМ, НА ТАН ГУФТАМ. ВАТАН ГУФТАМ! (Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ)

0
140

«Тамоми афроди ҷомеа – аз хурд то бузург бояд ба қадри аҳаммияти ҳаётии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расанд ва ин неъмати бебаҳоро баробари дастоварди бузургтарини таърихи навини кишвари азизамон, яъне истиқлолу озодӣ чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоянд».

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳанӯз 23 сол қабл – 26 июни соли 2000 зимни ироаи нахустин паёми табрикӣ ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд: “Имрӯз мехоҳам як хақиқати воқеиро, ки қаблан ҳам гуфта будам, бори дигар таъкид намоям. Ҳақиқат ин аст: омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дӯстнавозии азалии ин мардум вобаста аст”.

Набояд фаромӯш кунем, ки сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ хизмати бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон ва Пешвои миллат аст. Дар марҳилаи муосир, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ созандагиву ободкориро ҳадафи худ қарор додааст, мо тамоми дастовардҳоямонро бо мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста медонем, зеро роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан суботу оромӣ мебошад. Сулҳу суботи ҷомеа мисоли гавҳараки чашм неъмати азиз аст. Ҷашни ваҳдати миллӣ як тантанаи оддӣ ва лофи баланди ватандорӣ нест. Ин ҷашни кор ва фаъолияти шоиста аст, ки тавассути талоши ибратомӯзи худ манфиатҳои миллат ва давлатро дар арсаи байналхалқӣ ва муборизаҳои иттилоотӣ ҳимоя карда тавонем.

Роҳи тайкардаи мардуми тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат ҳамвору бемониа набуд. Даҳҳою садҳо нохалафону кӯрдилон намехостанд ва имрӯз ҳам намехоҳанд, ки Тоҷикистон баланд садо диҳад. Роҳбари давлат тӯли солҳои Истиқлол ҷон дар каф сӯйи қуллаи мурод – таъмини осоиш ва сулҳу салоҳи саросар қадам мезананд.

Дар замони Истиқлол Тоҷикистон ба як мамлакати ободу амн ва пешрафта табдил ёфт. Доир шудани ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳамоишу конфронсҳои минтақавӣ дар мамлакати мо ба ҳукми анъана даромада, кафили сатҳи шоиста ҳастанд.

Албатта, бояд холисона иқрор шавем – ҳанӯз камбудиҳои зиёд мавҷуданд, ки ҳалли зудтари онҳо ба манфиати ҳамаи қишрҳои ҷомеа аст, аммо мо хуб дарк мекунем – рафъи ин масоил кори як рӯзу як сол набуда, заҳмати ҳамешагии на танҳо як шахсият, балки ҷомеаро тақозо мекунад. Мушкиле нест, ки осон нашавад. Технологияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ, на танҳо усулҳои дарҷ ва пахши иттилоотро тағйир дод, балки вазифа, қонуният, тип, фарогирӣ ва принсипҳои журналистикаро дигаргун сохт. Равишу қолабҳои анъанавӣ, ки дар чорчӯбаи муайян дарк карда мешуданд, ба қолабҳои наву тағйирёбанда мувофиқ мешаванд.

Дар ин робита, арзёбии дурусти ҳодисаҳои сиёсию амниятии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон ва таъсири он ба авзои сиёсию мафкуравии кишвар, ояндабинии илмии воқеоти сиёсию иҷтимоӣ, мушаххас намудани роҳҳо ва воситаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди гуруҳҳои мухолиф, ифротгароии динӣ ва хурофотпарастӣ дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирӣ аз ҳуҷумҳои сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳанги бегона дар сатҳи расонаҳо, пешниҳоди назари алтернативӣ дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотӣ аз ҳисоби ғолибони афкор ва тарбия намудани ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус ва дорои дидгоҳи миллӣ тариқи барномаҳои расонаию иттилоотӣ ҳадафи умдаи на танҳо Ҳукумати мамлакат, балки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.

Дар шароити муосири мураккаби авзои геополитикии ҷаҳон ва махсусан минтақа барои таҳкими истиқлоли давлатӣ эътибори ҷиддӣ додан ба масъалаҳои тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва фазои устувори сиёсӣ дар мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таъмини рушди устувори иқтисод, истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул хеле муҳим арзёбӣ мегарданд.

Ташкили давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо назардошти суннату анъанаҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву иҷтимоӣ роҳест, ки онро мардуми тоҷик баъди чашидани меваи талхи ҷанги шаҳрвандӣ интихоб намудааст ва мо бо ҳамин роҳ устуворона пеш меравем.

Сулҳ аз ҷумлаи арзишҳои бебаҳоест, ки башарият дар тӯли таърихи дурударози худ эҷод кардааст ва ҷавҳари онро заковати мардуме ташкил мекунад, ки соҳиби хирад ва фарҳанги қадимаву инсондӯстона аст.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҳақиқат, омӯзанда аст. Муваффақияти бузургтарини мо ҳам ин аст, ки ваҳдати миллӣ ва якпорчагии қаламрави Тоҷикистонро ҳифз карда тавонистем. Ба қавли шоир Рустам Ваҳҳоб,

На сар гуфтам, на по гуфтам, на ҷон гуфтам, на тан гуфтам,

Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.

Пешвои мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон бар хилофи ҳамаи нотавонбинҳои дохилию хориҷӣ, ки ба ояндаи давлати мо хушбин набуданду нестанд, ҷасурона зимоми давлатдориро дар даст дошта, моро ба ояндаи дурахшон мебаранд. Нахустин сухане, ки Пешвои муаззами миллат аз минбари баланди Иҷлосияи таърихӣ XVI Шурои Олӣ гуфтанд, «ман ба Шумо сулҳ меорам» буд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.

Рӯзи ваҳдат дар байни ҷашнҳои миллии мо мақоми хоса дорад, зеро мо ба ин рӯзи пурсаодат бар ивази ҳазорон ҷони қурбоншуда, заҳмату машаққат ва сабру таҳаммули зиёд расидаем. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ба имзо расидани ин санади воқеан тақдирсоз яке аз саҳифаҳои муҳимтарини таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватан!

ҲАМИДИЁН И. И.,

номзади илми филология,

дотсенти факултаи журналистикаи ДМТ