Таърих

Студияи таълимии телевизион ва радио аз таърихи 1-уми сентябри соли 2011 ташкил шудааст. Он ҳамчун лабараторияи таълимӣ кафедраи телевизион ва радио, умуман факултети журналистика хидмат мекунад. Студия бо шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, хабару гузоришот пайваста пахш мегарданд. Барномаи хабарии Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намунаи барҷастаи ин гуфтаҳост. Нахустин мудири он Зафар Эшматов тайи солҳои 2011-2015 барои ободии студияитаълимии телевизион ва радио заҳмат кашидааст. Аз соли 2014 инҷониб мудирии онро ассистенти кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ Муслима Манонова ба уҳда дорад. Дар студияи мазкур ду нафар корманд Нурулло Мирзоев ба ҳайси наворбардор ва Сергей Тютин ҳамчун коргардони танзим фаъолият мекунанд. Қаблан Фаромуз Муъминҷонов (солҳои 2011-2016) барои омода намудани барномаву гузоришоти донишҷӯён танзимгар  низ фаъолият намудааст.

Студияи мазкур дорои утоқҳои алоҳида барои танзим, сабти овоз, утоқи коргардон, хулоса дорои тамоми шароити ҳозиразамон буда, бо техникаву технологияи навтарин таҷҳизонида шудааст. Студияи таълимии телевизион ва радио ҷиҳати омода намудани донишҷӯён ҳамчун мутахассиси соҳаи журналистика аҳамияти калон дорад.

Соли 2015 телевизиони студияи мазкур ба фаъолият пардохт, ки он минбари донишҷӯёни факултет ба ҳисоб меравад. Ин телевизион ҳамарӯза аз соати 830 то 16 дар 10-дақиқагии байни дарсҳо барнома пахш мекунад. Номгӯйи барномаву бахшҳо “Ибрози назар”, “Дар фазои кушод”, “Андарзи рӯз”, “Дар меҳмонӣ…”, “Баҳси имрӯз”, “Мушкилоти донишҷӯ” ва монанди ин мебошад.

Студияи мазкур якчанд филми мустанад, аз ҷумла “Фурӯғи хирад” (65 солагии ДМТ), “Шуълаи раҳнамо” (100 солагии Раҷабов) ва монанди инҳо таҳия намудааст.

 РАСМҲО: