
Дар тули 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳаввулоти зиёдеро аз сар гузаронид, марҳилаҳои басо душвори таърихиро тай намуд. Бо вуҷуди ин, дар кишвар, аз як тараф, заминаҳои ҳуқуқии бунёди ҷомеаи навин ба вуҷуд омад, аз сӯйи дигар, барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам шуд. Ин авомил зарурати таѓйиру дигаргуниҳоро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ногузир намуда, ба раванди ташаккул ва рушди онҳо замина гардид. Ба ин маънӣ, тули солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон васоити ахбори омма ва табъу нашр мисли соҳаҳои дигар, аз ҷумла фарҳангу илми кишвар ба дигаргуниҳои сифативу миқдорӣ дучор омад, балки то андозае таъйинот ва хусусияти худро таѓйир ҳам дод.
Ин таѓйирот, пеш аз ҳама дар силсилаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҷассум ёфт. Аз ҷумла, дар моддаи 30-и Конститутсияи Тоҷикистон зикр шудааст, ки «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст…».
Дар заминаи ин моддаи Конститутсия қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма, қонунҳо дар соҳаи матбуоти даврӣ, телевизион ва радио, иттилоот ва воситаҳои пахши иттилоот, табъу нашр ва ҳуқуқи муаллиф қабул гардиданд, ки шароитро барои бавуҷуд омадани матбуоти хусусии гуногунтип ва озоду навгаро фароҳам намуд. Ҷойи тазаккур аст, ки дар масъалаи қонунгузории соҳаи ВАО асосҳои демократӣ пурра риоя шудааст. Аз ҷумла, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» меъёрҳои зерин зикр гардида, ба қонунҳои дигар низ хосанд:
– Моддаи 3.
1. Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд.
2. Ҳар шахс ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва дар шаклҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда паҳн намудани онҳоро дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дорад.
3. Ҳама гуна поймол кардани озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма аз ҷониби шахс, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ҷамъитӣ, аз ҷумла дахолат кардан ба фаъолияти касбии редаксияи воситаи ахбори омма, ѓайриқонунӣ боздоштан ва ё қатъ намудани фаъолияти он тибқи қонунгузорӣ боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд.
4. Сензура ва таъқиб барои танқид манъ аст.
5. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ ба инҳисори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма роҳ дода намешавад [Маҷмуи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма. – Душанбе, 2014. – С.9-10].
Мувофиқи Моддаи 7 «Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд» [с.10].
Дар асоси Конститутсия қонуну санадҳои зиёде қабул шуданд, ки аз як тараф, фаъолияти плюралистии матбуоти давриро таъмин намудаанд, аз ҷониби дигар, барои инкишофи демократия, риояи меъёрҳои умумибашарии озодии баён дар фаъолияти рӯзноманигорӣ ва густариши афкору муносибатҳои демократии қонунмандона замина гузоштанд.
Ҳамин тавр, дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма, пеш аз ҳама, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд, ки пайваста такмил дода мешаванд. Имрӯз фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» аз 6 августи соли 2001, № 40, «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» аз 10 майи соли 2002, № 51, «Дар бораи иттилоот» аз 10 майи соли 2002, № 55 (тағйиру иловаҳо ба он тибқи Қонуни ҶТ аз 03.07.2012, №848), «Дар бораи ҳифзи иттилоот» аз 02 декабри соли 2002, № 71, «Дар бораи реклама» аз 01 августи соли 2003, №34, «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30 июли соли 2007, № 320, «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» аз 18 июни соли 2008, № 411, «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 19 марти соли 2013, № 961, «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» аз 03 августи соли 2018, №1537 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мешаванд.
Дар ин замина Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотонӣ-коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Фармони ПҶТ №1174, аз 05.11.2003), Барномаи давлатии «Рушд ва ҷорикунии технологияҳои иттилоотонӣ-коммуникатсоинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори Ҳукумати ҶТ №468, аз 03.12.2004) ва ғ. низ ба тасвиб расидаанд, ки ҳар кадом вобаста ба самтҳои алоҳидаи иттилоотӣ муносибатҳои ҳуқуқиро муайян ва ба танзим медароранд.
Дар баробари ин Ҳукумати кишвар ҳамеша ба рушди матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаи озод таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои фароҳам овардани шароиту имкони дастрасии иттилооти расмӣ, қавитар намудани ҳамкории шахсони мансабдор бо журналистон ва ба минбари баланди таҷассумгари афкори созанда табдил додани он тадбирҳо андешад. Ба имзо расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил ва баргузар кардани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои ҳар семоҳа» (2005, 4 март, рақами АП-1677) ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилҳои воситаҳои ахбори омма» (2009, 7 феврал, рақами 622) далел ба ин гуфтаҳост.
