ТАРАННУМИ ВАҲДАТ ДАР ПУБЛИТСИСТИКА

0
17

Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони истиқлолият ба шумор меравад. Маҳз ба шарофати сулҳ ва ризоияти миллӣ Тоҷикистон тавонист аз мушкилоти вазнини солҳои аввали истиқлолият раҳо ёфта, ба роҳи рушди устувор қадам гузорад. Ваҳдат на танҳо мафҳуми сиёсӣ, балки арзиши бузурги маънавӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки ҳастии миллат ва пешрафти давлат ба он вобастагии амиқ дорад.

Дар инъикос ва тарғиби ғояҳои ваҳдат нақши публитсистика хеле назаррас аст. Публитсистика ҳамчун яке аз навъҳои фаъолияти эҷодӣ ва иҷтимоию сиёсӣ воқеаҳои муҳимми ҷомеаро инъикос намуда, барои ташаккули афкори ҷамъиятӣ таъсири бузург мерасонад. Аз ин рӯ, мавзуи ваҳдат дар публитсистикаи тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад ва дар мақолаҳо, очеркҳо, мусоҳибаҳо ва дигар жанрҳои публитсистӣ васеъ таҷассум ёфтааст.

Вожаи «ваҳдат» маънои ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва муттаҳидиро дорад. Барои ҳар як миллат ва давлат ваҳдат омили муҳимми субот ва пешрафт мебошад. Таърихи инсоният нишон медиҳад, ки танҳо дар фазои сулҳу оромӣ ҷомеаҳо метавонанд рушд кунад ва ба комёбиҳои назаррас ноил гарданд. Барои Тоҷикистон ваҳдати миллӣ аҳаммияти сарнавиштсоз дорад, зеро пас аз  истиқлолияти давлатӣ кишвар бо мушкилоти зиёди сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин шароит зарурати муттаҳид сохтани ҷомеа ва дарёфтани роҳҳои сулҳу субот ба миён омад. Ба шарофати талошҳои фарзандони содиқи миллат ва иродаи мардуми тоҷик сулҳ барқарор гардида, барои таҳкими давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам омад.

Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи асосии рушди Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Он кафили амният, субот, пешрафти иқтисодӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Публитсистика яке аз василаҳои замонавии таъсир ба шуури ҷомеа мебошад. Вазифаи асосии он инъикоси масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ буда, ҳамзамон барои тарбияи шаҳрвандон ва ташаккули ҷаҳонбинӣ мусоидат мекунад.

Дар солҳои истиқлолият мавзуи ваҳдат ба яке аз самтҳои асосии публитсистикаи тоҷик табдил ёфт. Рӯзноманигорон ва публитсистон тавассути асарҳои худ аҳаммиияти сулҳ ва ризоияти миллиро арзёбӣ намуда, мардумро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ватандӯстӣ даъват менамоянд. Дар ағлаби нигоштаҳои публитсистӣ ба масъалаҳои таҳкими сулҳ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳ шуда, ваҳдат ҳамчун дастоварди бузурги миллат ва шарти асосии рушди кишвар арзёбӣ гардидааст.

Яке аз намунаҳои барҷастаи тараннуми ваҳдат дар публитсистикаи тоҷик суханрониҳо ва матолиби марбут ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошанд. Дар онҳо ваҳдат ҳамчун омили наҷоти давлат ва кафили рушди минбаъдаи ҷомеа арзёбӣ мегардад. Муаллифон бо такя ба воқеаҳои таърихӣ нишон додаанд, ки маҳз муттаҳидии мардум барои барқарор гардидани сулҳ ва субот замина гузошт. Аз ҷумла, дар саҳифаҳои рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ» ва «Адабиёт ва санъат» пайваста мақолаҳое ба нашр мерасанд, ки дастовардҳои замони истиқлолро ба мавҷуд будани ваҳдати миллӣ шарҳ медиҳанд. Масалан, дар бисёр мақолаҳо сохтмони роҳҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва иншооти иҷтимоӣ ҳамчун самараи сулҳу ваҳдат маънидод мешавад.

