Дар радифи чор вазифаи муҳими журналистика тарбияи маънавию идеологии васоити ахбори оммавӣ аз муҳимтарин рукнҳо ба шумор меравад. Маърифатманд гардонидани ҷомеа, таълиму омўзиш, тарбияи ҳамаҷонибаи судманд чун як рисолат ҳеҷ гоҳ аз души ҳамаи шаклҳои васоити ахбор дур нагаштааст ва нахоҳад гашт. Ин андешаро ба он ваҷҳ иброз медорем, ки имрўз аксаран гумон доранд, ки танҳо вазифаи иттилоотии шаклҳои васоити ахбор чун омили муҳиму ягона боқӣ мондаасту дигар вазифаҳо дар канор мебошанд. Як нуқта ҳеҷ гоҳ бояд фаромўш нагардад, ки ҳар як матлаби дар саҳифаҳои ВАО истифодашаванда, чандин рисолатҳоро ба дўш дорад. Ҳатто оддитарин хабари ба истилоҳ «хроника» низ, ки танҳо ба се саволи маъмулии маълум ҷавоб медиҳад, ҳеҷ гоҳ вазоифи гуногунсамти дигари худро сарфи назар карда наметавонад. Дуруст аст, ки хабар бо вазифаҳои иттилоъ, маълумот ва таблиғи маълум ба хонанда пешниҳод мешавад. Аммо дар шакли чи гуна пешниҳоди он ҳатман чандин вазифаҳо матраҳанд, ки яке аз онҳо албатта унсури тарбия мебошад. Дар роҳи тарбия бошад, ҳатман доираи фарогиранда ҷавонону наврасон мебошанд. Ҷавонону наврасон ҳамеша қишри осебпазири ҷамъият ба ҳисоб рафта, пойдевори ҳамагуна ҷамъият ба шумор мераванд. Ба онҳо такя карда мешавад ва аз нерўи зеҳниву ҷисмонии онҳо кор гирифта мешавад. Камоли мусбат ёфтани онҳо кафили устувории халқияту миллатҳост. Аз ин рў матбуот ва умуман журналистика дар чаҳорчўби вазифаи созмондиҳии худ дар ҷодаи муайяне ба ин қишр ҳатман таъсир расонидан мехоҳад. Зеро қаламкашон ҳунармандоне мебошанд, ки ҳамеша олами андешаи хонандаву шунавандаву бинандаро мавриди ҳадафу нишон қарор медиҳанд. Аз ҷониби дигар худи аудитория низ ба ин амр моил аст ва бо як эътимоду майли хосе ба сухани соҳибони ин минбар менигарад. Зеро корманди васоити ахборро чун фарди зиёиву маърифатманд ва огаҳу шинохта қабул менамояд. Аз ў одоб, муошират, ахлоқ, гуфтор, навиштор ва амсоли онро меомўзанд. Ин як дарси назарногиру номаълумест, ки муҳимияту таъсири онро минбари ахбори омма таъмин намудааст. Минбаре ки дар ихтиёри фарди огаҳ (журналист), хеле муқаддас аст. Аҳли башар инак зиёда аз чор аср боз ба як навъ эҳтирому эътиқод эътироф ба ин минбар менигарад. Аз ин рў бештар ҳавола ба инсофи корманди васоити ахбор аст, ки ў чӣ мегўяду дар кадом руҳия аҳли ҷомеаро алалхусус ҷавононро тарбия кардан мехоҳад. Зеро тавре ишора гашт, дар ҳар як матне ки соҳиби ин минбар истифода мекунад, ҳатман зери як ҳадафи ниҳоӣ қарор дорад. Албатта мо гуфта наметавонем, ки масалан дар як матни аз ҷониби идора супоришдодашуда, пурра ҳадафи муаллиф нуҳуфта аст. Аммо дар як сарсатр, дар як ҷумла, дар як ибора ва ҳатто дар як калима ҳатман хоставу мароми муаллиф ҷойгир мешавад. Вобаста ба ҳунари муаллиф аст, ки ў