Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некуаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ин баҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳикмати ваҳдати миллӣ чун муҳимтарин омили таҳкими давлатдорию истиқлоламонро бозгӯ менамояд. Зеро бе ваҳдати миллӣ мо наметавонистем, ба ин рӯзи нек, ба ин рӯзгори босаодату бобаракат расем, соҳиби Тоҷикистон озоду обод бошем.
Ҳамоиши мо дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки як тараф мо – аҳли ҷомеаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо руҳияи баланду шодмонӣ аз тобонтарин дастоварди замони истиқлоламон – Ваҳдатӣ миллӣ ҷашн мегирем. Аз ҷониби дигар воқеоти мудҳиши ҷаҳони муосир бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки Истиқлолу Ваҳдатамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, ба қадри ин неъмат бирасем. Ва аз пештара ҳам бештар дар атрофи Пешвои миллат ба хотири наслҳои оянда муттаҳид бошем, ба хотири сарнавишти давлатамон аз баҳри ҳамагуна манфиатталошиҳо гузарем. Вазифаи ягонаи мо дар ин шароит танҳо муттаҳидист. Ҳеч касе ба ҷуз Сарвари давлат, Ҳукумату мақомоти давлатии Тоҷикистон ва худи мо дар фикри мову Тоҷикистони мо нест.
Дар таърихи ҳар як миллат дар давраи муайяни сарнавиштсоз шахсиятҳое ба арса меоянд, ки масъулияти пойдориву ояндаи миллату давлати худро ба дӯш мегиранд ва муваффақ ҳам мешаванд. Ва дар таърихи навини миллати куҳанбунёди тоҷик дар рӯзгори соҳибистиқлолӣ ҳамин рисолат бар уҳдаи фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтод. Ва ин шахсияти фавқуллода бо як нерую ҷасорати фавқуллода, ҷаҳонбинию маърифати ояндабинона масъулияти таърихии хешро дурусту воқеӣ дарк карда, барои аз парокандашавӣ наҷот додани миллат ва давлат, аз даст надодани истиқлол ва таъмини якпорчагии ватану миллат тавассути азхудгузаштанҳо корнамоиҳо кард, ки дар таърихи миллату давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардиданд. Шояд мо ҳанӯз қадри ин корнамоиҳоро надонем, аммо гузашти замону наслҳои оянда ҳатман ба қадри ин қаҳрамониҳо мерасанд. Мерасанд, вақте аҳли ҷомеа дарк мекунад, ки бо кадом мушкилот ин шахсият тавонистааст аз ин ҳама фоҷиаву гирдобҳо миллату давлатро наҷот додааст. Аслан ман ба он андеша чандон мувофиқ нестам, ки ваҳдати мо аз соли 1997 сарчашма мегирад. Ваҳдати миллии мо амалан аз нахустин суханронии Сарвари давлат дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сарчашма мегирад. Ҳамин суханронии ғайримуқаррарӣ, самимӣ, бидуни риё ба мардуми Тоҷикистон умед бахшид, аҳли ҷомеаро ба ояндаи нек дилгарму роҳнамо гардид. Аз ин хотир вақте муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро наҷотбахши миллату давлат мегӯем, ҳамчунин дар зеҳнамон ҳамин рисолати ваҳдатофару ваҳдатовари Пешвои миллат пеши назар меояд. Фикр мекунам, ки он замон дар дар зеҳни Роҳбари навинтихоби Давлат ин байти Мавлонои бузург чарх мезад:
Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,
Бедавлатӣ аз нифоқ хезад.
Шахсиятҳое ваҳдатофару ваҳдатовар мегарданд, ки эҳтироми халқи хеш ва халқҳои дигарро дар заминаи арзишҳои эътирофкардаи башарият ба чо меоранд. Муҳтарам Пешвои муаззами миллат ҳамин нуктаро дуруст дарк кардаву ба ҷо оварда тавонистанд. Агар ба роҳи ваҳдатофарии Пешвои миллат нигарем, мебинем, ки он шебу фарози зиёде доштааст. Аммо дурбинии сиёсӣ, матонату ҷасорати шахсӣ ва масъулиятшиносии муҳтарам Эмомали Раҳмон ин роҳро тахту ҳамвор кардаву ҷомеаву давлатро дар убаҳри пурталотуми ҷаҳони муосир идора кард.
Яке аз омилҳои муҳими давлатдорӣ ва асоси таъмини сулҳу субот ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Таърихи давлатдории аксари кишварҳои олам шаҳодат медиҳад, ки дар раванди ташаккули давлат, дарёфти истиқлолияти сиёсию давлатӣ ва пойдории ҳуввияти миллӣ нақш ва ҷойгоҳи ваҳдати миллӣ хеле муҳим аст. Набудани ваҳдат боиси аз байн рафтани қариб 100 тамаддун гардидааст.
Ваҳдати миллӣ як ибораи одӣ ё як истилоҳи хушки нугизабонӣ нест. Балки фаротар аз он аст. Ваҳдат вожаест басо хушнавою хушсадо, ки шуниданаш ба дили мо фараҳ мебахшад. Ҳеҷ вожае дар рӯзгори мо ба ҳадди ваҳдати миллӣ серистеъмол нест. Ҳарчанд чанд соле пеш аз истиқлол истифодаи ин истилоҳ дар матбуоти даврӣ боиси баҳсу мубоҳисаҳои зиёд гардида буд.
Ваҳдати миллии мо як падидаю ҳодиса нест, балки равандест ҳамеша дар рушду такомул. Ба ваҳдати миллӣ қариб аз зовияи ҳама илмҳои ҷомеашиносӣ: таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, таърих, ҳуқуқшиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ баҳо додан мумкин аст. Аз ҳамин боис аст, ки аз ҷониби муҳаққиқон самту паҳлуҳои гуногуни ин мавзуъ таҳқиқу баррасӣ гардидаву мегардад.
