«Парчами миллӣ бояд нишони сарисинагии ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номус бошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Парчам яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин рамз танҳо пораи матои серанга набуда, хусусият ва рисолати азимеро бар дӯш дорад ва ба хислату маънавияти рангҳои он таваҷҷуҳ намоем бо таърихи бузург ва фарҳанги гузаштаи миллат моро пайванд месозад. Дар онҳо як ҷаҳон маъниву мазмун ниҳон аст.
РАНГИ СУРХ аз нигоҳи хислати табии миёни дигар рангҳо хусусияти хос дорадӯ ва яке аз рангҳои аввалине буд, ки дар санъати қадимӣ истифода шудааст. Яке аз хусусиятҳои ранги сурх дар он аст, ки бо рангҳои дигар мувофиқ ва рангсоз аст. Ҳангоми омезиш бо рангҳои дигар ба он зебоӣ, ҷило ва мантиқи дигар мебахшад. Хусусияти оммавии ранги сурх мубориза аст. Ба таърих ва тамаддуни давлатдории тоҷикон таваҷҷух намоем ин мубориза ва қувваю бозу ва тавоноии паҳлавонони тоҷикро муаррифӣ менамояд. Ҳеҷ гоҳ тоҷикон бар зарар ва нороҳатию нобудии миллате мубориза набурда, балки мубориза барои нигаҳдории сулҳ, оромӣ, мутаҳҳидӣ, хамдигарфаҳмӣ, рушду тараққиёт, муҳаббат ва дӯстию рафоқат аст.
Ранги дуюм РАНГИ САФЕД буда, дар қалби матоъ ҷойгир аст, ки бо ранги аввали парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванди мантиқӣ дорад. Хислати ранги сафед агар шодӣ, ва покизагиро маънидод намояд. Пас маърифати ин ранг хеле жарфтар аст. Маьнии бегуноҳӣ, шифоӣ, пирӯзӣ бар торикӣ, ғолибияти қувваи некӣ бар бадӣ, раҳнамои роҳи рост, кори нек, ободкорӣ, нияти пок, якдигарфаҳмӣ, якдигарбахшӣ, қонунписандӣ. Дар ин ранг тамоми арзишҳои Конститутсионӣ ва динии мо маънидод мегардад.
РАНГИ САБЗ-имконият, сабзиш, эҳё, тараққиёт, ранги табиат, зиндагӣ, саломатӣ, ҷавонӣ, баҳор, тиҷорат, рушди ақливу зеҳнӣ, пешравӣ, ҳимоя.
Ҳар як нафар метавонад мақсаду хусусиятҳои рангҳоро ба таври дарку фаҳми худ маърифат кунад.
Чун рамзи муқаддасоти миллӣ ва ҳуввияту худшиносӣ ва мутаҳҳидӣ соли 2011 дар қалби Тоҷикистон -Душанбе баландтарин парчам ба андозаи 165 метр гузошта шуд ва шаҳомати ҷаҳонӣ касб намуда, ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шуд. Майдони атрофи парчам низ бо номи майдони Парчам ба истифода дода шуд, ки барои сайру гашт ва истироҳати шаҳрвандон бисёр ҷойи мувофиқ ва дилкаш гардидааст. Дар зери парфишонии он ҷавонон сайру гашт, кӯдакон шодию хурсандӣ ва бозӣ менамоянд. Ҳамчунин бо ҳамин мазмун дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар низ майдони парчам ба истифода дода шудааст, ки боиси ифтихори ҳар яки мост.
Дар ҷомеа аслан мафҳуме, ки бештар ба гӯш мерасад ин мафҳуми “парчамбардорӣ” аст ва махсусан дар самти варзиш ғолиб бо баланд гардидани парчами давлатиаш муаррифӣ ва қадрдонӣ карда мешавад. Ҳамчунин инҷониб андеша дорам, ки парчамбардорӣ ифтихор аст ва ҳар як нафар – аз шаҳрвандӣ оддӣ то зиёӣ парчамбардори миллату давлати худ буда метавонад: бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ, бо хониши аъло, бо дониши фаррох, бо фаъолияти пурсамари корӣ барои рушду тараққиёти кишвар, ҳимояи марзу бум ва ғайраву ва ҳоказо. Яъне ҳар нафар дар самте, ки фаъолият менамояд онро бо масъулияти баланд ва касбият иҷро кунад, пас ӯ аллакай парчамбардор аст.
Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Мудири, кафедраи матбуот факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дотсент Усмонова Наргис Кучаровна






