«Масъалаҳои баҳсноки забони васоити ахбори омма». Чунин ном дошт конфронси ҷумҳуриявӣ, ки дирўз бо ташаббуси кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистика баргузор гардид. Конфронсро декани факултети журналистика Саъдӣ Исматов расман кушод. Дар конфронс устодону аспирантон, унвоҷўёни факултет ва инчунин намояндагони васоити ахбори омма маърўзаҳо карданд.Мавзўи конфронс, ки масъалаҳои забони ВАО-ро дар бар мегирифт сараввал муҳаққиқони забони васоити ахбори омма маърўза карданд. Таъкид гардид, ки забони васоити ахбори омма як рукни муҳими забони адабӣ ба ҳисоб меравад, ки баёнгари ҳолати кунунӣ ва дурнамои инкишофи забон мебошад. Дар конфронс чунин мавзўъҳо баррасӣ шуд: «Таҳаввулоти грамматикӣ дар воситаҳои ахбори омма», «Нуқсони маводи тарҷумавӣ дар забони матбуот», «Забони матбуоти миллӣ дар консепсияи илми забоншиносии муосир», «Баррасии забони ВАО-и иттиҳодиявии», «Инъикоси масоили забон дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва «Мулоҳизаҳо доир ба интихоби калима дар барномаҳои телевизиони «Сафина». Дар назар аст, ки маърўзаҳои дар конфронс пешниҳодшуда дар шакли маҷмӯаи илмӣ ба табъ расида, пешкаши хонандагон мегардад.Аҳмадшои Масъуд,донишҷӯйи курси сеюм