БУРИНИСО БЕРДИЕВА – «ҚАҲРАМОНИ НАВРӮЗ»

0
16

МУҚАДДИМАИ НАВРӮЗИ МИЛЛӢ

Замони шӯравӣ иди Наврӯзро инкор мекард. Ин идро «боқимондаи хуруфоти федодалӣ» мегуфтанду онро ҳамчун иди бо дин иртиботдошта муаррифӣ менамуданд. Феодализм ва дину оин «душманони сарсахт»-и идеологияи шӯравӣ дониста мешуд. Аммо аз ҷониби аҷнабие нест кардан анъанаҳо, дину оин ва муқаддасоти қадимии мардумӣ дар ҳама даврон мушкилу ғайриимкон аст.

Дуруст аст, ки дар ҳар давра диктатураҳо қонунҳои шадиду ҷиддие ва муҷозоти гушношуниде барои нест кардани ин ё он оину эътиқод – ҳамчун гавҳари қимати халқу мардумон эҷод менамоянд. Аз ҷумла танатанаҳои наврузӣ, ки бо «таҳдиду таъқиб»-и ошкору пурра дар замони шӯравӣ манъ буд. Барои иддае мояи ифтихору баландии маснаду мақом буд, агар дар ин роҳ (лағви Наврӯз) кушишҳо масраф менамуданд. Аммо хушбахтона нақшҳои сангинро касеву чизе то ҳол натавонистааст, ки ба куллӣ ба коми нестӣ бурда расонад. Ин «сӯхта натавонистанҳо»-ро бошад доимо дар таърих касеву чизи дигаре мӯҷибу монеа мегашт. Яъне ин ҷараён табиӣ набуду барои ба вуҷуд омадани сипарҳо нафарони алоҳида заҳмат мекашиданд ва бо ҷой доштани хатарҳои маълум ҷонбозӣ ҳам мекарданд.

То солҳои навадуми асри гузашта сензураҳои доманафрохтаи замони шӯравӣ имкон намедод, ки матбуот дар қолаби озоду ошкоргӯӣ фаъолият дошта бошад. Монанди имрӯза тамоми «дару дарвозаҳо» барои матбуот боз набуд. Дар инъикоси масоили худшиносиву зинда гардонидани анъанаҳои аҷдодӣ ба табъ расонидани матолиб як амри мушкилу дастнорас ба ҳисоб мерафт. Аммо буданд ашхоси зиёиву эҷодкоре, ки тобу тавони мушоҳида кардани фанои расму тамоюли аҷдодиро надоштанд. Аз ҷумла иди бошукӯҳи Наврӯз, ки ҳазорсолаҳо мардуми тоҷику форс онро ҷашн мегирифт, оҳиста-оҳиста аз хотирҳо зудуда мегашт.

Хушбахтона дар солҳои шастуми асри гузашта матбуоти тоҷик дар роҳи эҳё кардани ин иди мардумӣ аввалин қадамҳоро гузошт. Ин қадамҳо сарҷамъона набуданд. Аз таърихи таҳаввулу ташаккули тамоми ҷабҳаҳову соҳаҳо маълум аст, ки ҳатман дар роҳи муборизаву талошҳо бори масъулияту душвориву роҳнамоӣ бештар ба души танҳо яку якчанд нафар меафтад. Дар ҷодаи эҳё кардани Наврӯзи бостонӣ бошад аввалин иқдомҳо ва аввалин душвориҳо ба души як бонӯи эҷодкори тоҷик бо номи Бӯринисо Бердиева ғалтида буд.

МАТБУОТ ХАЗИНАИ АСНОД АСТ

«Маориф ва маданият» аз ҷумлаи он нашрияҳое дар таърихи матбуоти мо ба ҳисоб меравад, ки дар давраҳои хос рисолатҳои бузургеро ба душ дошт. Маҳз дар ин нашрия Буринисо Бердиева тавониста буд, ки дарси хоси худшиносиро роҳандозӣ намояд. Баҳои арзанда ва нақши созандаву устувори ин рӯзнома ва ин бонӯи шӯҷоъро муҳаққиқ Юсуфи Акбарзода вобаста ба эҳёи иди Наврӯз ва мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ чунин зикр месозад: «Ин рӯзнома минбари бедорӣ буд.

Дар бораи мақоми забони тоҷикӣ ва ҷашни миллии Наврӯз танҳо дар саҳифаҳои он матолиб ба нашр мерасид. Наврӯзро ҷашни динии зарарнок мегуфтанд. Муфассирони навбаромад мегуфтанд:-Наврӯз, рӯзи нав, яъне чӣ? Рӯзи навамон аз 7-ноябр сар мешавад ва соли навамон аз якуми январ. Онҳое, ки дар КМ бар зидди таҷлили он буданду Буринисоро миллатгарову мухолифи сиёсати давлатӣ мегуфтанд, имрӯз худро пуштибон ва мубориз дар роҳи таҷлили Наврӯз меноманд.. Чӣ бешарафӣ!»