ин вазифаро чи гуна ба иҷро мерасонад ва он хостаи ниҳоии худро ки баёнаш як навъ оромии дили ўст, дар кадом шева пешниҳод мешавад. Агар ў як эҷодкори муваффақ аст, ҳатман дар ин роҳ ба он қишри фаъолу сершумор, ки ҷавонон мебошанд, ҳатман дар сатҳи муайян таъсире мерасонад. Журналистика худ як касбест, ки моҳияти иҷтимоӣ дорад, ҳатман ба тафаккури иҷтимоъ таъсиргузор аст ва маълум, ки як қисмати аъзами ҷомеаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рў ҳар як воситаи ахбор нисбат ба тафаккури ин доира бетафовуту бидуни таъсир нест. Дар шаорити имрўзаи ҷаҳонишавӣ беш аз ҳарвақта нақши тарбиявии ВАО дар ҷомеа фаъолтар аст. Дуруст аст, ки вобаста ба васеъ будани интихоб аудитория ба шаклҳои мухталифу сареъсифати васоити ахбор муроҷиат менамояд. Яъне имрўз хусусияти носеҳии васоити ахбор маҳдудтар аст. Ин носеҳӣ дар доману қолаби як хабари оддии кутоҳ тавре ҷойгир мешавад, ки исбот кардани як самти мушаххас дар он ниҳоят мушкил аст. Масалан як сарлавҳа бо таҳрифу мазмуни духураи худ ба хонанда чандин гумону тасаввурро мебахшад. Ин худ як унсури тарбия дар шеваи пушида аст. Аз ин лиҳоз мо инкор карда наметавонем, ки асри иттилоотии имрўза фақат дар ҳалқаи хабару маълумот хушк боқӣ мемонад. Аз ҷониби дигар дар тафаккури ҷавони имрўза бо иллати мутолиаҳои маҳдуд холигаҳҳо ниҳоят васеъ мебошанд. Маълум, ки ин холигаҳ бештар ба олами маънавии онҳо дахл дорад. Бо сабаби муборизаҳои шадиди шаклҳои васоити ахбор дар роҳи соҳиб гаштан ба вақти холии аудитория, ҷавони имрўза низ ба як дунёи сарбастаи мураккаби тасаввуру ҷаҳонбиниҳо рў ба рўст. Даҳҳо шабакаи телевизиону радиоӣ, рўзномаву маҷаллаҳо ва сомонаҳои интернетӣ ҷавони имрўзаро ба кўчаҳои сарбаста мебаранд. Ҷавони имрўза дар миёни аҳли ҷомеа ва доираву ҳалқаҳо ба чандин доираи тафаккуру шууур рў ба рў қарор мегирад. Андаке роҳнамоӣ кифоят мекунад, ки ў хеле осон вордиди пайроҳаи як роҳнамо гардад. Яъне дар инҷо низ нақши журналистика истисно нест. Аз ин лиҳоз фаъол будани журналистикаи соҳавӣ дар ин роҳ рисолатҳои судмандро ба дўш дошта метавонад. Махсусан матбуоту радиову телевизионе ки барои ҷавонон нигаронида мешаванд, дар ин роҳ ногузир аст, ки масъулияти дучанд дошта бошанд. Ҷавононро андармону ҷалб созанд ва дар интихоби роҳи мусбат ба онҳо кумак намоянд. Боке нест, агар кормандони ин гуна шаклҳои ВАО гоҳо аз нишондоди муассису роҳбарони идора канортар бошанду бо талабот ва нишондоди табъу завқи аудиторияи худ амал намоянд. Яъне нахуст, аудитории худро бо роҳи ҷолибсозии матолиби саҳифаҳо соҳибӣ намоянд. Чун ин вазифа даст медиҳад, баъдан метавон дар доираи нисбатан фаррохтар аз вазифаи тарбиявӣ-идеологӣ кор гирифт. Дар акси ҳол интернет барин як воситаи фарогиру оҷилӣ метавонад, бо истифода аз фурсати