Пахши гуфторҳои таърихӣ дар баробари барномаҳои иттилоотӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва тафреҳӣ ҳамчун талаботи маънавии як қисми шунавандагон, барои комилтар кардани фазои маърифатӣ ва худшиносии миллии ҷомеа нақши созгор дорад. Омили муҳимми дигари мавҷудияти барномаҳои таърихии радио дар солҳои истиқлолият тасодуфӣ набуда, балки «амри ногузири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Дар ин даврони нав мо роҳи худшиносӣ ва эҳёи халқамонро пазируфта, ба мероси гузашта чун манбаи зиёбахши бунёди ҷомеаи нав ва ваҳдати мардуми кишварамон эҳтиром мегузорем” (Сафарҳои хориҷӣ. Чор ҷилди тарҷумаи китоби Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони арабӣ муаррифӣ шуд. 24.06.2013).Ин аст, ки пахши барномаҳои таърихии Радиои «Тоҷикистон» асосан ба солҳои истиқлолияти кишварамон рост меояд. Дар чанд соли охир бо шукуҳу шаҳомат қайд намудани 1100-солагии ташкилёбии Давлати Сомониён, 2700-солагии китоби «Авесто», Соли бузургдошти Тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри бостонии Кўлоб, 1150-солагии Абуабдуллои Рўдакӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, соли бузургдошти Имоми Аъзам, 3000-солагии шаҳри Ҳисор ва даҳҳо ҷашну маъракаҳои дигар аз якк тараф аз эҳтирому бузургдошти таъриху тамаддуни гузаштагонамон гувоҳӣ диҳанд аз тарафи дигар, ин рў овардан ба омўзишу таҳқиқи чуқуртару амиқтари таърихи халқамон, равшанӣ андохтан ба саҳифаҳои норавшани он маҳсуб меёбад. Ҳамин тавр инъикоси ин санаҳо ва дар асоси он таҳия намудани гуфторҳо рисолати касбии радио буда, барои оммавӣ гардидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва афкори ҷомеаро ташаккул додан нақши созгор дорад.
Асосан, дар Радиои Тоҷикистон гуфторҳои таърихӣ ба 2 шакл: яке ба шакли барномаҳои маъмулӣ, ки хусусияти илмӣ дорад ва факту рақам асоси он аст, дигар ба таври хониши бадеӣ ва хониши адабӣ, ки марҳилаҳои таърихиро бо образи бадеӣ ифода мекунад, таҳия шудааст. Ҳангоми омўзиш ва пурсуҷў аз кормандони собиқи радио маълум гардид, барномаҳои ҷудогонаи маъмулӣ, ки ба таърихи халқи тоҷик алоқаманд бошад, солҳои пеш ба роҳҳои гуногун таҳия шудаанд, вале сабти наворҳо маҳфуз нест. Нахустин барномаи радиоӣ, ки сирф ба таърихи тоҷикон алоқаманд бошад, бо номи «Қироат ва тафсири «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров» (Шуъбаи адабӣ. Дафтари № 2 (стерео). Таҳти № 495, 530, 531,53) аз идораи адабӣ дар соли 1989 сабт гардида, 4 гуфтори онро пайдо кардем, ки асосан ба таври суҳбат омода шудааст. Барнома асосан аз руҷуи муҳаррир Ҳусейн Назруллоев оғоз мешавад ва барои равшанӣ андохтани мавзўъ суҳбати узви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (равоншод) Аҳрор Мухторов ва ходими илмии иниститути таърих, археалогия ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Дониш Шавкат Шарифов истифода шудааст. Барномаи мазкур ба ифтихори 90-солагии зодрўзи академик Б. Ғафуров ба нақша гирифта шуда буд. Мавзўи гуфторҳоро асосан сабабҳои таълифи китоби «Тоҷикон», вазъияти таълиф, шуҳрати ҷаҳонии китоб, тарҷумаи он ба забонҳои хориҷӣ ва инъикоси ҳолатҳои гуногуни таърихӣ фаро мегирад. Ҳарчанд ин гуфтори бунёдии идораи адабӣ бо сатҳи баланди мазмуну муҳтаво ва бо ҷалби таърихшиносони маъруфи тоҷик таҳия шуда бошад ҳам, ба гумони ғолиб бо сабабҳои оғози низоъҳои дохилӣ солҳои 90-ум сабти он қатъ гардидааст.
