
Одатан, матбуот дар марҳалаҳое рушд меёбад, ки ин ё он ѓояи пешқадаму созанда ба вуҷуд омада, зарурати тарѓиби он пайдо шавад. Дар кишвари мо дар охири соли 1980 то соли 1992 чунин ѓоя худшиносии миллӣ ва расидан ба истиқлоли фикрию давлатӣ буд, ки бо шарофати он матбуоти даврии тоҷик дар дараҷаи баланди рушд қарор дошт. Аммо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо сабаби вазъи ногувори кишвар чунин ѓоя аз байн рафт ва талабот ба рӯзнома ва рӯзномахонӣ нисбатан камтар гардид. Ба истиснои нашрияҳои расмии «Садои мардум» ва баъдан «Ҷумҳурият» нашрияи дигаре ба табъ намерасид. Фазои матбуоти даврии тоҷик гӯё хомуш шуд. Ин хомушӣ наздик ба се сол тул кашид. Баъдтар бо муътадил шудани вазъи сиёсии кишвар ва маҷрои худро пайдо кардани раванди зиндагӣ, тадриҷан нашрияҳои хусусӣ рӯйи чоп омаданд. Ҳамчунин ташаккули низоми ҳизбӣ ва сектори хусусӣ ба таъсиси нашрияҳои типи нав замина гузошт.
Вазъи бозори иттилоотӣ, сатҳи маърифат ва ҳолати қабули аудитория тақозо менамуд, ки нашрияҳои даврӣ, аз як тараф, манбаи даромади аҳли редаксияҳо гарданд, аз тарафи дигар, таваҷҷуҳи хонандаро ҷалб карда тавонанд. Ба ин манзур, хусусан баъзе нашрияҳои хусусӣ ба чопи қиссаҳои дурӯѓин, бозчопи маводи рӯзномаҳои бегона, аксҳои урён, матолиби таърифиву тавсифкунанда ва баррасии масоили хонаводагии ҳунармандону шахсиятҳои машҳури дохил ва хориҷи кишвар пардохтанд. Ин ҳолат, албатта муштариёни фаъоли матбуотро ба ташвиш овард, аммо ин раванд ногузир буд, зеро фазои матбуот мебоист ба бозори рӯз мувофиқ мешуд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Чи хеле ки дар бозорҳо молҳои босифат ва камсифат пур аст, дар нашрияҳои даврӣ низ матолиби пурарзиш ва камарзиш кам нест. Ин ба талаботи бозор, завқу раѓбати аудитория вобаста аст. Аммо таъкиди ин нукта муҳим аст, ки нашрияҳои хусусӣ, ба вежа «Чархи гардун», «Оила» дар солҳои нобасомониҳои кишвар мардуми аз рӯзнома дуршуда, хоса дӯкондорону бозорнишинонро ба рӯзномахонӣ ҷалб кард тавонистанд. Агар шумораҳои солҳои аввали ин нашрияҳоро сол ба сол муқоиса кунем, мутмаин мешавем, ки онҳо оҳиста-оҳиста тавонистанд бо усули гузариш аз сода ба мураккаб хонандагони худро ба масъалаҳои маънавию фарҳангии арзишманд мувоҷеҳ намоянд. Агар ин нашрияҳо ба завқи хонандагони омӣ – майдатоҷирону хонашинҳо мувофиқ бошад, нашрияҳои дигари мустақил чун «Фараж», «Нигоҳ», «Озодагон», «Миллат» ва ѓайра ба сатҳи коршиносону зиёиён матолиб интишор менамуданд. Пурсиши сотсиологие, ки Маркази таҳқиқотии Зеркало «соли 2003 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Курѓонтеппа, Кӯлоб, (535 нафар) гузаронидааст», собит менамояд, ки се нашрия: «Оила» (27,5%), «Чархи гардун» (18,9%) ва «Авецина» (8, 6%) дар сегонаи аввал қарор гирифта, аз пурхонандатарин нашрияҳои даврӣ будаанд (Зеркало, 2003, № 6, декабр).