Иқтибоси боло бори дигар «сиёҳнависи аввалини таърих…» будани матбуотро дар замони муосир исбот менамояд. Ҷои пӯшида нест, ки иддае аз «зиёиёни офтобпараст» дар замони шӯравӣ дину оину эътиқод ва ин ҷашни ниёгонро инкор менамуданд. Чун замона дигар гашт, онҳо низ ҷомаи худро ранги дигар бахшиданд. Таъсири «насими бозсозии горбачёвӣ»-ро нахустин шуда онҳо эҳсос мекарданд. Тааҷҷубовар аст, ки ин тоифаи «ҷоҳили муваффақ» дар баробари гуногунрангу манфиатҷӯ будан, дар ҳама ҳолат мавқеи нави худро дар ҷомеаву сохтҳои ивазшаванда хеле осон дармеёбанд. Гӯё ҳама чизро медонанд ва аламбардори тамоми давру замон маҳз эшонанд.

Матбуот худ хазинаи таърих аст. Яъне саҳифаҳои матбуоти гузаштаву имрӯза ғайриихтиёр ҳама чизро сабт менамуду менамояд ва чун гувоҳи яқин аксар чизҳоро собит менамояд. Яъне хонандаи гузаштаву имрӯзаву оянда медонад, ки сафед чисту сиёҳ чист ва кадом фард фарзанди садоқатманди миллату халқ асту кадом хиёнатпеша? Ин рисолатро бастаҳои рӯзномаҳо чун китоби дастаҷамъии аснод ҳамеша ба дӯш доранд. Нақши созандаву устувори «Маориф ва маданият» он буд, ки матолиби ба табъи ҳокимони давр носозгорро ба нашр мерасонид. Аз ҷумла маводеро, ки рӯҳияи наврӯзӣ доштанд.

Юсуфи Акбарзода аз нашри як мақолаи Бозор Собир дар мавзӯи Наврӯз ёдовар мешавад, ки дар саҳифаҳои рӯзномаи мазкур ба табъ расида буд. Мақолаи «Иди Наврӯз»-и Бозор Собир соли 1966 мавриди танқиду таҳдидҳои зиёд қарор мегирад. Аз ҷумла мақом ва супориши боло боис мегардад, ки Мирзо Турсунзода Бозорро бо ин мақолааш танқид намояд: «Ман ба мақолаи Бозор Собир дар бораи Наврӯз ҳайрон шудам. Дар инҷо муаллиф бо ҳасрат аз рӯзҳои гузашта гап мезанад. Аҷабо норизоии муаллиф аз чист? Вай чи камбудӣ дорад, ин кайфият дар вай аз куҷо пайдо шудааст?» Албатта хонандаи заккӣ аз ин ҷумлаҳои устод Турсунзода маъниҳои духураро зуд дарк менамояд ва бо хубӣ маълум низ ҳаст, ки Турсунзодаро замону замондорон маҷбур менамуданд, ки гоҳо муқобили ҷараёнҳо ҳаракат намояд.

Мавқеи Турсунзода зидди таҷлили ин ҷашн набуд ва дар аксар ҳолат ӯ низ дар сангари муборизаҳо қарор дошт. Масалан вакте Ҷаббор Расулов ба ҷои Наврӯз «Ҷашни гули лола»-ро пешниҳод менамояд, маҳз Турсунзодаву Осимӣ барин шахсиятҳо аввалин шуда ин пешниҳоду таклифро намепазиранд ва даъво мекунанд, ки ҳар ид бояд бо номи худаш таҷлил гардад. Ин воқеаи солҳои шастуми асри гузашта аст. Турсунзода ҳамчун мунодии сулҳу шахсияту пешвои шинохта маҷбур буд, ки вобаста ба вазоифи пурмасъулияти худ гоҳо мухолифатҳои рӯякии худро нишон диҳад. Дар асл ӯ аз нафароне буд, ки масалан дар солҳои чилумум панҷоҳум шадидан дар муқобили тасмимҳои «комиссияҳои ному насабгузорӣ» қарор гирифтаву тавониста буд, ки як бахши аъзами фарҳанги миллатро, ки ному насабҳои тоҷикӣ буданд, наҷот диҳад.

ДАРГОҲИ УМЕДИ НАВМЕДГАШТАҲО

Б. Бердиева моҳи марти соли 1963 ба сифати сармуҳарири рӯзнома ба кор меояд. Аввалин қадамҳои ин эҷодкор дар партави дарси худшиносӣ сурат мегирад.

Маълумотҳои мухталиф нишон медиҳанд, ки ӯ бояд ба сифати ҷонишини вазири фарҳанг корро қабул менамуд. Аммо дар КМ ба ин кор монеа мешаванд. Сипас ӯро мехоҳанд, дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» сармуҳаррир таъин намоянд. Инҷо ҳам мухолифон пайдо мешаванду оқибат ӯ ба рӯзномаи «Маориф ва маданият» меояд. Буринисо Бердиева идораи рузномаи «Маориф ва маданият»-ро «бадарғагоҳи маҷбурӣ» номидааст, ки «дар онҷо ё мурда меравӣ ё бо азобу уқубатҳои зиёд оқибат зинда бармегардӣ». Доираҳои аҳли эҷод бошанд, то ҳол ин даргоҳро «баталиони ҷаримавӣ» меноманд. Б.Собир, С.Улуғзода, Лоиқ, Ҷумъа Одина ва дигар эҷодкорони ошкоргӯву ошкоркаломро аз дарҳо меронданд. Танҳо дари ин «бадарғагоҳ» боз буду рӯзномаи Б. Бердиева нотарсона онҳоро қабул мекард ва дар оғушаш онҳоро мепарварид.