Гуфтори дигари таърихӣ, ки ба муносибати 1100-солагии давлати Сомониён соли 1999 ба вуҷуд омад, ин силсилагуфтори маъруфи «Дар масири таърих» аст, ки дар пешниҳоди 2 донишманди тоҷик яке номзади илми таърих (равоншод) Маъруф Исоматов ва дигар номзади илми филология Баҳриддин Ализода манзури шунавандагон гардид. Ин мавод аз ҷумлаи гуфторҳои беҳтарини хазинаи радиои тоҷик ба ҳисоб рафта, хусусияти омўзишӣ дорад. Баъди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997, ба ҳолати муқаррарии зиндагӣ баргаштани ҷомеа зарур омад, зеро ҳолати рўҳии ҷомеа баъди созиши сулҳ дар ҳолати асабонияти равонӣ гирифтор буд, мардум на бар ҳар сухани афрод бовар мекарду ба он пайравӣ мекард. Дар ин росто, ба воситаи дастраси ягонаи ҳамагонӣ ва нисбатан мавқеи миёнадошта дар он вақт-яъне радиои тоҷик, талабот пеш омад, ки аз ҳодисаҳои таърихӣ дарси ҳамдигарбахшию даъват ба ҳамбастагӣ тарғибу ташвиқ шавад. Бо назар дошти ин талаботи маънавӣ, гуфтори «Дар масири таърих» ба вуҷуд омад. Аз омўзиши он маълум гардид, ки он дар асоси китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров таҳия шудааст, вале агар бо диққат гўш андозем аён мегардад, ки аз дигар сарчашмаҳои таърихии алоқаманд ба сарнавишти тоҷикон низ истифода шуда, ин кор дар навбати худ ҷолибияти гуфторро афзудааст. Ин гуфтор ҳаҷман 18-20 дақиқа таҳия шуда, ба таври суҳбати озоди пайи ҳам ивазшавандаи садо ва бо забони сода ва равон таҳия шудан яке аз афзалиятҳои он аст. Инчунин, он бардоштҳо ва хулосаҳои шахсии муаллифонро дарбар мегирад. Сабти он соли 1999 оғоз шудааст ва ба тадриҷ то соли 2006 идома пайдо карда, ҳоло дар бахши адабии хазинаи радио маҳфуз аст. Ба назари муаллифи китоби «Таърихи радиои Тоҷикистон» С. Хоҷазод шумораи гуфтор ба 300 мерасад. Мутаассифона, ҳангоми аз лента ба фитта (диск) гузаронидан саҳлангорӣ сурат гирифта, хронологияи мавзўъ парешон гардидааст ва аз мазмуни гуфторҳо аён мегардад, ки баъзе шумораҳои лента мавҷуд нест ё ҷойи он бо лентаҳои дигар иваз шудааст. Хушбахтона, 122 шумораи гуфторро мо муайян кардем ва баъдан ба фитта гузарондем. Бояд гуфт, ки гуфтори «Дар масири таърих» моҳиятан таърихи халқи тоҷик ва сарзамини зисти онҳо, марҳилаҳои ташаккули фарҳанг, анъана ва расму оинҳо, санъату ҳунар ва шаҳрсозиро дар алоқамандӣ бо кишварҳои форсизабон аз давраи ҷамъияти ибтидоӣ дар Осиёи Миёна то асри 16 (то давраи сулолаи Темуриён)-ро фаро гирифта, ба сабаби даргузашти яке аз муаллифон Маъруф Исоматов мазмунан гуфтор ба итмом нарасидааст.
