Пешвои миллат ва озодии баён

0
131

пешвои миллатДар таърихи башарият шахсиятҳое ҳастанд, корномаву фаъолияташон дар марҳалаи муайяни таърихӣ дар сарнавишти миллату давлаташон ва ҳатто инсоният бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ва ин фарзонагони башарият ҳам дар самти сиёсат, ҳам илму фарҳанг бо азхудгузаштанҳо, бо назару диди фарох амал кардаанд. Дар қатори чунин фарзонагон, барҳақ, Пешвои миллати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи сазовор доранд.Ибтидои истиқлол барои миллати ҷафокашидаи тоҷик ва давлатдории навинаш имтиҳони сангинеро пеш гузошт. Буду нобуди миллати куҳанбунёд, фанову бақои давлати тозаистиқлол, сарнавишту зиндагии минбаъдаи мардум ҳал мешуд. Ана, дар ҳамин лаҳзаи ҳассоси таърихӣ зимоми давлатдорӣ ба ҷавони азхудгузашта Эмомалӣ Раҳмон, ки ниҳодаш саропо бо сарнавишти мардум пайванд буд, расид. Ва аввалин нидои роҳбари ҷавон аз сулҳ буд. Агар мо ба фаъолияти Пешвои миллатамон як назари иҷмолие андозем, мебинем, ки ин фаъолият аз рӯзҳои нахустин то имрӯз дурандешонаву пайгирона, созандаву бунёдкорона будааст. Ин фаъолият на танҳо миллату давлати моро ба ин рӯзи саодату некӣ расондааст, балки дар сарнавишти мардуми сайёра бо аввалин шуда масъалагузорӣ кардан дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муаммоҳои глобалии марбут ба ҳифзи муҳити зист, дастрасии инсоният ба оби ошомиданӣ нақши боризе дорад. Аз кадом паҳлуе ба фаъолияти Пешвои миллат бингарем, қобилияти фавқулоддаи ояндабиниро мебинем. Яъне, тамоми фаъолияти Пешвои миллати мо саршори созандагист. Мо андешаҳои худро танҳо дар як самти он – вазъи озодии баён дар пасманзари сиёсати Пешвои миллат изҳор мекунем. Ҳама дастовардҳои дар ин ҷода ба дастовардаи ҷомеаи Тоҷикистон ба иродаи устувори сиёсии Пешвои миллат рабт доранд.Принсипи асосии мавҷудияти ВАО дар давлати ҳуқуқбунёд озодии ахбори омма мебошад. Дар Моддаи 30-юми боби дуюми Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад… Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст». Тавре дида мешавад, дар ин моддаи Конститутсия ба ҳар як шаҳрванд озодии ақида, сухан, ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ кардан, ба даст овардан, додан, интишор ва паҳн кардани иттилоъ бо ҳама гуна роҳи қонунӣ кафолат дода мешавад.Дар байни кафолатҳои конститутсионии озодии ахбори омма эътироф гардидани гуногунақоидӣ дастоварди дигар аст. Таҷрибаи талхи низоми тоталитарии гузашта собит намуд, ки озодии ахбори омма ва гуногунандешӣ (плюрализм) бо монополизми идеологӣ, моноидеология (якақидагӣ) номувофиқанд. Аз ин рӯ, барои таъмини озодии ахбори омма моддаи 8-уми боби якуми Конститутсия аҳамияти ниҳоят муҳим дорад, ки дар он гуфта мешавад: «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад».Дар асоси санади олии ҳуқуқии мамлакат даҳҳо қонуну санад қабул шудаанд, ки ҳамагӣ барои фаъолияти озодонаи расонаҳо мусоидат мекунанд («Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама»…)Пешвои мо зимни суханронии хеш дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик (10 марти соли 2012) бори дигар хотирнишон сохтанд, ки «танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад… танқид дар заминаи таҳлили ҷиддӣ ва далелҳои боэътимод бояд сурат гирад.» Ин таъкиди Сарвари давлат нишони он аст, ки Ҳукумати кишвар ба танқиди созандаи журналистон арҷ мегузорад ва барои рафъи мушкилоти ҷойдошта аз суханони журналистон чун чашму гӯши ҷомеаи шаҳрвандӣ истиқбол мегирад.