Ин ишораҳои нимшӯхиву нимҷиддӣ то андозае ҳақиқати комилеро дар худ мепарваранд. Барои чи ин рӯзнома аз назарҳо дур мемонад, ё назорат ба он душвор буд, то ҳол пурра маълум нест. Иддае андеша доранд, ки аз Буринисо Бердиева ҳама метарсиданду ҳарос доштанд. Зеро ӯ ҳалол кор мекард ва заҳмати шабурӯзияшро барои ободии ватану диёр сарф менамуд. Ӯ бо нӯки қалам зиндагияшро пеш мебурд ва бандаи шӯҳрату мол набуд.

Ба ҳама кормандонаш кӯмаки молиявӣ менамуд, ба онҳо унвонҳоро гирифта медод, дар гирифани хона ба ҳамашон мусоидату ёрӣ мекард. Вале касе набуд, ки ба худи ӯ кӯмак расонаду унвону ифтихорномае барояш омода созад. Ба ғайр аз танбеҳу таҳдид дар 45-соли кори қаламкашияш дигар ҳеҷ як унвону мукофоте барояш надоданд. Дар ҳақиқат дар рӯзномае, ки сармуҳарираш ба ҳисоб мерафт, барои мансабдорони вақт дар пиёдасозии ҳадафҳояшон «бадарғагоҳ ва баталиони ҷаримавӣ» буд.

То омадани Буринисо рӯзномаи мазкур ҳамагӣ 500 нусха ба табъ мерасидааст ва онро низ касе намехондаасту дар дӯконҳо зери чанг мехобидаанд. Ё ин ки баъд аз муддате ин рӯзномаҳои нодаркор боз ба худи идора гашта мерафтааанд. Аммо Б.Бердиева ин рӯзномаи мурдаистодаро ба як рӯзномаи серхонандатарину маҳбуб табдил медиҳад. Дар ҳақиқат дар ҷодаи рӯзноманигорӣ кам касон муваффақ мешаванд, ки дар андак фурсат рӯзномаеву нашрияеро маҳбубу сертираж гардонанд. Ва ин журналистбонӯ дар роҳи касб комёб буд. Тиражи рузномаро аз 500 ба 135 ҳазор нусха мерасонад. Ин рӯзномае, ки ҳамагӣ ду тин арзиш дошт дар Бухорову Самарқанд 2-3 сум арзиш пайдо мекунад. Саҳари солеҳон тамоми дӯконҳо ин рӯзномаро мефурухтанд ва аз идора дархост мекарданд, ки боз барои онҳо рӯзнома биёранд. Чун Юсуфи пайғамбар, ки зиндонро ободу зебо карда буд, ин бонӯ низ рӯзномаеро, ки дар коми нестӣ мерафт, ба маҳбубтарин нашрия табдил додааст. Масъулони вақт ин тавр шакл гирифтани воқеаро интизор набуданд. Ҳар як нафари соҳибистеъдодеро, ки дар ин рӯзнома месабзид, бо ҳар баҳона аз инҷо дур кардан мехостанду ба ҷояш як бесаводи дигареро пешниҳод менамуданд. Ҳадаф фақат як чиз буд: «…рӯҳияи худшиносии рӯзнома шикаст ёбад».

МИНБАРИ ҶУРЪАТ

На ҳар як нашрия дар замоне ки сензураи шадид ҷорӣ буд, қудрати озодона ҳафр задану нашр кардани даъвоҳои худшиносиро дошт. Солҳои 1978-79 Мирбобо Мирраҳимов китоби «Наврӯзнома»-и Умари Хайёмро барои чоп омода мегардонад. Он нахуст бояд тариқи як рӯзнома ба нашр мерасид. Дар замони атеизм ва як навъ ҳазар аз ашъори шуарои классик нафаре ҷуръат намекунад, ки онро ба нашр расонад. Чопи ин китоби Хайём чанд паҳлӯро дарбар мегирифт. Нахустин ҳадаф боз як қадами ҷиддии дигар дар роҳи эҳё намудани ҷашни Наврӯз буд. Баъдан дар он солҳо мехостанд, ки дар Ӯзбекистон ин китобро тариқи тарҷума ба нашр расонанд, ки ин як шикасти фарҳангии мардумони форснажод ба ҳисоб мерафт. «Маориф ва маданият» боз ҳам ягона такягоҳу мактаби худшиносӣ сарфи назар аз монеаҳо онро ба табъ мерасонад.

Солҳо ҳаштодуми асри гузашта бо қарори ЮНЕСКО ҳазорсолагии Абуалӣ Сино ҷашн гирифта шуд. Миллатгароён ин фарзонафарзанди тоҷикро туркнажод муаррифӣ кардан мехостанд. Минбарҳо бо баёни афкори сияҳдилона дунболи якдигар манфиатҳои як миллату халқро нодида мегирифтанд. Мисраҳои Лоиқи бузург ба муқобили ин сияҳдилону сияҳфикрон нигаронида шуда буд:

Мавлавиро турк мегӯянд,

Турк меноманд ҳам Зардуштро,

Бӯалиро турк медонанд…

Аз эшон аҷаб нест

Ки Худоро низ рӯзе турк мехонанд…

Б.Бердиева буд, ки ин гуна абётро авалин шуда дар саҳифаҳои рӯзномаи худ ҷой медод. Б.Бердиева буд, ки аз тоҷик будани Буалӣ ҳарф мегуфту бо усулҳои хоси қаламнигорӣ ба сари рақибон зарбаҳо шадидро равона месохт.

