
6.Омилҳои касбӣ (Таҳсилоти журналистӣ) дар рушди рӯзноманигорӣ
Дигар аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии меҳан ташаккули таҳсилоти рӯзноманигорӣ ё худ ба миён омадани мактабҳои омӯзиши рӯзноманигорӣ мебошад, ки инро низ метавон аз омили таъсиррасон дар рушди воситаҳои ахбори оммаи кишвар маҳсуб донист. Дар замони шуравӣ дар Тоҷикистон омодагии касбии рӯзноманигорон, асосан дар заминаи факултети филологияи тоҷики УДТ (ҳоло ДМТ), аслан дар равияи филологӣ сурат мегирифт. Соли 1966 дар ин факултет шуъбаи рӯзноманигорӣ таъсис ёфт, аммо он ҳам бо сабаби дар феҳристи ихтисосҳои барои Тоҷикистон иҷозатдодаи Вазорати маълумоти олии ИҶШС мавҷуд набуданаш, соли 1971 баста шуд. Яъне, аз “боло” барои Тоҷикистон будани ихтисоси рӯзноманигориро зарур нашуморида, ин бахши навтаъсис ва ҳамзамон хеле муҳимро баста буданд. Баъдан соли 1987 бо ташаббуси як қатор омӯзгорони ихтисоси журналистика ин бахш барқарор карда гардид.
Соли 1992, бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар дар заминаи шуъбаи журналистика ва гурӯҳи ихтисоси тарҷумонии факултети филологияи тоҷик факултети журналистика ва тарҷумонӣ таъсис ёфт ва соли 2007 бо пешниҳоди Вазорати маориф журналистика ном гирифт. Агар соли таъсисёбӣ дар факултет ҳамагӣ 2 кафедра амал мекард, ҳоло бошад дар факултет 5 кафедра амал мекунад, ки аз рӯи 6 ихитисоси муҳим барои ҷомеаи мо мутахассисонро омода мекунад.
Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон танҳо як маркази омодагии касбии рӯзноманигорон амал мекард, имрӯз тарбияи касбии рӯзноманигорони оянда дар ду факултет: факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аз рӯйи 6 ихтисос: журналистика, журналистикаи байналхалқӣ, умури нашриёт, иттилоот ва робита, журналист: тарҷумон ва WEB-рӯзноманигорӣ), факултети журналистикаи телевизион ва радиои “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ду кафедра, аз рӯи 6 ихтисос (Журналисти телевизион ва радио; WEB – журналистика; PR – робита бо ҷомеа; Режиссёри телевизион; Телеоператори кино; рӯзноманигор-омӯзгор) ва 8 шуъбаву кафедраҳои донишгоҳи дигари кишварамон: Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон (журналистика ва журналистикаи байналхалқӣ), Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (журналистика, журналист-тарҷумон), Донишгоҳи давлатии Хоруѓ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода ҷараён мегирад. Тули чанд сол дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ва Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг ба номи Буйдоқов П.Ҷ. низ кадрҳои рӯзноманигорӣ омода карда мешуданд. Албатта, ҳар яки ин факултет ва шуъбаву кафедраҳо барои ВАО кадр тайёр мекунанд ва дар доираи имконияти моддӣ – техникӣ ва илмӣ – методии худ кадрҳои мусаллат бо донишҳои муосир, фарҳангу ахлоқи миллӣ, ҳисси масъулияти миллию ватандорӣ ва ҷаҳонбинии сиёсию байналмилалиро ба ҷомеа эҳдо менамоянд.
Дар сифатнок ва замонавӣ гардидани таҳсилоти журналистӣ, дар баробари ин муассисаҳои маорифи кишвар, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ низ саҳм гузоштаву мегузоранд. Аз ҷумла, соли 2006 Барномаи «Воситаҳои ахбори омма»-и Шуъбаи Тоҷикистонии Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди Мадад дар ҳамдастӣ бо факултети журналистикаи ДМТ ва чор шуъбаи журналистикаи мактабҳои олии Тоҷикистон нахустин мактабҳои тобистонаро боз намуд. Чунончи муҳаққиқи С. Гулов навиштаст: “Дар 20 соли охир (то соли 2013, М.М.) тақрибан соле 10-12 семинару курсҳои омӯзиши доир ба мавзуъ ва самтҳои мушаххас барои журналистони ВАО аз тарафи созмонҳои журналистӣ ва байналхалқии муқими Тоҷикистон баргузор гардидааст. Дар ин самт созмонҳое мисли Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Шурои ВАО, Хома, Мактаби мустақили Тоҷикистон – асри XXI, Маркази таҳқиқоти журналистӣ, Интернюс, намояндагони Институти ҷанг ва сулҳи Британияи Кабир ва ғайра хеле фаъол будаанд” [Гулов С. Истиқлолият ва журналистикаи тоыик (маымуаи мацолащои илмӣ).– Душанбе: Маориф. 2025. – С.57-58].