Аз мутолиот бармеояд, ки масъалаи Ваҳдат дар ин нашрияҳои даврӣ тобиши гуногун дорад. Дар навбати аввал нигоштаҳоеро метавон ном бурд, ки бевосита ба масъалаи мавриди назар тааллуқ дошта, дар онҳо арзиш ва аҳаммияти ин санаи таърихї бозгў шуда, роҳи тайкардаи раванди сулҳи тољикон нақл ва иқдомҳои сарвари давлат дар роҳи расидан ба ваҳдати миллї  тавсиф карда шудааст. Ин гуна нигоштаҳо аз рўи сабки дорои нигориш хусусияти илмию оммавї ва тавсифї мебошанд. Муаллифон дар баррасии мавзуъ ба сарчашмаҳои таърихї ва фарҳангиву адабї рў оварда, воқеаҳои рухдодаро ба сифати далел қарор медиҳанд, аз дидаву шунидаҳои худ мисолҳо меоранд, фикрашонро бо гуфтаҳои Пешвои миллат – Эмомалї Раҳмон тақвият мебахшанд ва ба ин рисолати ваҳдатофариро ба шакл медароранд.

Нигоштаҳои дигар бевосита ба мавзуи ваҳдат бахшида нашудаанд, аммо бо ин ё он муносибат ба он алоқамандї пайдо кардаанд. Дар онҳо пешравиҳои соҳаҳои ҳаёти иљтимої, муваффақиятҳои ин ё он вилояту навоҳї, дастовардҳои замони Истиқлол ва амсоли ин инъикос шудааст, ки дар маљмуъ ѓояи ваҳдатсозиро талқин мекунанд. Чунончи, дар соли 2025 дар нашрияи “Адабиёт ва санъат” зери гӯшаи “Худшиносӣ” мақолаҳои Кароматулло Олимзода “Нақши худшиносӣ дар бақои давлатдории миллӣ” (27.02, Муҳаммаддовуд Саломиён “Паёми сулҳофарин (2.07), Мансур Суруш “Пуштибони бепаноҳон”(25.07), Раънои Мубориз “Истиқлол иқболи баландест” (27.08), Сироҷиддин Икромӣ “Истиқлолияти давлатӣ ва ҳувияти миллӣ” (3.09) ва ғайра дарҷ гардидааст, ки дар онҳо масъалаи худшиносии миллӣ аз зовияҳои гуногун баррасӣ шудааст. Чунончӣ, агар К. Олимзода ба нақши худшиносӣ дар бақои давлатдории миллӣ бештар эътибор дода бошанд, М. Саломиён фидокориҳо ва ҷаҳду талошҳои Президенти кишварро дар самти сулҳофарӣ ба баррасии публитсистӣ кашида, ҳикмати қавли “Ман ба шумо сулҳ меорам”-и Сарвари давлатро маънидод кардааст. М. Суруш ба фазилатҳои инсонӣ ва волотарини Пешвои миллат – хайрхоҳиву некандешӣ, дастгирии беғаразонаи ятимону ниёзмандон ва бечорагон таваҷҷуҳ намуда бо зикри сафарҳо, амалҳои саховатмандона, суҳбатҳои самимӣ, муносибати хайрхоҳона, кумакҳои башардӯстона, нақли кампири танҳои рус Галина Викторовна, ки бо дастгирии Пешвои миллат ба кумаки башардӯстона насиб гардидааст, ба нақлаш солорӣ бахшидааст. Р. Мубориз ҳикмати музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо нақли сиёсатҳои даврони пешин – дур кардан аз мутоилаи китобҳои ниёгон, гуноҳ ҳисобидани хатнатуй, манъи наъти Худову Расул, нодида гирифтани Наврӯз, беқадрӣ ба забони тоҷикӣ, мушкилоти роҳ, паст задани либоси миллӣ ва амсоли ин муқоиса намуда, ба ин васила лаззати неъматҳои замони истиқлолро ширинтар гардонид. С. Икромӣ ба мавзуъ аз нигоҳи шинохти ҷомеа ва талошҳои Сарвари давлат муносибат намуда, бо хушнудӣ меафзояд, ки “Дар маркази сиёсати илмӣ ва фарҳангии Сарвари давлат қарор гирифтани худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ҳадафи ниҳоят муҳим ва зиндагисоз дорад. … Ифтихор аз давлатдорию соҳибистиқлолӣ дар замони муосир масъалаи ҳаётӣ буда, саодати наслҳои имрӯзу оянда ба он сахт вобаста аст”.