Ваҳдати миллии мо комилан натиҷаи талошу ҷонбозиҳо ва сиёсати Пешвои миллат аст. Ваҳдати миллии мо ваҳдати тарафҳое нест, ваҳдати миллии мо ин ваҳдати ҷомеа, ваҳдати мардум бо ҳукумат, ваҳдати ҳама қишрҳову халқҳои Тоҷикистон дар зери сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат аст. Ваҳдати миллӣ ин худшиносию худогоҳии миллӣ, дарки манфиатҳои умумимиллӣ барои истиқлоли давлатист. Академик Кароматулло Олимов дар ин замина қайд кардааст: «Дар ҳақиқат ҳам, истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ, ба дарки амиқи манфиатҳои умумимиллӣ ва шинохти масъулияти таърихии афроди ҷомеа пойдор нахоҳад монд. Дар айни замон худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ба ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд». Профессор Гулмуҳаммад Зокиров таърифи ваҳдати миллиро чунин додааст: «Ваҳдати миллӣ –ягонагии фаъолияти умумиятҳои мухталифи иҷтимоӣ, аз ҷумла умумиятҳи миллию этникӣ дар таркиби давлати ягона, сатҳи баланди худшиносӣ ва пайвасти ногусастании шаҳрвандон бо шакли давлатдорӣ, бо низоми мавҷудаи арзишҳо ва идеалҳо мебошад. Ваҳдат падидаест, ки ба тамоми раванду ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ робита ва пайвасти ногустанӣ дошта, ҳамчун қисми ҷудонопазири шуури ҷамъиятӣ ва ғояи меҳварии суботи сиёсӣ амал менамояд.»
Бидуни ваҳдати миллӣ ва робитаи он ба страгегияи миллӣ ягон давлат наметавона, ки мақсадҳои рушди устувор ва дорои аҳамияти бузургро барои миллат татбиқ намояд. Аз ин хотир, вақте Пешвои миллат мегӯем, Ваҳдату Давлату Истиқлол пеши назар меояд, вақте Пешвои миллат мегӯем, Сулҳу суботу ободкориҳо пеши назар меояд. Аввалин сухани Роҳбари Давлат аз сулҳу ваҳдат буд. Сулҳу ваҳдат моро бо ҳам овард. Ин ҳама бунёдкориҳо: нақбу роҳҳо, неругоҳҳо, иншоотҳои азими саноатию истеҳсолӣ меваи сулҳу ваҳдат аст. Дуои модару модарон дар ҳаққи Пешвои миллат мустаҷоб гардид, Тоҷикистон гулистону бӯстон гашту ваҳдати миллӣ таъмин гашт. Бо ҳама хубиҳояш Давлати Шуравӣ натавонист моро аз бунбасти коммуникатсионӣ барорад, мо наметавонистем ба минтақаҳои кишвар сафари бехатар дошта бошем. Роҳу нақбҳои бунёдшуда як омили ваҳдати миллӣ гаштанд. Дар ҷаҳои кам роҳбароне ҳастанд, ки мисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби эҳтирому эътимоди мардуми кишварашон шуда бошанд.
Тоҷикистон ба амнтарин кишварҳо дар ҷаҳони муосир гардидаву роҳбараш дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусҳои башардӯстона эътирофу эътимод ёфт. Магар бе ваҳдати миллӣ ба ин рӯз мерасидем. Магар метавонистем бе таъмини ваҳдати миллӣ ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, аз қабили 1100-солагии давлати Сомониён, 1150-солагии Устод Рӯдакӣ, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 680-солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 1025-солагии Абӯали ибни Сино, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1310-солагии Имом Абӯҳанифа (р), 2700-солагии Кӯлоб, 2500-солагии Истаравшан, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 5000-солагии Саразм, Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ ва Соли маориф ва фарҳанги техникӣ ва дигар чорабиниҳои сиёсию илмӣ, маърифатию фарҳангӣ, ки ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, таҷлил намоем. Дар бораи ҷаҳонӣ шудани ҷашни миллии мо – Наврӯз, мизбон будани Душанбе барои чорабиниҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ, ба рӯйхати сарвату арзишҳои маънавию ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кардани мусиқии “Фалак”-у “Шашмақом”, атласу адрас ҳама хуб медонем. Ин чорабиниҳо ваҳдати миллии моро таҳким бахшида нишон доданд, ки Пешвои миллат дар такя ба хиради азалии мардуми фарҳангпарварамон то кадом андоза барои обрӯву нуфузи Тоҷикистон талош доранд. Ба ҳамин хотир корнамоии Пешвои миллат чун пешвои ваҳдат дар осори сиёсӣ, илмӣ, ҳунарӣ, бадеӣ, публитсистӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ таҷассум ёфтааст. Хоса дар адабиёти бадеӣ васфу тасвири корнамоии ваҳдатофарии Пешвои миллат дар осори аксар шоирони муосир дучор меояд, ки нишони эҳтирому эътимоди эҷодкорон мебошад. Устод Бозор Собир мегӯяд:
Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби тилло дар тоқи Қасри миллат.
Шоири халқии Тоҷикистон Низои Қосим мефармояд:
Пурнур шаҳчароғӣ, эй раҳнамои миллат,
Раҳҷӯи бахти халқи, эй раҳкушои миллат,
Достони Сулҳу Ваҳдат бо хуни дил навиштӣ,
Аз хишти ҷисму ҷонат, кардӣ бинои миллат.
Оре, мо соҳиби Қасри пуршукӯҳи ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҳастем ва барҳақ, меъмори он Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Сангин ГУЛЗОД,дотсент, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