Ба идораи рӯзномаи «Маориф ва маданият» мактубу мақолаҳо дар бораи ин иди аҷдодӣ чандон зиёд намеомад. Ҳама аз сензураи шадиди замона метарсиданду меандешиданд. Он нафароне, ки зиёд метарсиданд, мақолаашон дар бойгониҳо боқӣ намемонд.

–Агар тарсед, ман бо номи худ нашр мекунам.- мегуфт Буринисо Бердиева ва ҳамин тавр ҳам мекард. Ба ин «бонӯи якрави фарҳангдӯст» даҳҳо маротиба таҳдид мекунанд, маслиҳат медиҳанд, ки аз баҳри таблиғу тарғиби Наврӯз барояд. Онҳо метавонистанд, ки ин зани шуҷоъро ба миллатгароиву кӯҳнапарастияш гунаҳкор созанд. Ӯ аз шикасти моддиву маънавиии худ кам фикр мекард. Ӯро шикасти фарҳангиву миллӣ бештар азоб медод. Зимомдорони вақт роҳу усулҳои зарбаву фишорҳоро меҷустанд. Аммо ин зани фидоиро гӯё фариштае аз ҷониби Худованд доим дар паноҳаш ҳифз мекард.

Дар миёни даҳҳо рӯзномаву маҷалла ягона тарғибгари ин ид боқӣ мемонад. Аз мутолиаи як мақолаи М. Шукурзода бармеояд, ки солҳои 60-70-и асри гузашта рӯзномаҳо аз истифодаи мавод дар бораи иди Наврӯз бо пуррагӣ ҳазар менамоянд. Дар арафаи ин иди аҷдодӣ рӯзномаҳо ҷашни баҳору меҳнат гуфта, ба болои «Наврӯз» хати батлон мекашиданд. Танҳо «Маориф ва маданият»- и Б.Бердиева Наврӯзи оламафрӯзро ҷашн мегирифт. Аз инҷо чунин натиҷа гирифтан мумкин аст, ки «Маориф ва маданият» дар сангари муборизаҳо дар роҳи эҳёи Наврӯз дар матбуоти тоҷик ягонаву танҳо буд.

«ИДИ МЕҲНАТ» ВА «САЙРИ ЛОЛА» БА ҶОИ НАВРӮЗ

Иддае аз қаламкашону зиёиёни воқифи мо матонату қаҳрамониии ин бонӯи тоҷикро борҳо таъкид намудаанд, ки ӯ дар муқобили завлонаҳои замона ҳарос надошт. Дар такя ба онҳо чунин хулосае ба миён меояд, ки кадом як нерӯ ва ҷуръате, ки дар ниҳоди ин бонӯи қаҳрамон вуҷуд дошт, ки онро кам мардон дар худ доштанд. Масалан дар як мақола гуфта мешавад, ки то ҳадде ҳокимон имкон ба миён меоварданд, ки мардум аз анъанаи қадимӣ дур намонанд ва аз ҷумла барои адибон «равзанаи хурде боз карда буданд, ки на ба номи Наврӯз, балки бо як номи сохтаи «Сайри лола» аз расидани баҳор истиқбол гиранд». Ин иқдомро амали хайр гуфта наметавонем. Вобаста ба ин як замоне қарори махсус низ қабул гашта буд. Қарори мазкурро чанд ҳокиме, ки намояндаи ҳамин халқу миллат буданд, танҳо барои аз даст надодани мақому манзалати худ чун фиреби назар қабул карда буданд. Инро метавон танҳо хиёнате номид, ки Наврӯзро ба як чизи дигар табдил додан мехостанд.

Мехостанд, ки бо «Сайри лола» Наврӯзро аз ёду тасаввури омма дур баранд. Ба ин ҳадаф муваффақ мегаштанд, агар эҷодкорони алоҳида пайваста истифодаи вожаи «Наврӯз»-ро ба роҳ намегузоштанд. Бӯринисо аз ҷумлаи онҳо буд. Албатта кам набуданд он зиёиёну адибоне, ки орзӯи эҳё гаштани Наврӯзро дар дил мепарвариданд. Аммо дар садо баланд кардан хеле кам ҷуръату такягоҳу пуштибон доштанд. Дар доираи баъзе маълумотҳои дигар дармеёбем, ки масалан Холмурод Шарифов дар бораи ҷашни анъанаҳои миллӣ мақола менависад. Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзодаву дигар адибон ба он ҳамовоз мегарданд. Ва ин навиштаҳоро танҳо газетаи Б.Бердиева ба нашр мерасониду «дари идораҳоро» мекӯфт. Барои таҷлил иҷозат доданд, аммо ин иҷозат аз боло набуд ва танҳо онро бо «меҳнати сотсиалистӣ» робита дода, дар колхозу совхозҳо ошкору ниҳон ид мекарданд.