Ин гуфтор бо як қатор вижагиҳо фарқ мекунад:
– ҳарчанд гуфтор хусусияти илмӣ-оммавӣ дорад, вале бо забони содаи оммафаҳм таҳия шудааст;
– шакли гуфтор бо тарзи суҳбати озод сабт гардида, аз тарафи дигар, таҷрибаи муроҷиати шунавандагон маълум намудааст, ки ҳар барномае, ки нутқи озод дорад нисбати гуфторҳое, ки хониши маъмулӣ доранд, сершунаванда аст;
– дар вақти кўтоҳ (18-20 дақиқа) ҷой додани маълумоти фаровон;
– ивазшавии пайиҳами садо;
– истифода аз сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ;
– таассуб ва таҳрифи таърихӣ мушоҳида нашудан;
Қобили зикр аст, ки китоби «Тоҷикон» ба ҳама дастрас набуд (аз назари тираж) ва аз тарафи дигар, на ҳар кас фурсати хондани ин китоби бузургҳаҷмро дорад ва шояд баъзе шунавандагон номи китобро шунида бошанду халос. Аз ин рў, таҳияи гуфтор барои омўзиши оммавии ҳодисаҳои таърихӣ мусоидат кард.
Аз ин рў, бо назардошти ин вижагиҳо ва огоҳии комил доштан аз таърихи ташаккули ибтидоии миллати тоҷик то солҳои истиқлолият пешниҳод дорем, ки таҳияи гуфтор идома ёбад.Дар заминаи гуфтори «Дар масири таърих», инчунин барномаи адабӣ-таърихии дигар бо номи «Тоҷикон дар оинаи таърих» (Шуъбаи адабии Радиои Тоҷикистон. Дафтари № 4, таҳти № 3303) бо садои собиқ корманди радио Урун Назар (шоир Ворис) таҳия шудааст, ки аз 8 гуфтор иборат мебошад. Сабти гуфтор моҳҳои август-сетябри соли 1999 сурат гирифтааст. Ин гуфтор давраи муайяни таърих: сирф давраи фурўғи давлати Сомониёнро то марҳилаи суқут дарбар мегирад. Гуфтор аз таърихи шоҳони Сомонӣ, ривоҷу равнақи илму маорифи тоҷик бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ таҳия гардидааст. Шакли барномаи «Тоҷикон дар оинаи таърих» нисбат ба гуфтори «Дар масири таърих» пеш аз ҳама дар он асос меёбад, ки нутқи муҳаррир маҳаки гуфтор аст ва барои тасдиқи андеша муҳаррир суҳбати таърихшиносонро низ истифода кардааст. Мусиқии суннатӣҷо-ҷо баланд шуда, гуфторроорододааст.
Ба таври хониши бадеӣ ва хониши адабӣ низ чанд номгўи осори савтии таърихӣ дар радио сабт гардида, пахш шудани он баъди ҳар вақт аз аҳамият холӣ нест. Зеро он барои ҳар як давраи насли тоҷик маводи нав аст. Масалан, китоби сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Аз Ориён то Сомониён» 13 гуфтор дар қироати Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ортиқи Қодир сабт гардидааст. Ба гуфти нотиқ ин гуфтор бо таклифи роҳбари вақти Кумитаи телевизион ва радио, марҳум Сайф Раҳимзоди Афардӣ оғоз гардида буд. Дар асоси асари бадеии нависандаи тоҷик Тўйчӣ Мирзоди Раштӣ бо номи «Тулуи хуршед» бо садои ровии маъруфи радио Абдурашид Хўҷамқулов 18 гуфтор дар ҳаҷми 8 соату 54 дақиқа сабт шудааст. Инчунин, дар асоси асари бадеии дигари ин нависанда бо номи «Фурўғи хуршед» иборат аз 8 гуфтор сабт гардидааст.
