ОМИЛҲОИ СИЁСИИ РУШДИ МАТБУОТИ ДАВРӢ

0
12

Бо пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ дар ҷумҳуриҳои ИҶШС талошҳои  давлатдориву ҳукуматсозӣ шуруъ гардид. Тоҷикистон дар қатори ҷумҳуриҳои дигари шуравӣ боистиқлолият ба даст овард. Дар ҷомеа фазои сиёсиву иҷтимоии созанда пайдо шуд,  аммо, мутаассифона, дар ин ҷараён Тоҷикистон ба муноқишаҳои дохилӣ гирифтор, аниқтараш кашида шуд, ки ин фазои солими адабию фарҳангӣ ва иқтисодию сиёсии кишварро ѓуборолуд кард. Қувваҳои мухталиф бо дасисаҳои ҳадафманд миллатро ба фирқаҳо, минтақаҳо ва ҳатто ба маҳалҳо ҷудо намуда, низоъро дар кишвар аланга бахшиданд. Ҳукумати кишвар фалаҷ гардида, сохторҳои идоракунии маҳв шуданд; низоми молиявӣ барҳам хурда, ҷангҳои таҳмилӣ авҷ гирифтанд; мардум аз хонаҳо ва шаҳру навоҳии худ фирорӣ шуда, овораву сарсон гардиданд ва яъсу ноумедӣ миллатро фаро гирифт… Дар ин вазъият матбуоти тоҷик зарбаи мудҳишу ҷуброннопазир хӯрда, аввалин қурбонии ҷанги таҳмилӣ рӯзноманигор, сардабири рӯзномаи “Садои мардум” Муродулло Шерализода (5.05.1992) гардид.

 Ба бахти тоҷикон, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (16-24 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби колхози ба номи Урунхуҷаеви ноҳияи Хуҷанд) ба ташкили ҳукумати нав асоси ҳуқуқӣ гузошта, ҳидоятгари таърих, раҳнамои сулҳу ваҳдати миллӣ ва поягузори бунёди ҷомеаи демократӣ дар кишвари мо гардид. Ин иҷлосия дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии давлатдории навини тоҷикон ҳодисаи муҳимми таърихие маҳсуб меёбад, ки барои истеҳкоми давлатдории муосир ва рушди он заминаи ҳуқуқиву меъёрӣ гузошт. Ин воқеаи таърихӣ ҳамчун падидаи тақдирсоз, на танҳо дар дили сокинони кишвар барои зиндагии осоишта умед бахшид, балки самтҳои асосии фаъолияти ниҳодҳои иҷтимоӣ, ҳукумат ва давлатро муайян кард.

 Ҳукумати навтаъсис, ки фаъолияти худро аз сулҳҷуиву ваҳдатофарӣ оғоз кард, тадриҷан ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар таваҷҷуҳ намуда, барои ба вуҷуд омадани муносибати замонавӣ дар васоити ахбори омма, ташаккули бозори иттилоотӣ имконоту шароит фароҳам овард. Дар заминаи ин иқдомҳо фаъолияти минбаъдаи ВАО, аз ҷумла матбуоти даврӣ муайян шуда, тадриҷан ба маҷро даромад, дуруѓу буҳтонҳое, ки саҳифаҳои нашрияҳоро фаро гирифта буд, оҳиста-оҳиста кам гардид, балки аз байн рафт. ВАО-и кишвар бо мурури замон дастуроти дар ин Иҷлосия қабулгардидаро маслаки асосии кори худ қарор дода, воқеияти замон ва масоили доѓи рӯзро аз мавқеи давлату ҳукумат инъикос менамуд. Оҳиста-оҳиста анъанаи касбии инъикоси муҳимтарин масъалаҳои давлату миллат дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма барқарор гардид. Раванди сулҳоварӣ ба муҳимтарин масъалаи рӯз табдил ёфт, ки матбуоти даврӣ дар инъикос ва таблиѓи он нақши бориз гузоштааст.

Расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 вуқуъ гардид, фазои сиёсии кишварро муътадил сохт ва ба зиндагии мардум, хосса аҳли қалам умеди тоза бахшид. Ба шарофати ин воқеаи таърихӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ корҳо авҷ гирифт, ки соҳаи матбуот ва табъу нашр истисно набуд.

Ҳамин тавр, се омили муҳимми сиёсӣ: Истиқлолияти давлатии Тоҷикисстон (9 сентябри соли 1991), Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии ҶТ (16-24 ноябри соли 1992) ва Созишномаи истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ (27 июни соли 1997) барои ташаккули ҷомеаи демократӣ замина ба вуҷуд овард, ки ба руҳияи демократӣ гирифтани матбуоти даврӣ мусоидат кард. “Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист” [Ҷашни фархундаи матбуоти тоҷик. – Душанбе, 2012.–  с. 4].

Ҳамчунин, дар рушди демократии ҷомеаи муосир воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуоти даврӣ нақши муҳим гузоштаву мегузорад.

Матбуоти даврии тоҷик дар ин марҳала барои густариши афкори сулҳ, ҳамгиромии миллӣ, равобити неки байни миллатҳо, ҷобаҷосозии оворагони ҷанги таҳмилӣ, таъмини зиндагии шоиста барои мардум, бозгашт ба зиндагии осоишта ва ҳамагонӣ кардани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон маводи зиёд ба нашр расонида, барои тафсири муъҷазу фарогири фалсафаи ҳамдигарбахшӣ ва ҳикмати сулҳи пойдор корҳои мондагор анҷом дод. Нашрияҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Адабиёт ва санъат”, “Омӯзгор”, “Ҳақиқати суғд”, “Хатлон” ва ғайра новобаста аз мушкилоти молиявии табъу нашр андешаи сулҳ ва ҳамгироиро дастраси хонандагон намудаанд.

Мурод МУРОДӢ,

профессори ДМТ