Матбуот ҳамчун воситаи классикии ахбори омма, дар тамоми марҳалаҳои инкишофи худ, дар инъикоси воқеиёти иҷтимоии давру замон, ҷалби мардум ба ҳаёти иҷтимоӣ, маърифатнокии ҷомеа, боло бурдани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, шинохти асолати фарҳангӣ ва рисолати инсонӣ мусоидат намуда, дар ташаккули афкори иҷтимоӣ ва вусъати ҳисси зебоипарастӣ нақши муҳим гузоштааст. Тавассути маводи матбуоти даврӣ мо ба моҳияти зиндагии иҷтимоӣ, мушкилоту муаммоҳои ҳаёт амиқтар сарфаҳм рафта, ба пешравиҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву адабӣ ва амсоли ин ошно гардидем; худро ҳамчун фарди саҳим дар ин пешравиҳо шинохта, муносибатамонро ба олам фаҳмидаву арзиш гузоштем. Ҳамчунин, нақш ва таъсири матбуоти даврӣ дар кора гардидани орзуву омоли мардум, сарфаҳм рафтан ба ҳастии маънавии шахс ва халқ басо нишонрас аст.
Матбуоти даврии тоҷик тули беш аз 110 соли мавҷудият се давраи нисбатан мукаммал ва ҳамзамон мураккабро паси сар намуда, дар марҳалаи нав қарор дорад. Давраи аввал – замони падид омадани матбуоти тоҷик то инқилоби октябри соли 1917-ро фаро гирифта, давраи дуюм замони Иттиҳоди Шуравӣ аст. Марҳалаи нав аз нимаи дуюми даҳсолаи 1980-ум шуруъ шуда, пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳукми қонунӣ пайдо кард. Ҷои тазаккур аст, ки дар тамоми давраҳои инкишоф матбуоти даврӣ рисолати азалии худ – огоҳонидани ҷомеа аз воқеаву рӯйдоди навин, шарҳу тавзеҳ ва баррасии масъалаҳои муҳим, тарѓиби анъанаҳои нек, ѓояҳои пешқадам, тарбияи завқи зебоипарастии мардум, ифшои камбудиҳо, мубориза бо амалҳои номатлуб ва амсоли инро холисонаву воҷеъбинона иҷро намудааст. Аммо рисолати матбуоти даврӣ дар замони Истиқлол боз ҳам васеътар ва ҳамзамон ҳассостар гардид. Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навиштаанд: «Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳимму ҷудоинопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ фароҳам месозад». Воқеан, воситаҳои ахбори оммаи кишвар яке аз унсурҳои ҷудонашаванда ва хеле муҳимми давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, ки дар рушду нумуи кишвар ва ҷомеа нақши бориз доранд. Алалхусус, бо вуҷуди инкишофи воситаҳои электронии ахбори омма, ҷомеаи имрӯзаро бидуни матбуоти даврӣ наметавон тасаввур кард, зеро матбуоти даврӣ ё маводи чопӣ дар ташакули афори омма таъсири муқтадиртар дорад.
Матбуоти даврии тоҷик дар ҳар марҳалаи инкишофи худ, бо вуҷуди аносири умумӣ хусусиятҳои хосса доштааст, ки он аломати фарқкунандаи давраи муайянро нишон медиҳад. Матбуоти даврии замони Истиқлол бо руҳияи демократӣ, озодбаёнӣ, гуногунтипӣ, рангорангии шакливу мундариҷавӣ, мавқеъпазирӣ ва амсоли ин фарқ мекунад. Матбуоти даврии замони муосир, чунончи Пешвои миллат навиштаанд: “ба мақсаду мароми халқ ва арзишу манфиатҳои миллӣ наздиктар шуд” [Ҷашни фархундаи матбуоти тоҷик. – Душанбе, 2012.– С.6].