Баъд аз гуфтори «Дар масири таърих», инчунин, муҳимтарин маводи таърихие, ки дар хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон маҳфуз аст, ин қироати матни комили китоби Б. Ғафуров «Тоҷикон» мебошад, ки бо садои ровии пуркори тоҷик Абдурашид Хўҷамқулов аз соли 2009 сабти он оғоз гардидааст. Ин гуфтор 124 шумора дар ҳаҷми 37 соату 20 дақиқа маҳфуз аст. Баъдан дар асоси нусхаи радио-нусхаи телевизионии асар низ таҳия гардид.
Хулас, омўзиши гуфторҳои таърихӣ бори дигар маълум намуд, ки ҳарчанд гуфторҳои зикргардида, бо баъзе аз хусусиятҳо аз ҳам фарқ кунанд, вале дар асл ҳар кадом дар навбати худ бо шаклу мазмуни ифодаи худ, бозгўкунандаи таърихи миллати тоҷиканд. Ҳар шахси соҳибдилу бомаърифат мекўшад, ҳар чи бештар, хубтару беҳтар аз таърихи гузаштаю имрўзаи халқи худ огоҳӣ дошта бошад. Хеле хуб аст, ки фанни «Таърихи халқи тоҷик» маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Тоҷикистон имрўз ба умдатарин фанни таълимии мактабӣ табдил ёфта, ба омўзиши он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Вале бояд қайд намуд, ки то имрўз дар омўзиши фанни номбурда на танҳо аз нарасидани китобҳои дарсӣ, мазмуну моҳияти онҳо мушкилот мавҷуданд, балки камчинии дастуру маводҳои таълимию методӣ эҳсос мешавад. Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки шояд гуфторҳои таърихии Радиои Тоҷикистон ҳамчун замимаи барномаҳои дарсии соҳа ворид шавад ва маводи иловагии овозӣ дар синфхонаҳо истифода шавад. Зеро таҷрибаи маорифи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки барои муассиртар ифода шудани барномаи дарсӣ аз методҳои таълимии аудиоӣ, видеоӣ ва тасвирӣ васеъ истифода мешавад. Ин гуфторҳо ба толибилмон, омўзгорон ва умуман ба дўстдорони таърихи пурғановату шарафманди халқи тоҷик ҳадяи хубе хоҳад буд. Зеро мавзўи гуфторҳоро пурарзиштарин ҳодисаю воқеа ва санаҳои таърихии тоҷикон ифода мекунад. Инчунин, муаллифону таҳиягарон кўшидаанд, ки муҳимтарин навгонию кашфиётҳои илмӣ таъриху таърихнигориро, ки дар солҳои охир ба вуҷуд омадаанд, дар гуфторҳо ҷой диҳад. Бо мақсади ба вуҷуд овардани шавқу завқи шунавандагон, водор сохтани онҳо ба андеша ва ҷустуҷўи посухи дурусти қисме аз саволҳои онҳо ба таърих, ҷавоби сазовор ёфта, ҳар мавзўъ дар алоҳидагӣҷой дода шудаанд. Ҳаминро бояд қайд кард, ки омўзгорон метавонанд аз рўи гуфторҳои номбурда шабҳои саволу ҷавоб, викторина, санҷишҳо ва дигар маҳфилҳои таърихиро пурмазмуну шавқовар гузаронанд. Аз тарафи дигар, маводи номбурдаро бо мақсади баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, шиносоии комил аз таъриху тамаддуни аҷдодӣ ва Тоҷикистони имрўза дар доираи оила низ истифода бурдан аз аҳамият холӣ нест. Аз ин рў, гуфторҳои номбурда туҳфаи хубе хоҳад буд, ба кулли ҳаводорону дўстдорони таърихи қадиму арзишманди аҷдодонамон ва имрўзи Тоҷикистони соҳибистиқлоли азиз.
Обидон Саидзода, муовини аввали директори
Радиои «Тоҷикистон»,
унвонҷўи ДМТ