Ба имзо расидани ин аснод ҳам дар дастрасии иттилооти расмӣ ва ҳам дар бедории ҳисси масъулиятшиносии шахсони мансабдор нисбат ба матолиби ВАО мусоидат кард. Бо шарофати ин амру фармон сухани матбуот то андозае арзиш ва таъсир пайдо кард, робитаи вазоратҳо, ташкилоту муассисаҳо бо идораҳои ВАО нисбатан қавӣ ва мавқеи журналистон нисбатан баландтар гардид.
Ҳар санади меъёрию ҳуқуқие, ки Ҳукумати кишвар дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаи ВАО қабул кард, аз як тараф, барои кори мусоиди расонаҳо, озодии сухан, табъу нашр ва ҳуқуқи истифодаи васоити ахбори омма заминаҳои сиёсиву ҳуқуқиро фароҳам оварданд, аз сӯи дигар, ба таъсиси низоми нави воситаҳои ахбори омма мусоидат карданд.
Илова бар ин бо мақсади беҳбудии вазъи табъу нашр ва матбуот, такомул ва инкишофи минбаъдаи соҳа «Барномаи давлатии рушди саноати полиграфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2002-2006», «Барномаи компютерикунонии муассисаҳои давлатии нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013», «Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуданд, ки низ ба рушди минбаъдаи соҳаи таъсир гузоштанд.
Дар заминаи маҷмуи асноди ҳуқуқӣ, низоми васоити ахбори омма, хусусан матбуоти даврӣ, ки дар замони шуравӣ типи ягонаро ташкил медод, гуногунранг гардид. Аз як тараф, истиқлолияти давлатӣ, аз сӯйи дигар, асноди ҳуқуқиву қонунгузорӣ замина гардиданд, ки низоми матбуоти даврии тоҷик ҳам аз ҷиҳати типи нашрияҳо, таъйиноти онҳо, теъдоди рӯзномаву маҷаллаҳо дигаргун шавад ва рушд ёбад. Барои далел, агар дар соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 139 рӯзномаву маҷалла нашр мегардид, ки танҳо 4 нашрияи он хусусӣ буд, пас дар соли 2011, ки истиқлоли мо нав 20 сола шуда буд, шумораи нашрияҳо дар Ватани мо ба 446 адад расид, ки 270 нашрияи он хусусӣ ва ҷамъиятӣ буд. Ин рақам дар соли 2016 ба 450 нашрия расидааст, ки аз ин теъдод 275 нашрияаш ҷамъиятиву хусусӣ будааст. Вобаста ба буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ ва ташаккул ёфтани шакли нави матбуот – матбуоти электронӣ ё худ журналистикаи маҷозӣ дар солҳои пасин шумораи нашрияҳои даврӣ коҳиш ёфта, дар соли 2023 теъдоди нашрияҳои рӯи чоп ба 302 расидааст, ки 92 нашрия хусусию ҷамъиятӣ мебошанд.
Аз ин иттилоот бармеояд, ки раванди инкишофи матбуоти даврӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар мавҷнок сурат гирифтааст. Ҳамчунин, агар дар солҳои аввали истиқлолият дар кишвар танҳо 1 оҷонсии хабарӣ фаъолият мекард, дар солҳои минбаъда теъдоди он дар шакли зер болову паст шудааст. Масалан, аз соли 2008 то соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 агентии иттилоотӣ амал менамуд, ки танҳо як адади он давлатӣ ва боқӣ хусусӣ буданд. Соли 2023 дар кишвар 5 агентии иттилоттӣ ва соли 2026 бошад 6 агентии хабарӣ фаъолияти тахассусӣ мекунад, ки танҳо яктои он давлатӣ ва боқӣ ѓайриҳукуматӣ мебошанд.
Алабатта, бо рушди технологияи иртиботӣ ва доман паҳн кардани интернет баъзе нашрияҳои даврӣ дар рақобатҳои фазои иттилоотӣ тоб наоварда, фаъолияти худро қатъ ва ё дигар намуданд. Бо таъсири ин ва дигар омилҳо имрӯз дар кишвари мо 384 нашрия ба табъ мерасад, ки 100 адади он мустақил мебошанд. Аз ҷумла, 128 рӯзнома (64 хусусӣ), 156 маҷалла (36 хусусӣ) дастраси аҳолӣ мешавад. Аз ин шумора беш аз 70 маҷалла дар шумули нашрияҳои тақризшавандаи «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, барои тарғиб ва пешрафти илм дар Тоҷикистони соҳибистиқлол хидмат мекунанд.
Пешравиҳо дар васоити электронии ахбори омма бештар ба назар мерасад. Масалан, дар замони шуравӣ дар Тоҷикистон танҳо 1 шабакаи радиоӣ ва 1 шабакаи телевизионӣ мавҷуд буд, ки бо вақти маҳдуд барнома пахш мекарданд. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ҳоло дар кишвар беш аз 90 телевизион, радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ таъсис ёфтааст, ки танҳо 15 телевизион ва 10 радио давлатӣ мебошад ва боқӣ аз тариқи идоракунии тиҷоратӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ амал мекунанд.
Мурод МУРОДӢ,
профессори ДМТ