Дастовардҳои аҳли қалами мо, бахусус, журналистон дар партави сиёсати Пешвои миллат сазовори зикру ситоишанд. Ҳамасола созмонҳои байналмилалии марбут ба фаъолияти журналистон вазъи озодии баёнро дар кишварҳои олам ба риштаи таҳлилу таҳқиқ мекашанд. Хушбахтона, дар ин таҳлилҳо Тоҷикистони мо дар қиёс бо бисёр кишварҳои олам ва аз ҳама давлатҳои минтақа болотар аст. Ва яке аз бартариҳое, ки пайваста зикр мешавад, ҳамкории ҳукумат ва ҷомеаи журналистӣ дар самти бартараф кардани муаммоҳои ҷойдошта мебошад. Ба гунаи мисол, маҳз бо ибтикори Пешвои миллат моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи онҳо рӯзноманигорон барои таҳқиру туҳмат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд, аз қонунгузории ҷиноятӣ ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шуданд. Ин муаммое буд, ки борҳо журналистон дар нишасту маҳфилҳои худ сари он мубоҳиса мекарданд. Ва Сарвари давлати мо бо ин амал як навъ эҳтироми худро ба озодии баён изҳор кард ва ҳам барои роҳбарони кишварҳои минтақа намуна гашт.Дар журналистикаи касбӣ факт ҷони ақида ҳаст. Мо ҳам барои исботи ақидаи худ чанд фактро барои хонандагони азиз пешкаш мекунем, то дар бораи нақши Пешвои миллат дар рушди озодии баён ва умуман, журналистика дар кишвар хулосаро худ бароранд. Дар ягон ҳамсоякишварамон дар сатҳи кишвари мо аз солгарди матбуоти худ ҷашн намегиранд. Нахуст ҷашни матбуоти тоҷик дар рӯзе таҷлил мегардад, ки нахустрӯзномаи тоҷикӣ (11 март) аз нашр баромадааст. Баъдан 100-солагии нашрияи «Бухорои шариф», ба қавли Ҷаноби Олӣ «на танҳо ҷашни аҳли матбуот, балки ҷашни умумимиллӣ низ» гардид.Дигар ин ки маҳз истиқлолият ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат имкон дод, ки журналистикаи тоҷик ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам аз нигоҳи миқдор боло равад. Агар дар соли нахустини истиқлолият — соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 139 адад рӯзномаву маҷалла (аз ҷумла, 4 рӯзномаи хусусӣ) ва ҳамагӣ як агентии иттилоотии давлатӣ вуҷуд дошта бошад, пас имрӯз бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ беш аз 500 расона қайд шудаанд, ки 75 фоизи онҳо ба бахши хусусӣ рост меоянд. Аз 11 оҷонсии иттилоотии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 10 оҷонсӣ ғайриҳукуматӣ мебошанд. Ин шаҳодати он аст, ки Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат барои рушди ҳам матбуоти ҳукуматӣ ва ҳам мустақил шароити мусоидро фароҳам сохтааст. Гузашта аз ин, дар солҳои истиқлолият васоити электронии ахбори ҷумҳурӣ ба таври бесобиқа рушд карданд. Дар баробари як шабакаи умумии телевизионии соли 1991 имрӯз 4 шабакаи ҷумҳуриявии телевизионӣ – Шабакаи аввал, «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон» бо мазмуну муҳтавои гуногун бо назардошти манфиат ва завқи тамошобинон фаъолият доранд. Баъди чанд рӯзи дигар 2 телевизиони сартосарӣ – «Синамо» ва «Варзиш» намоишҳои худро пешниҳоди ҳамагон мегардонанд. Ҳамин гуна қиёси фараҳбахшро дар самти радиошунавонӣ низ метавон анҷом дод.Тавре огоҳ ҳастем, тибқи Амри Президент дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соле ду маротиба (оғоз аз соли 2009) нишастҳои матбуотӣ бо иштироки васеи журналистону коршиносон баргузор мегарданд. Магар ин ҳама аз фаъолияти самарабахши ВАО дар самти озодии баён ва дастрасии ҷомеа ба иттилоот дарак намедиҳад? Ин комёбиҳо ва инкишофи журналистикаи тоҷик шаҳодати сиёсати Пешвои миллат дар самти озодии баён аст.Фахриддин Ҳайдаров,Сангин Гулов,Абдумуъмин Қутбиддинов,дотсентони ДМТБознашр аз рӯзномаи“Омӯзгор”