холигаҳи афкор тафаккуру шуури ҷавононро дар ҳар гуна рўҳияи манфиву нораво тарбия намояд. Алҳол мо ба таври комил итернетро, ки нисбат ба он ҷавонон як олам таваҷҷўҳ доранд, як шакли журналистика номида наметавонем. Дуруст аст, ки вазифаҳои журналистикаро интернет ба дўш дорад. Аммо нақши иртиботии он ва баъзе омилҳои дигар намегузоранд, ки мо онро масалан ба як рўзномаи классикӣ қиёс намоем. Мувофиқи маълумотҳо имрўз дар кишвари мо зиёда аз 2,5 миллион истифодабарандагони интернет маълум мебошанд, ки аз нисф зиёди онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин як масъалаи муҳимест, ки бояд ба ин «дунёи бидуни дарвоза» бетафовут набошем, ки он дар ҳаёти ҷавони имрўза нақши ҷиддӣ дорад. Олимон низ маълум кардаанд, ки «дониши интернетӣ» бебақо ва ҳамзамон камнатиҷаву манфӣ аст. Албатта наметавон бо роҳу усули иҷборӣ касеро аз истифодаи он боздошт. Танҳо маънавиёти баланди ҷавони имрўза боис мешавад, ки аз он истифодаи дурусту самаровар намояд. Дар акси ҳол чун як тўъма дар ҳамон «торҳои тортанак»(всемирная паутина) бо дасту пои баста боқӣ мемонад.Як ҷузъи уммедворкунанда он аст, ки буҳрони маънавии ҷавонони ҷомеаи шарқ чандон амиқ нест. Яъне адабиёту санъат, фарҳангу маданият ва анъанаву суннатҳои қадимии ин сарзамин то ҳадди муайян пойбарҷост. Мутолиа ва эътирофу эҳтиром ба ганҷинаҳои ниёгон пурра аз байн нарафтааст. Аз ин рў васоити ахбор алҳол дар ҷомеаи мо вазифаҳои зиёдеро дар роҳи тарбияи маънавии ҷавонон ба иҷро расонида метавонад. Хеле рамзӣ буд, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардид. Ин далелу гувоҳи он аст, ки имрўз мо бояд бо тарбия ва таълими шоиста нисбати ин қишри бузургу фаъоли ҷомеа муносибат дошта бошем. Шарти асосии комёбӣ дар ин роҳ тарбияи маънавӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт ДМТ, ки як ҷамъияти бузурги илмиву маънавӣ аст, метавонад намунаи ибрати дигарон дар масъалаи тарбияи ҷавонони кишвар бошад. Зеро имрўз ДМТ зиёда аз бист ҳазор нафар ҷавонро дар оғуши худ фаро гирифтаст. Чун васоити ахбор дар тамоми ҷомеа нисбат ба дигар омилони тарбия имкони зиёдтару оҷилу фаврии таъсирро дар олами тарбияи ҷавонон дорад, гумон дорем ва интизорем, ки дар «Соли ҷавонон»(соли 2017) нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» рисолати бештарро ҳамчун оинаи донишгоҳ ба дўш мегирад. Уммед дорем, ки нашрия бо таъсиси гушаву саҳифаҳо ва рубрикаҳои хос натанҳо барои ҷавонони донишгоҳ, балки ҳамаи ҷавонони кишвар дар шаклгирии як сипари маънавии устувор нақш мегузорад. Бо мусоидати масъулону кормандони нашрия аз нав зинда гардонидани саҳифаи «Пайки қалам»-ро дар остонаи «Соли ҷавонон» нахустин мужда дар ин роҳ мешуморем.Бахтиёри Қутбиддин, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