Маълум нест, ки дар зери партави кадом ҳадаф бошад, дар соли 1965 мақомоти онвақта зери роҳбарии Ҷаббор Расулов барои аҳли зиёву равшанфикрон гузашти дигар карда, «Иди меҳнат»-ро пешниҳод карданд. Аммо шарту ҳукм буд, ки он бояд ба хотири фаро расидани баҳор бошад. Гуё иҷозати Наврӯз танҳо дар дасти Маскав аст. Аз нуқтаи боло низ бардошт ҳосил намудан мумкин аст, ки «Иди меҳнат» низ барои барҳам задани фаҳмиши «Наврӯз» «кашф гардидааст». Матбуоти ҳизбии «яккатоз» ба таври фаровон ба таблиғи ин тамоюли нав пардохт. Дар шууру афкори омма онро ба ҷои «Наврӯз» ҷойгузин кардан мехост. Аммо шумораи 21-марти «Маориф ва маданият» ҳамчун нашрияи муштараки вазоратҳои фарҳангу маориф ва иттифоқи нависандагон, ки онро Б.Бердиева сармуҳарир буд, дар ҳамон сол саропо рӯҳияи наврӯзӣ доштааст. Шумораи наврӯзии рузнома дар ҷомеа «таркишҳо»-ро ба миён меовард. Ин мисол нишондиҳандаи он аст, ки ин зани қаҳрамон муқобили ҷараёни пурғулғулаи замон шино кардан мехост ва ба ин мақсадаш бо душвориҳо муваффақ низ мегашт.

НАХУСТҚАДАМҲО ДАР РОҲИ ЭҲЁИ НАВРӮЗ

Тарғибу ташвиқи Наврӯз аз саҳифаҳои рӯзнома сарфи назар аз ҳама таҳдиду озору фишорҳо дур намегашт. Аз оғоз то анҷом зиндакунандаи Наврӯзи бостонӣ маҳз ин зани шердил ба ҳисоб мерафт. Қиссаи кӯтоҳи шурӯи қадам дар роҳи эҳёи Наврӯз аз ҷониби ин бонӯи фарҳангдӯст далели он аст, ки ӯ дар муқобили ҷараёнҳои бузург чун сади устувору бузург меистад. Буринисо Бердиева дар як мусоҳибааш бо М.Мирраҳим мегӯяд, ки дар Хуҷанду Панҷакенту Самарқанду водии Фарғона вобаста ба он ки баҳор барвақттар меояд, солҳои панҷоҳу шаст 7-8 март иди Наврӯзро ҳамчун иди «худҷуши мардумӣ» ҷашн мегирифтанд. Азбаски доира нисбатан маҳдудтар буд, ба он камтар аҳамият медоданд. Вале бо вуҷуди ин мансабдор, ё раисони идораҳои алоҳидаро барои роҳ доданашон ба чунин «гуноҳ» (таҷлили Наврӯз) муҷозот менамудаанд. Соли 1964 ба идораи рӯзнома мактубе меоранду ба ӯ мегӯянд, ки дар Самарқанду Хуҷанд Наврӯзро ҷашн гирифтаанд. Аммо дар минтақаи марказ дар ин бора дар рӯзномаҳо ҳатто як хабар низ чоп намешавад. Тарҳи мақолаеро омода менамояд ва ба раиси Шӯрои вазирон Абдулаҳад Қаҳҳоров занг зада тасмимашро мефаҳмонад.

Аз рӯи шунидаш Абдулаҳад Қаҳҳоров пинҳонӣ «аз панҷ вақт намозаш канда набудааст». Марди донишманду бомаърифат ва посдорандаи анъанаҳои миллӣ будааст. Ошкору ниҳон ба ин тасмими сармуҳаррир розӣ мешавад ва аввалин қадамҳои роҳи мубориза барои эҳёи Наврӯз гузошта мешавад. Соли 1964 рӯзнома саҳифаи махсуси наврӯзиро ба табъ мерасонад, ки барои матбуоти он замон «сенсатсияи бузург» ба ҳисоб мерафт. Аз тамоми идораҳои масъули идеологӣ ба рӯзнома нахустин таҳдиду фишорҳо равона мегарданд. Аммо ин иқдоми Б.Бердиева натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Озорбойҷону Ӯзбекистону дигар собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ ҳамовозӣ пайдо намуда, шӯру валвалаҳоро ба миён меорад. Аввалин пайроҳаҳои эҳёи наврӯзиро Буринисо ҳатто дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мекушояд. Бастаҳои ин рӯзномаи боҷуръатро, ки ҳамагӣ ду тин арзиш дошт, ба Бухорову Самарқанд бурда ду сум мефурӯхтанд. Омӯхтани таҷрибаи ҷашни Наврӯз аз ҳамон рӯзҳову солҳо шурӯъ мешавад. Вале мақомоти ҳизбии вақти Тоҷикистон аз ин иқдом хурсанд нестанд ва рӯзномаро муҳокима намуда амали сармуҳарриро маҳкум менамоянд. «Маориф ва маданият» садҳо пардаро дарида «Иди Наврӯз» мегуфт, аммо тамоми нашрияҳои дигар – «Иди баҳор» ё «Иди меҳнат» мегуфтанду инкори анъанаи аҷдодиро менамуданд.