Сатҳи пажуҳиши матбуоти даврӣ
Ҳарчанд матбуоти даврии замони Истиқлол дар маҷмуъ ба доираи илми публитсистикашиносӣ ба таҳқиқи рисолавӣ кашида нашудааст, аммо муҳаққиқон ҷо-ҷо дар мавридҳои гуногун ба ин масъала таваҷҷуҳ намудаанд. Аз ҷумла, муҳаққиқон И. Усмонов ва Д. Давронов дар китоби «Таърихи журналистикаи тоҷик» таҳти сарлавҳаи «ВАО-и Тоҷикистони соҳибистиқлол» баъзе омилҳои ҳуқуқии таъсиси ВАО, хусусият, мундариҷа ва таъйиноти расонаҳои даҳсолаи аввали замони истиқлолро баррасӣ намуда, нашрияҳои навтаъсисро мухтасаран муаррифӣ намудаанд. Ҳамчунин, И. Усмонов дар мақолаи илмии «Вазифаҳои аслии журналистика ва ҷомеа» [Актуальные проблемы журналистики, №2. – Душанбе. – 2007. – С. 15-18] заминаҳои ташаккули журналистикаи навро дар Тоҷикистон баррасӣ намуда, бо назардошти мавқеъ ва мақсад вазифаҳои онро дар марҳилаҳои гуногун: 1991, 1991-1992, 1993-1997, 1997-2000, 2000-2006 муайян кардааст.
Муҳаққиқ А. Саъдуллоев низ дар мақолаҳои худ «Озодии сухан ва матбуот», «Неруи журналистика» [15, С. 39-44], «Комёбӣ ҳаст, нуқс ҳам», «Газета оянда дорад?» [Наҷвои наҷотофарин. – Душанбе, 2008. – С. 5-18; 39-44; 51-58; 59-64] ба ВАО, ба вежа матбуоти замони Истиқлол таваҷҷуҳ намуда, имконият, афзалият ва камбудҳои онро нишон додааст. Ин муаллиф дар заминаи таҷрибаи журналистикаи ҷаҳонӣ ва мушоҳидаву омӯзишҳои худ барои ба талаботи замон мувофиқ шудани фаъолияти расонаҳои хабарӣ пешниҳодҳо ироа медорад, ки барои муҳаққиқин ва кормандони соҳа чун дастур метавонанд истифода шаванд.
Муҳаққиқи дигар Қ. Шарифзода дар чанд нигоштаи худ матбуоти даврии замони Истиқлолро ба риштаи пажуҳиш кашидааст. Аммо дар ин миён мақолаи ӯ «Тенденции развития журналистики в суверенном Таджикистане» [Мушкилоти озодии сухан. – Душанбе, 2009. – С. 53-79] фарқ мекунад. Муаллиф дар ин пажуҳиш ҳарчанд масъалаи журналистикаи муосири тоҷикро меҳвари асосӣ қарор медиҳад, аммо маълумот ва таҳлилҳо асосан дар заминаи матбуоти даврӣ сурат мегирад. Мавсуф давраи нави журналистикаи тоҷикро ба солҳои 1988 -1991 нисбат дода, то соли нашри мақола (2006) шаш давраро нишон медиҳад. Хусусияти ҷолиби ин мақола он аст, ки дар он рӯзномаву маҷаллаҳои давлативу ғайридавлатӣ дар муқоиса бо нишон додани хусусияту таъйинот таҳлилу баррасӣ гардидаанд.
Профессор М.Муродӣ низ, ки яке аз муаллифони ин мақола аст, ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар чанд нигошта худ вежагиҳои матбуоти даврони Истиқлоли меҳанро таҳлилу баррасии илмӣ намудааст, ки «Истиқлол ва матбуот», «Баъзе масъалаҳои журналистика ва ҳаҷви публитсистӣ», «Матбуот ва бунёди ҷомеаи демократӣ» [Баъзе масъалаҳои журналистика ва ҳаҷви публитсистӣ. – Душанбе, 2005.–С. 34-40; С. 41-47], «Назаре ба баъзе проблемаҳои матбуоти муосир» [Аз се шохаи як илм. – Душанбе, 2014. –С. 58-65] «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» [Душанбе: Аржанг, 2017. – 224 с намунаи онҳост.
Ҳамчунин дар пажуҳишҳои С. Гулов [Истиқлолият ва журналистикаи тоҷик (маҷмуаи мақолаҳои илмӣ).– Душанбе: Маориф. 2025. – 168 с.] К. Комилов [Вежагиҳои матбуоти маҳаллӣ дар даврони истиқлол (дар мисоли вилояти Суғд) / мураттиб ва муаллифи пешгуфтору хулоса К. Комилов; муҳаррир М. Муродӣ. – Душанбе: Аржанг, 2018. – 400 с.] Н. Маъмурзода, [Журналистикаи Хатлон: вазъият тамоюл ва дурнамои рушд. – Душанбе: Ирфон, 2015.–205], А. Қутбиддинов [Қутбиддинов, А. Матбуоти маҳаллӣ – ҳамқадами замон / муҳаррир М. Муродов. – Душанбе: Аржанг, 2020. – 192 с.], И. Ҳомидов [Воситаҳои ахбори оммаи корпоративии Тоҷикистон: масъалаҳои пайдоиш, ҳолати имрӯза ва дурнамо. – Душанбе, 2025. – 416 с.], И. Лекаркин [Взгляд на становления “Народной газеты” и этапы ее развития / отв. редактор М. Муродов. – Душанбе, 2014. – 112 с.], С. Ғоибов, Ф. Раҳмонзода ва дигарон доир ба вазъу ҳолати рушди журналистика ва баъзе нашрияҳои даврӣ дар замони истиқлол иттилооти илмӣ пайдо мекунем.
