Муҳимтарин неъмат ва ганҷе, ки миллат метавонад ба даст биёрад, ин истиқлолият аст.
Исиқлолияти давлатӣ саромад ва заминаи тамоми хушбахтиву пешравиҳо, мустаҳкамии пояи давлат ва сарҷамъии миллат дониста мешавад. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикисон дорои ин неъмат ва ганҷинаи бебаҳост. Истиқлолияти Тоҷикистон дар заминаи руҳияи озодиву истиқлолхоҳии миллати тоҷик, ки тӯли қарнҳо нигоҳдорӣ ва ҳифз мешуд, ба вуҷуд омадааст.
Кишвари орзуҳо ва шоҳи идеалӣ дар устураву афсонаҳои тоҷикон аз даҳон ба даҳон гузаштаву дар адабиёти классикӣ консепсияи шоҳи одилу давлати ормонҳо пурратар гардидааст, ки ин ба мустаҳкамии идеяи истиқлолхоҳӣ ва устувории иродаи миллат мусоиат менамуд. Баъди пошхӯрии далати Сомониён тоҷикон ноумед нашуда, аз имтиҳонҳои шадиди таърих бо ҳазор ҷонбозиҳо, аммо бо посдории забону фарҳанг, иродаву устуворӣ ва ғурурӣ азалӣ, муҳим аз ҳама нигоҳдории орзуву ормони истиқлолхоҳӣ гузаштанд. Охиран, Истиқлолияти Тоҷикистон ба даст омад. Дар гумон буд, ки тамоми имтиҳонҳо пушти сар шуд, аммо имтиҳони сангину нангин дар пеш буд, ки таҳдиди навбатӣ барои абадан аз харитаи ҷаҳонӣ нест шудани номи Тоҷикистонро пеш меовард. Ин ҳам ҷанги шаҳрвандӣ. Дар ВАО-и дохиливу хориҷӣ Тоҷикистон симои манфур дошт, зеро тоҷик бо тоҷик меҷангид. Гарчанде ин бо дахолати қувваҳои беруна буд, аммо далел далел аст: баробар барбарро мекушт!…
Ин аст, ки ба андешаи таърихнигорону сиёсатшиносон истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 ба даст омада бошад ҳам, амалӣ гардидани он ба Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон мансуб аст. Бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари сиёсии мамлакат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол тақдири минбаъдаи давлату миллат ба кулли тағйир ёфт.
Нияту нақшаҳои худро Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз дар амал нишон дод: бо аввалин қарори авф гуноҳи иштирокчиёни муқовимати сиёсӣ ва ҷангро бахшид. Раиси ҷавон хуб дарк мекард, ки сулҳ бахшишу гузаштҳоро мехоҳад. Хунро бо хун намешӯянд. Зуриву зуроварӣ вазъиятро мушкилтару ҳадафҳоро дуртар мегузорад. Аз ин рӯ, дар тамоми баромаду суханрониҳои ӯ, ки тариқи ВАО инъикосу интишор гардидаанд, пайваста аз сулҳу ваҳдат сухан рафта, мардум ба якдиливу иттифоқӣ даъват карда шудаанд, дар тамоми вазъият мавқеи Эмомалӣ Раҳмон сулҳ будаасту ҳаст.
Решаи истиқлолияти давлатии мо баъди расиан ба сулҳи комил мустаҳкам гардида. Имрӯз Сулҳи тоҷикон чун намунаи олии сулҳофарӣ ва мактаби сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон лоиқи омӯзиш дониста мешавад. Дар муддати кӯтоҳ симои Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори ҷаҳон тағйир ёфт. Имрӯз Тоҷикистон чун давлати амн, ташаббускор, дорои имконоти сайёҳӣ, кишвари ободу шукуфо муаррифӣ мегардад.
Вале бояд дар назар дошт, ки то рӯзи ганҷ ба даст аст, ҳифзу нигаҳдории он вазифаи муҳимму асосӣ дониста мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки ҳифзи истиқлолияти кишвар аз ба даст оварданаш борҳо мушкилтар мебошад. Барои ин, пеш аз ҳама сарҷамъиву муттаҳидӣ ва муҷаҳҳаз бо донишу зиракии сиёсӣ лозим меояд, то ки истиқлолияти давлатӣ ҷовид бимонад.
Сафарзода Моҳира Амиралӣ докторант (анъанавӣ)-и кафедраи ТВ ва радиошунавонӣ