«ҚАҲРАМОНИ НАВРӮЗ»

«Қаҳрамони Наврӯз» ном гирифтани Б.Бердиева ҳақиқатҳову асосҳои худро дорад. Дар замону ҳокимияте, ки низоми диктатурӣ ҷорӣ мебошаду сензура ҳама тарғибу ташвиқи идеологиро назорат менамояд, ошкоро ба ҷонибдории Наврӯз садо баланд кардан воқеан қаҳрамонӣ буд. Махсусан барои онҳое, ки дар мақоми роҳбарӣ қарор доштанд, ин амр «ҷон дар каф гузоштан» ба ҳисоб мерафт. Барои ашхоси роҳбарикунанда ҳатто тасаввурнашаванда буд, ки муқобили қарору қонунҳои Кумитаи Марказӣ ҳарфе гӯянд. КМ тасмим дошт, ки ин ҷашни аҷдодии тоҷиконро аз тамоми саҳифаҳо дур созад. Табииист, ки дар ин самт фаъолтарин соҳа матбуот ба шумор мерафт ва ҳамин тавр ҳам буд. Ба ҷуз аз «Маориф ва маданият» тамоми рӯзномаҳо аз истифодаи маводи наврӯзӣ ҳазар менамуданд. Ба муқобили Наврӯз баромад намуда онро иди диниву зараровар муаррифӣ менамуданд. Муаллифони ҳамаи маводҳо намояндагони миллатҳои ғайр набуданд, балки фарзандони ҳамин халқу ҳамин сарзамин буданд. Бо лағв кардан ва ботил шуморидани Наврӯз мақому мансаби худро ҳифз мекарданду боло мебардоштанд. Танҳо Бӯринисо Бердиева буд, ки бо якравию гузаштан аз баҳри мансабу бехатарии худ аз Наврӯзи бостонӣ пуштибонӣ мекард. Ҳар фасли баҳору сарсабзиҳо тараннуми оҳанги наврӯзиро ба гӯши ҳамватанон мерасонид. Ҷуръату матонати ӯ аз мавҷудияти Наврӯзу гум нашудани Наврӯз мужда мерасонид. Даҳҳо рӯзнома муқобили Наврӯз ҳарф мегуфт ва як рӯзномаи Б.Бердиева буд, ки бо ёдоварии Наврӯз ифтихори миллиро меафзуд. Барои ин зани қаҳрамону боҷуръат ҳифзи Наврӯз ҷабҳаи ягона набуд.

Б. Бердиева буд, ки Наврӯзро аз минбари баланд ҷашни аҷдодиву бостонӣ мегуфт. Ҳеҷ як мансабдори дигарро бо садоқаташ дар ҷабҳаи ватандӯстиву фарҳангдӯстӣ дар он солҳо бо ин зани қаҳрамон қиёс кардан имкон надорад. Тамоми муҳаррирону масъулон аз истифодаи калимаҳои «Миллат», «Наврӯз», «Авасто», «Зардушт» метарсиданду ҳазар менамуданд. Аммо барои ин «шоҳбонӯ»-и тоҷик Наврӯз, миллат, забон, фарҳанг, адолат ва худшиносӣ то охири умр ҳамчун дарду сӯзу гудоз боқӣ мемонад. Дар шеъри Ҷумъаи Қувват ин мазмун хеле хуб матраҳ гаштааст:

Рӯзи ӯ бо сӯзи миллат мегузашт,

Дар ғами Наврӯзи миллат мегузашт.

Рози ӯ бо сози миллат ҳамнаво,

Умри ӯ чун шамъи миллат мегузашт.

Дар замоне, ки забони мо забун гардида буд,

Қимати ҳиммат чу тахти вожгун гардида буд.

Ӯ барои ҳифзи покии забон меканд ҷон,

Баҳри подории фарҳанги замон меканд ҷон.

Мирзои Шукурзода дар як мақолаи худ аз қиёси аҷибе кор мегирад. Ба қавли ӯ 21-марти соли 1974 барои кормандони рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ҳарчанд рӯзи ид бошад ҳам, вале барои онҳо шодиангез намебошад. Ин ранҷиш он аст, ки масъулони Кумитаи Марказӣ ҳамаи маводи ба мавзӯи Наврӯз бахшидашударо ҳафз менамоянд. Бо баҳонаи ҷашни диниву иртиҷоӣ будани Наврӯз рӯзнома оддитарин хабарро низ нашр наменамояд. Аммо бар хилофи ҳама рӯзномаҳои расмӣ «Маориф ва маданият» саропо маводи шумораи идонаашро наврӯзӣ месозад. Сарлавҳаҳову рубрикаҳо бо ранги сабзу хоно ва аксҳои ифодакунандаи шукӯҳи ин ҷашн боиси хурсандии тамоми фарҳангдӯстону зиёиёни «нотавон»-и рӯз мегардад.