Таҳқиқоти соли 2005 нишон дод, ки 55%-и респондентон ин ё он рӯзнома ва ё маҷалларо ҳамеша мутолиа менамудаанд. Рӯзномаи аз ҳама хонотарин «Оила» будааст. Дар ҷойи дуюм бо 8% нашрияи «Ҷумҳурият» ва сеюм «Муҳаббат ва оила» қарор гирифтанд. Нашрияи «Азия Плюс» дар ҷойи чорум қарор гирифт. Дар тадқиқоти соли 2013 «Азия Плюс» маъруфтарин нашрияи иҷтимоию сиёсӣ шинохта шуд.
Дар таҳқиқоти дигар (соли 2023), ки дар заминаи Лоиҳаи муштараки Вазорати фарҳанг, ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» ва Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» бо мақсади муайян намудани дараҷаи истифодаи аҳолии кишвар аз воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ гузаронида шуд, маълум гардид, ки серхонандатарини рӯзномаи кишвар нашрияи расмии Чумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» будааст. Дар ин тадқиқот нашрияи «Ҷумҳурият» (34 %) ҷойи аввал, «Омӯзгор» (23,8%) ҷойи дуюм ва «Минбари халқ» (22,2%) ҷойи сеюмро ишѓол намуд. Дар ҷойи чорум «Садои мардум» меистад. Дар тадқиқоти мазкур зиёда аз 2000 нафар респондент аз тамоми манотиқи кишвар ширкат варзидаанд.
Ин нишондоди оморӣ, ки ҳосили омӯзишҳои сотсиологӣ аст, нишон медиҳад, ки дар 15 соли охир нашрияи «Ҷумҳурият» тадриҷан мавқеи худро дар фазои иттилоотии кишвар вусъат бахшида, аз ҷойи шашум ба ҷойи аввал баромадааст. Ин маънои онро дорад, ки сол ба сол таваҷчуҳи мардум ба ин нашрия бештар гардидаааст. Яъне, майлу раѓбат ва дараҷаи иҷтимоию сиёсии хонандагон боло рафтааст.
Дигар шудани сохти иҷтимоӣ ва раванди демократикунонии ҷомеа боис гардид, ки дар Тоҷикистон типҳои гуногуни нашрияҳои даврӣ шакл гиранд, усулҳои гуногуни дастрасии нашрияҳо ба вуҷуд оянд. Агар дар солҳои аввал бо иллати суст гардидани хизматрасонии почта дастрасии нашрияҳо ба муштариён, хосса хонандагони манотиқи кишвар мушкилӣ дошт, тадриҷан ин мушкилот роҳи ҳалли худро ёфт, ки дар фосилаи кӯтоҳ нашрияҳои даврӣ ба дурдасттарин манотиқи мамлакат рафта мерасанд. Ҳамчунин, дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои калонтарини минтақаҳои кишвар дуконҳои махсусӣ рӯзномафурӯшӣ амал мекунанд. Ин ва дигар омилҳо ба рушди матбуоти даврӣ бе таъсир буда наметавонанд.
Аммо як нуктаро наметавон нодида гирифт, ки имрӯз ҷавонон ба мутолиаи рӯзнома камтар майл доранд. Таваҷҷуҳи онҳо ба маводи ВАО-и электронӣ, хосса шабакаҳои интернетӣ бештар гаштааст. Ин ҳолатро кормандони нашрияҳои даврӣ дарк карда, дар фазои маҷозӣ сомонаҳои худро ташкил намудаанд. Имрӯз аксарияти нашрияҳои даврӣ дар ду шакл: анъанавӣ ва инноватмионӣ (интернетӣ) интишор мешаванд. Нашрияҳои даврӣ аз имконоти фазои маҷозӣ низ истифода мекунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар кишварамон беш аз 200 сомонаи иттилоотӣ ва беш аз 500 сомонаву вебсайтҳои тарғиботию ташвиқотии тиҷоратӣ амал мекунад. Ҳамзамон, беш аз 10 000 саҳифаҳои хоси вазорату идораҳо ва корхонаву коргоҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастанд, ки ҳам василаи пахш ва ҳам манбаи иттилоъ мебошанд.
Мурод МУРОДӢ,
профессори ДМТ