Ҷойи тазакур аст, ки ходимони илмии ПИТФИ дар доираи лоиҳои илмӣ дар мавзуи “Вазъ ва дурнамои матбуоти маҳаллии Тоҷикистон” пажуҳишҳо ба анҷом расонидаанд, ки натиҷаҳои асосии онҳо дар маҷмуаи “Матбуоти маҳаллии Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз” дар ду ҷилд [2020, ҷ.1. – 352 с.; Ҷ.2. –372 с.] интишор гардидааст.
Муаллифони мақолаҳои илмӣ кӯшиш намудаанд, ки бо таҳлилу баррасиҳои муқоисавии нашрияҳои ҷудогона раванди инкишофи матбуоти даврии маҳаллии кишварамонро бо дарназардошти ҷанбаҳои умумиву хосса, афзалияту бартарӣ, имкону иқтидор, мавзуву мундариҷа, истифодаи жанрҳои публитсистӣ ва омилҳои инноватсионӣ муайян намоянд. Дар ин самт ба ҷанбаҳои сохторӣ ва мундариҷавии нашрияҳои даврии алоҳида, дараҷаи қобилият ва маҳорати муаллифон, муҳити эҷодӣ ва фазои иттилоотии минтақаву маҳалҳо низ эътибор дода шудааст.
1. Инчунин, кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз бунёди он бинои муҳташам, ки худ як намоди истиқлолияти фарҳангӣ мебошад дар доираи фаъолияти худ махзани матбуоти даврии “Китобхонаи миллӣ”-ро таҳқиқ карда, натиҷаи кори 5-солаи онҳо бо номи “Донишномаи матбуоти даврии тоҷик” [Атозода М.И., Баёнӣ В. Донишномаи матбуоти даврии тоҷик. – Душанбе: ҶДММ “Меҳроҷ-Граф”, 2021. – 488 с.] ба нашр расонида шуд. Ин китоб фарогири маълумоти 542 рӯзномаву маҷаллаи дар Тоҷикистон нашршуда, ба вежа нашрияҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.
Омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки дар замони муосир муваффақияти нашрияҳои маҳаллӣ аз бисёр ҷиҳат ба мазмуну мундариҷаи онҳо вобаста аст. Ба ин самт аксари нашрияҳои даврии маҳаллӣ эътибор диҳанд ҳам, раванди амалишавии он дар нашрияҳо таносубан яксон нест. Дар баъзе нашрияҳои даврӣ инъикоси ҳаёти маҳал, баррасии мушкилоти мардум ва робита бо хонандагон ба қадри кофӣ бошад ҳам, на ҳамаи онҳо ҷиҳати ба роҳ мондани робита бо хонанда ва ба табъу завқи муштариён мувофиқ гардондани мундариҷаашон мекӯшанд.
Аз ин ва дигар пажуҳишҳо бармеояд, ки матбуоти даврии тоҷик дар замони Истиқлол рисолати анъанавиашро идома дода, аз ҳар ҷиҳат рушд кардааст. Аммо ин роҳи рушд пастиву баландиҳо, барору нобарориҳо дорад. Мо дар ин мақола бо истифода аз ин манобеъ ва ҳамчунин омӯзишу пажуҳишҳои бевоситаи худ кӯшиш менамоем, ки матбуоти даврии тоҷикро дар замони соҳибистиқлолии кишварамон бо назардошти омилҳои ташаккул ва рушд баррасӣ намоем.
Маълум аст, ки пешравии ҳар гуна соҳа ба чор омил: сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вобаста аст. Ба ин маънӣ, дар рушди соҳаи ВАО, ба вежа матбуоти даврии тоҷик дар замони Истиқлол ин авомил таъсири амиқ доштаанд ва ҳамчунин омили касбӣ низ бе таъсир набудааст.
Мурод МУРОДӢ,
профессори ДМТ