Мактабҳои тобистона барои ҷорӣ намудани ислоҳот дар соҳаи тадриси журналистика як навъ таконе шуданд. Дар заминаи онҳо дар кафедраҳои тахассусии факултет ва шуъбаҳои журналистикаи донишгоҳҳо таҳияи барномаҳои нав ба роҳ монда шуд. Баъдтар Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои “Рӯзномианигорӣ”, “Рӯзноманигории байналмилалӣ”, “Рӯзноманигор-тарҷумон”, “Иттилоот ва робита”-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва аз ҷониби Мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Стандартҳои нав талаб менамояд, ки устоди факултет ва шуъбаҳои журналистикаи мактабҳои олӣ дар баробари донишҳои хубӣ назарӣ пайваста бо ВАО ҳамкорӣ намуда, аз ҳаёти журналистикаи амалӣ ҳамеша бохабар бошад, маҳорати нигорандагиашро сайқал диҳад ва самараашро бо донишҷӯён якҷо бинад.
Соли 2015 дар заминаи Маркази санъатҳои аудиовизуалии телевизион, радио ва кинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи ВАО таъсис дода шуд, ки барои такмили донишу маҳорат ва бозомӯзии журналистону кормандони воситаҳои ахбори омма ихтисос дода шудааст.
Бо қарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декабри соли 2012, №686 “Барномаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси воситаҳои ахбори омма барои солҳои 2013-207” қабулгардид.
Ин ва дигар авомил, аз як тараф, дар замонавӣ ва рангоранг гардидани ҷараёни омодагии касбии рӯзноманигорон, ҳамбастагии назария ва амалия, аз сӯйи дигар, дар таъмини воситаҳои ахбори омма бо рӯзноманигорони касбӣ ва ба ин минвол рушди ВАО, хосса матбуоти даврӣ таъсири мусбат гузошт.
Мавриди зикр аст, ки пешрафти таҳсилоти журналистӣ, аз ҳар ҷиҳат ба савияи илмии омузгорони макотиби олӣ ва кормандони эҷодии ВАО вобаста аст. Дар замони шуравӣ илм дар бораи рӯзноманигорӣ шакл нагирифта буд, зеро дар кишвар на мактаби омузиши журналистӣ буд ва на шурои диссертатсионӣ вуҷуд надошт. Муҳаққиқони ин соҳа, ба истиснои 4-5 нафар, ки дар Маскав дар соҳаи журналистика унвон гирифтаанд, аксар дар соҳаҳои илмҳои филология ва таърих рисолаҳои илмии худро дифоъ мекарданд.
Соли 2004 Шурои диссертатсионии Д737.004.03-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимояи рисолаҳои номзадиву докториро аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 – Журналистика оғоз кард. Ин шуро соли 2006 ба фаъолият шуруъ намуд. Соли 2011 дар Шурои диссертатсионии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон низ ихтисоси журналистика ифтитоҳ гардид.
Соли 2017 Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иҷозат дод, ки бо ихтисоси 6D050400 -Рӯзноманигорӣ низ ҳимояи рисолаҳои илмӣ ба роҳ монда шуд. Гузашта аз ин 2-юми марти соли 2026 бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шурои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисосҳои 6D050400-Рӯзноманигорӣ (6D050401-Рӯзноманигорӣ), 6D051600-Рӯзноманигории байналмилалӣ (6D051601-Рӯзноманигории байналмилалӣ), инчуин барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯйи ихтисоси 6.2.22. Рӯзноманигорӣ ва 6.2.23 Рӯзноманигории байналмилалӣ иҷозат дода шуд. Яъне, бо шарофати озодию истиқлоли кишварамон соҳаи матбуот ва илми рӯзноманигории тоҷик такомул пайдо карда, барои муҳаққиқони соҳа имкони фаррох дар самти пажуҳишоти илмӣ фароҳам гардид.
Мурод МУРОДӢ,
профессори ДМТ


