29–УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ МУБОРАК БОШАД!

0
196

Бахшида ба ин солгард бо ибтикори бахши тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори донишгоҳ бо иштироки устодону шогирдон ва меҳмонон ҷамъомади идона баргузор гардид.

Ҳамоишро ректори донишгоҳ профессор Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳ намуда, нақшу заҳмати сарҳадбононро дар тинҷиву осудагии зиндагии мо муҳим арзёбӣ намуданд.

Бехатарии сарҳад ин пешрафту инкишофи давлат мебошад ва он рисолати ватандории ҳамагон аст. Ҳифзи сарҳад вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд баҳогузорӣ гардида, нақши донишгоҳро дар маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ махсус номиданд.

Дар ҳақиқат боиси ифтихор аст, ки имрӯз даҳҳо нафар хатмкардагони донишгоҳ дар хатҳои сарҳадӣ адои хизмат менамоянд. Ихтиёран ба хидмати ватан рафтани донишҷӯёни донишгоҳ ба як анъана табдил ёфт.

– Имрӯз шароиту имконият дар ҳама қисмҳои низомӣ дар сатҳи баланд қарор дорад ва ҷавонон дилпурона марзу буми худро ҳифз менамоянд, – афзуд ректори донишгоҳ.

Дар ин вохӯрӣ Сафаралӣ Сайфуллоев – генерал – лейтенант, собиқ муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок намуда, солҳои аввали душвори таъсис додани ин навъи қӯшунҳоро таъкид намуданд.

С.Сайфуллоев аз солҳои душвори остонаи истиқлолият ишора карда, ба заҳматҳои зиёди Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд доданд.

– Ҳама чиз аз сифр оғоз мегардид ва шароити имрӯза нисбат ба он солҳо қиёснашаванда мебошад, қайд намуд генерал

Полковники Қӯшунҳои сарҳадӣ, дотсенти Мактаби олии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Нигина Муминзода низ дар бораи аҳамияти таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ андешаҳои ҷолибро баён намуданд ва ҳама пешравиҳоро дар ин самт боиси ифтихор донистанд.

Дотсент Файзалӣ Амин низ ҳамчун иштирокчии ҳаводиси Афғонистон дар бораи ватандӯстӣ ва дигар уфуқҳои худшиносӣ фикрҳои худро баён карданд.

Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин подполковник, устоди Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ Садриддин Зоиров, подполковник ва устоди ҳамин донишкада Темирлан Дудиев ва дигар меҳмонон ширкат доштанд.

Вохӯрии мазкур барои аҳли устодону донишҷӯён хеле омӯзандаау ибратбахш буд

Бахтиёри Қутбиддин,

 декани факултети журналистика