(бардошт аз ҳамоиши илмиву назариявӣ ДМТ дар мавзӯи “Саҳми профессор Абдусаттор Мухторов дар пажӯҳиши таърихи халқи тоҷик”)
_________________
Имрӯз (14.12.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи факултети таърих зери унвони “Саҳми профессор Абдусаттор Мухторов дар пажӯҳиши таърихи халқи тоҷик” ҳамоиши илмӣ барпо гардид.
Ҳамоишро Раҷабзода Фаридун Кишвар, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ оғоз бахшида, қадрдонӣ, манзалат ва мушахас намудани хидматҳои чунин шахсиятҳоро яке аз авлавиятҳои сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.
Дар ҳақиқат саҳми профессор Абдусаттор Мухторов дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик назаррас ба шумор рафта, як паҳлӯи фаъолияти ӯро журналистикаву публитсистика низ ташкил медиҳад.
Ин ҷабҳа дар муаррифии чеҳраи мавсуф дар илми таърих ва таблиғу ташвиқи ормонҳои миллӣ мусоидат ҳам кардааст.
___________________
Доир ба чунин самтҳо дар ҳамоиш қайдҳо ироа гардиданд, ки фишурдаи он чунин аст:
РАҶАБЗОДА ФАРИДУН КИШВАР, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ:
Омӯхтани ҳаёту фаъолияти олимону муҳаққиқони соҳаи таърих дар худшиносии миллӣ мусоидат менамояд ва ин нуқта борҳо дар суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гаштааст.
Дуруст аст, ки бузургонро бузургон зинда медоранд. Арҷгузорӣ ва солгарди шахсиятҳои варзидаи илму фарҳанг бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамин мазмун аст.
Хидмату заҳматҳои олимони соҳаи таърих мебошад, ки халқи тоҷик дар роҳи худшиносӣ қадамҳои устуворе мегузоранд.
Таърих ва журналистика ду соҳаи дар робита наздик ба Абдусаттор Мухторов камолоту мақом бахшидаанд.
Профессор Абдусаттор Мухторов дар пешрафти илму таълим дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон саҳми назаррасе гузоштааст.
___________________
РАСУЛИЁН ҚАҲҲОР РАСУЛ, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ:
Мутаасиф имрӯз дар миёнаи мо бисёриҳо нестанд ва Абдусаттор Мухторов аз ҷумлаи онҳост.
Он чизе ки имрӯз ба мухотабон мегӯем, ба ваҷҳи ошно намудани ҷавонон бо шахсиятҳои варзида мебошад.
А.Мухторов аз журналистика ба илм омадааст.
Журнализм низ як рукни таърих аст ва инро А. Мухторов амиқ дарк мекард.
Соли 1972 дар озмуни рӯзномаҳои деворӣ рӯзномаи факултети мо ҷойи аввалро гирифт. Сабабаш он буд, ки А.Мухторов муҳаррири он буд.
Абдусаттор Мухторов дар зиндагии наврасӣ азобҳо кашидааст. Дар панҷсолагӣ ятим монданаш ва нодорӣ монеаҳои ҷиддӣ буданд.
Ба оғӯши ятимхона фаро гирифта шуд ва ба зинаҳои баланди илм расид.
Абдусаттор Мухторов беш аз 30 китоби хурду бузург навиштааст. “Ахтари тобони илми таърих” яке аз беҳтарин асарҳои А. Мухторов мебошад, дар шинохти З. Раҷабов.
Меҳмонхонаи Вахш аввалин бинои ДМТ буд, ки онро аз ин асар донистем. Бузургии Бобоҷон Ғафуров аст, ки манфиати илмро афзал аз ҳизб медонист ва инро андешаҳои А.Мухторов собит менамояд.
Дар ҳаёту эҷодиёти А. Мухторов чор самти аслӣ вуҷуд дорад:
1. Таҳияи асару китобҳои таълимӣ
2. Омӯзиши таърихи асримиёнагии тоҷикон. Китоби устод дар Сомоншиносӣ беназир аст
3. Омӯзиши таърихи муосири халқи тоҷик (рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ)
4. Таълифи асару китобҳои илмиву публитсистӣ дар шинохти шахсиятҳо
___________________
МУРОД МУРОДӢ, д.и.ф, профессори кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ:
А. Мухторов аз зумраи устодони таърихшинос аст, ки оғози фаъолияти худро аз рӯзноманигорӣ шурӯъ намудааст.
Бештар аз панҷсад мақолаву очерку асарҳоро таълиф намудааст.
Соли 1959 аввалин ҳамкориҳои худро бо нашрияи “Пионери Тоҷикистон” оғоз кардааст.
Аввалин лавҳаи муваффаққона роҳи ӯро дар журналистика кушодааст.
Як давраҳо аз сермаҳсултарин муаллифон буд, ки эҷодаш инъикосу баррасии масъалаҳоро васеъ фаро мегирифт.
Бо факту далелҳо боҷуръатона маводҳои танқидиро интишор мекард.
Соли 1962 ба таври расмӣ корро дар идораи нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” ба сифати мудири шуъба оғоз менамояд.
Замоне шореҳи варзишии нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” будааст, ки дар ин замина беҳтарин репортажҳро навиштааст.
Хабар, мухбирнома, репортаж, мақола, лавҳа, очерк ва ғайра аз сертстеъмотарин жанрҳо дар эҷоди ӯ мебошанд.
“Ватанпарвар” соли 1995 бо тасмими ӯ таъсис дода шудааст.
Тамоми давраҳои ҳаёт ҳамкории худро бо матбуот идома дода, чун публитсист шинохта шудааст.
Ҳамкориро бо матбуоти даврӣ то охири умр қатъ накардааст.
___________________
МУҲАММАД АЛИИ ХУРОСОНӢ, н.и.ф, профессор, мудири шуъбаи дастхатҳои АМИТ:
Андешаҳои самимонаи имрӯза дар шинохти А. Мухторов нишони одамияти баланд доштани он кас мебошад.
Маслиҳат ва поҳнамоиҳои З.Ш.Раҷабов боис мешавад, ки ба роҳи илму таълим равад.
Рисолаи номзадияшро шаб то рӯз дар идораи нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” навиштааст.
Абдусаттор Мухторов ҳамчун таърихшинос бо гузаштаву имрӯзаи миллати тоҷик бо масъулияту муҳаббат нигаристааст.
Хидмат ва пажӯҳишҳои профессор Абдусаттор Мухторов дар шинохти Давлати Сомониён хеле бузург мебошад.
___________________
УМАРОВ АБДУЛЛОХОҶА ҚУРБОНХОҶАЕВИЧ, н.и.т, дотсенти факултети таърих:
Абдусаттор Мухторов мегуфтанд, ки муҳаққиқ бояд ҳатман ба касби муаллимӣ машғул бошад.
Бузургтарин олимону муаррихони шинохта тарбияёфтагони мактаби илмии он кас мебошанд.
Дар роҳи тарбияи кадрҳои илмӣ саҳми муносиб гузоштааст.
Чун худ заҳмату мушкилоти зиндагиро дида буданд, нисбати шогирдони дилсӯзу раҳмдил буданд.
Декани факултети журналистика, профессор Қутбиддинов А.Ҳ.