Моҳиятан мавзуи  мақолаҳои мавриди таҳлилро эътирофи мактаби сулҳоварии Пешвои миллат ва талқини андешаи муҳим будани худшиносӣ ва дарки масъулияти фардӣ барои ҳифзи оромиву осудагии миллат ва давлат умумият мебахшад.

Агар аз ин назар ба маводди нашрияҳои даврии фавқулзикр наздик шавем, эҳсос мекунем, ки ағлаби онҳо  ѓояи ваҳдатофариро ба контексти мундариљаи худ дохил намудаанд. Воқеан, маҳз ба воситаи ваҳдат татбиқи манфиатҳои умумӣ таъмин гардида, дар љомеа фаъолиятҳои муташаккил ва идорашаванда ба вуҷуд оварда мешавад, ба воситаи ваҳдат оромии љомеа ва ҳаёти ҷамъиятӣ танзим мегардад.
Бидуни шак, ваҳдат асоси сиёсати имрӯзаи љомеаи тољик буда, яке аз воситаҳои татбиқи сиёсати миллӣ маҳсуб меёбад.

Инъикоси масъалаи ваҳдат ва тараннуми он бештар дар қолаби жанрҳои гуногуни публитсистии хабару ҳисобот, мақолаву очерк ва эссе шакл гирифтааст. Агар имконоти жанри мақола барои баррасии омилҳои ваҳдатофар, муқоисаи давраҳои нооромӣ ва талошҳо баҳри  сулҳу ваҳдат, аҳаммияти ягонагии миллат мусоидат карда бошад, тавассути корбурди вежагиҳои жанри очерк  образи ваҳдат ва қаҳрамони ваҳдатофар офарида шудааст. Муаллифон зиндагии осоиштаи мардум, фаъолияти созандаи ҷавонон ва пешрафти кишварро дар пасманзари иқдом ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳат – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо воситаи тасвирҳои воқеӣ бозтоб намудаанд. Ин усули тасвир таъсири тарбиявии зиёд дорад ва  хонандаро ба қадршиносии сулҳу субот ва ҳифзи ваҳдати миллӣ ҳидоят менамояд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар ВАО, хосса  матбуоти даврӣ ба масъалаи ваҳдат ва тараннуми он маъмулан дар арафаи Рўзи ваҳдат  таваљљуҳ мешавад. Албатта, ин амал дуруст ҳам аст, зеро матлаби публитсистї набзи замон буда, вақти муайян, бо ин ё он сабаби иҷтимоӣ буруз меёбад. Аммо, дар кишвари соҳибистиқлоли мо Ваҳдат танҳо љашни таърихї нест, балки он ѓояи меҳварии љомеа низ ҳаст. Тавассути он сиёсати сулҳпарварона ва бунёдкоронаи ҳукумати кишвар татбиқ мегардад, сабақҳои сулофарии Пешвои муаззами миллат ба мардум, ба хусус насли ҷавон интиқол меёбад,  моҳияти он хуб ва амиқ дарк карда мешавад, муттаҳидӣ ва раванди созандагиҳо қувваи дучанд мегирад. Ба ин манзур, дар ВАО, хосса матбуоти даврї, ҳамчунин фазои маҷозӣ тараннуми ваҳдат ва ваҳдатофарї бояд вусъат пайдо кунад ва матолиби публитсистӣ аз нашрияву китобҳо ба саҳнаву филмҳо, шабакаву сомонаҳои интернет кӯчад.

Ҳамин тавр, сулҳу ваҳдат дар публитсистикаи тоҷик яке аз мавзуъҳои муҳим ва мубрам маҳсуб меёбад. Публитсистон бо нигоштаҳои худ аҳаммияти сулҳу субот, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тарғиб намуда, барои таҳкими афкори ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги халқи тоҷик, кафили рушд ва пешрафти давлат мебошад. Ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, публитсистика ҳамчун минбари муҳимми афкори ҷамъиятӣ бояд минбаъд низ дар тарғиби ғояҳои ваҳдат, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ нақши муассир дошта бошад.

Мурод Муродӣ, профессори ДМТ