Дар баробари ин Бӯринисо Бердиева ба идораи рӯзномаи ҳамшафат меояду кормандони онро як-як табрик менамояд ва ҳамон рӯз – 21-марти соли 1974 ба гурӯҳи ҳамкасбон чунин як ҷумлаи «пайғамбарона»-ро мегӯяд, ки бозгӯи аҳволи имрӯзаи мост: «-Албатта ин монеаҳо дер ё зуд рафъ мешаванд ва Наврӯз натанҳо дар Тоҷикистон ва Ирону Афғонистон, балки дар саросари дунё ҷашн гирифта хоҳад шуд. Лекин пеши роҳи газетаи моро ҳеҷ қудрате гирифта наметавонад, чун ки зӯрашон ба ман намерасад.» Ин «ман»-и Б.Бердиева ман-манӣ намебошад, балки «ман»-и пурдарду аламе мебошад, ки дар ҳифзи нангу номуси миллӣ устувор буд. Агар он ман-манӣ бошад ҳам, беҳтарину волотарин ман- манист, ки на ҳар кас қудрати гуфтани онро дорад.

Заҳмату талошҳо, таҳдиду фишорҳо ва азобу танбеҳҳо мегузаранд. Оқибат моҳи марти соли 1980 ба таҷлили ин ид мушарраф мегарданд. Назар қавли худи Б.Бердиева дар як мусоҳибааш ин «…ҷашнгирии Наврӯз дар сатҳи ҳизбӣ ва давлатӣ бори нахуст дар Иттиҳоди Шуравӣ рӯх медод». Ин бонӯи заҳматкаши журналист аз 12-январ то 27-март соли 1980 барои омодасозии Наврӯз дар маъмурият қарор мегирад ва қариб тамоми сенарияҳои ҷашнгирии наврӯзиро маҳз ӯ омода менамояд. Наврӯз дар навоҳии Қурғонтеппа ва гирду атрофи он аввалин бор густурда ҷашн гирифта мешавад ва дар таҷлили ин иди ниёгонамон журналистони зиёд аз гӯшаву канори гуногуни собиқ Иттиҳод ширкат меварзанд.

ЧАНД ВАСФИ «ҚАҲРАМОНИ НАВРӮЗ»

Бозор Собир, ки замоне ҳамроҳи Б.Бердиева дар рӯзнома кор мекард, чунин гуфтаст: «Наврӯзро ба минбари расмӣ аслан ӯ шинонд. Имрӯз қаҳрамонони Наврӯз пуропур аст, ҳар кас дағдағаи Наврӯз мекунад ва аз Наврӯз лоф мезанад. Дигар касе Бердиеваро намедонад, ки ин корҳоро ӯ карда буд. Бердиева ҳатто фаромӯш шудааст. Дар миёнаи ин ҳама дағдағаҳои наврӯзӣ номи ӯро нашунидам.» Андешаҳои ин шоири шинохтаи миллат саҳеҳу дурустанд, ки имрӯз заҳматҳои ин бонӯи сарсупурда дар доирахои мухталиф нодида гирифта мешаванд. Дар ҷумлаҳои содаи оммавӣ баён кардани сифатҳои як фарди қаҳрамону худфидо, ки дар қайди ҳаёт нест, гумон мекунем, ки болидагии рӯҳи ӯст. Аз забони Дорои Дӯст хабарнигори шинохтаву собиқадори «Маориф ва маданият» оварда мешавад, ки чӣ гуна онҳо саркашонаву бо ваъдаҳои фиребо «Иди меҳнат» мегуфтанду бо тобиши махсусе Наврузро дар саҳифаҳои рӯзнома ҷо медоданд. Муҳаррирро аз Кумитаи Марказиву идораҳои болоӣ мекофтанду таҳдид мекарданд, аммо ӯ бо ҳар роҳ ба истифодаи ин гуна мавод мусоидат мекард. Шумораи дар соли 1966 нашргардидаи «Маориф ва маданият» нахустин бозтоби Наврӯз дар матбуоти замони шӯравӣ дониста мешавад. Ин ҷуръату нотарсии Бӯринисо Бердиева дар ҳақиқат қаҳрамонӣ ба ҳисоб мерафт. Дар он солҳо «Маориф ва маданият» ягона нашрияе буд, ки онро аз тамоми дӯконҳо хонандагону муштариёнаш ҷӯё мегаштанд. Зинда гардонидани ин ҷашни бостониву миллӣ идома меёфт: «Ҷанҷол мекарданд ҳар бор. Ҳам аз вазоратхои маорифу маданият ва ҳам аз иттифоқи нависандагон эътироз баён мекарданд, ки чаро Наврӯзро таблиғ мекунад.» Вазъ то ба он ҳадде буд, ки чун рӯзномаро барои таҳрир ба шӯъбаи идеологии Кумитаи Марказӣ мебурданд, ҳар ҷо ки калимаи Наврӯз буд хат мезаданду ба ҷояш «Иди меҳнат» менавиштанд. Чун ба идора меоварданд, аз нав калимаи Наврӯз ба кор бурда мешуд. Ин раванд дар замони диктатории замони шӯравӣ худфидоии ин зани шӯҷоъ буд. Ин ҷумлаҳои Буринисо Бердиева ҳамчун намунаи қаҳрамониҳо алакай дар саҳифаҳои таърих сабт гаштанд: «-Рӯзномаро аз рӯи макети худамон созед. Ҷавобашро ман медиҳам.» Ин равандҳо барҳақ монанд ба муҳорибаҳое буданд, ки яке ин ҷашни бостониро зери хок кардан мехосту дигаре онро аз зери хок берун овардан мехост.

