Дар заминаи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Президенти мамлкат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз нақши занон дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат назаррас буда, фаъолияти бонувон дар ҳама бахшҳо рӯз ба рӯз тақвият меёбанд. Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мавқеи зан ва баланд бардоштани нақшу мақоми бонувон дар ҷомеа аҳамияти ҷиддӣ дода, барои ҷалби занон дар арсаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсат, идоракунии давлатӣ, илм, истеҳсолот, фарҳанг, тандурустӣ ва ғайра тадбирҳои муҳимму сарвақтӣ меандешанд. Дар Паёми имсолаи хеш (28 декабри соли2024) низ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самти сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳ намуда, чунин таъкид доштанд: “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст”.
Қобили зикр аст, ки роҳбарияти Олии мамлакат, ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Ин масъала ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт.
Чигунае ки дар Паёми навбатӣ зикр гардид, «Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд».
Мо, занонро лозим аст, ки мутобиқи талабот ва меъёрҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар бораи занон фаъолияти гуногуни худро ба маротиб тақвият бахшида, ба рушди сиёсати давлатии занон дар ҷомеа ва беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти хеш саъю талоши аз ҳар вақта бештар ва поквиҷонона равона созем. Имрӯз фаъолияти занону бонувон дар соҳаҳои гуногун назаррас аст. Чуноне ки Пешвои миллат дар Паём зикр намуданд, бонувону занон дар ҳама соҳаҳои хаҷагии халқи мамлакат баробари мардон заҳмат мекашанд.
Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби онҳо ба соҳаҳои гуногуни хизмати давлатӣ барои мо – занон чароғи раҳнамо буда, ҷиҳати расидан ба мақсади наҷиб, ки он ҳам баланд бароштани хонишу дониш, ташаббускорӣ, суботкорӣ, муносибатҳои хуби хизмати давлатӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисос аз ҷониби занон мебошад, мусоидат менамояд.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат раванди таҳсили духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба низоми муайян даромада, Пешвои миллат дар Паём қайд намуданд, ки «Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд».
Яке аз омилҳои муҳим, ки имрӯз метавонад ба масоили пешрафти ҷомеа ва таъмини шароити мусоид фароҳам оварад, фаъолнокии сиёсии занон мебошад. Вобаста ба масъалаи мазкур Пешвои миллат дар Паём ба маврид зикр кардаанд, ки “мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаионҳоро идома медиҳем”.
Метавон зикр намуд, ки дар замони имрӯз масъалаи фаъолияти занон дар идораи давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, онҳо на ҳамчун шумораи зиёди аҳолӣ, балки ҳамчун кормандони бомуввафақ низ дар ҷомеа аз ҷониби Роҳбари давлат эътироф карда шудаанд. Онҳо нисбат ба мардон дар соҳаҳои муҳим ба монанди тиб, маориф, кори иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигоҳубини фарзандон, соҳаи хизматрасонӣ ва ғайра бартарӣ доранд.
Ҳамаиин дар заминаи сиёсати одилона ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мо – бонувон амалӣ мешавад. Дар навбати худ мо, занону бонувони кишвар, мекӯшем, ки баҳри тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ талош намуда, дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат саҳми худро гузорем.
Зебуниссо КОМИЛОВА, унвонҷӯи кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