Ҳамин аст, ки мутафаккири шинохта Муҳаммадҷон Шакурӣ ин бонӯи зиндаёдро «..машъали роҳи ҷӯяндагӣ ва эҳёкунандаи Наврӯз – ҷашни миллии ниёгони мо» гуфта буд, ки баландатарин баҳову арзиш нисбат ба ӯст. Андешаҳои Акбари Набипур низ дар роҳи эҳё кардани Наврӯз шиддат доштани набардҳои он солҳоро бозгӯ менамояд: ««Маориф ва маданият» ҳар сол саҳифаҳои рангоранги наврӯзӣ мебаровард. Ин ҳама боиси рашку хусумати қаламзанони нотавонбин ва хашму ғазаби масъулиятгурезони болонишин мегардид. Мансабдорони калон барои худсарона таблиғ кардани ҷашни Наврӯз дандон сахт карда буданд». Иқтибоси боло низ далели он аст, ки дар он солҳо аз ҷониби масъулону роҳбарон дар таҷлил ё эҳёи Наврӯз ягон қадами ҷиддӣ гузошта намешуд ва дар ин роҳ танҳо матбуоти алоҳида талош мекард. Масъулони вақт аз қурбон кардани шахсиятҳои миллӣ низ дар ин роҳ ҳазар надоштанд ва саҳифаҳои таърих барои имрӯзу фардоиён ин хиёнатро алакай сабт намудааст. Аксари равшанфикрон ақида доранд, ки ҳато Иттифоқи нависандагон низ вобаста ба ин масъала бетафовут буд ва нисбат ба Бердиева дар ин масъала хусумат дошт. Бо назардошти ин паҳлӯ Муъмин Қаноат нашрияи «Маориф ва маданият»-ро бо Бӯринисо Бердиева беҳтарин рӯзномае медонист, ки он худшиносиро ба мардум меомӯхт ва дар роҳи зинда гардонидани анъанаву русуми аҷдодӣ нақши воло дошт. Адиб андеша дорад, ки ин ҷиҳатҳо рӯзномаро ба рӯзномаи серхаридору серхонанда табдил дода буд.

Адиби шинохтаи дигар Меҳмон Бахтӣ бошад мегӯяд, ки «…ин бонӯи диловар аввалин муҳаррире дар матбуоти ҷумҳурӣ буд, ки ба таҷлили Наврӯз пардохт. Ин ҷуръати калоне буд, ки роҳбарони идеологии ҷумҳурӣ аз он ҳарос доштанд.» Меҳмон Бахтӣ дуруст таъкид мекунад, ки рӯшанфикрон тариқи ин рӯзнома аҳамияти ин ҷашни таърихиро ба онҳо фаҳмонанд ҳам, «ин мансабдорон гӯши худро ба карӣ меандохтанд ва гумон доштанд, зиндагӣ бо ҳамин сурате ки ҳаст то охир боқӣ мемонад». Дуруст аст, ки ин ҷашни 5000-сола таърихдоштаро дар рустову шаҳракҳо мардумон ба таври пинҳонӣ ҷашн мегирифтанд. Аммо зимомодорону ҳокимон бо хавфи аз даст рафтани мақомашон бо вуҷуди даъват гаштанашон аз иштирок худдорӣ мекарданд. Буринисо Бердиева бошад бо рӯзномаи худ дар мардумӣ сохтани ин ҷашн саҳм мегузошт ва «баъди ҳар бори нашри маводи ба ин ид дахлдошта ба КМ ҲК Тоҷикистон рафта баёнот менавишт». Б. Бердиева ғарқи мавҷи танқиду таҳдидҳо мардонавор мезист ва дар баҳсу ҷанҷолҳо дастболо буд.

ҚАҲРАМОНИ ДИЛПАЗИРИ ШЕЪР

На ҳар нафаре дар шеър қаҳарамон гашта метавонад. Алалхусус ҷой ёфтани симои мусбати як нафар дар шеър падидаи нодир ва ҳам масъулияти худи шоир аст. Шоир танҳо бо қудрати дирузу имрузу ояндаро дида тавонистан имкон дорад, ки дар шеъри асили худ номи як нафарро чун қаҳрамон ҷой диҳад. Ин гуна шеърҳо зиёд буданду ҳастанд ва он гуна шеърҳое, ки қаҳрамони дилпазир доранд дар ҳама давраҳо каманд. Сохтакориҳову мадҳияҳои бебақо «бо газанди боду борон» зуд аз байн мераванд. Аммо шеъри шоиста бо қаҳрамони ҳақиқиву дилпазир умри абадият пайдо намуда, дар домани худ номи як нафарро садсолаҳову ҳазорсолаҳо аз як насл ба насли дигар мерасонад. Гумон мекунем, ки номи Буринисо дар шеъри иддае аз адибон дилпазир боқӣ мемонад. Як ҷиҳати дигар вобаста ба навиштаҳои ҳамзамонону ҳамсолону ҳамкоронаш он аст, ки ӯ нотарс буд ва аз ӯ ҳатто мансабдорони болоӣ метарсиданд. Сахту қабеҳ ва дурушту обдор сухан гуфтанаш дар муқобили мансабдорону мақомдорон боис буд, ӯ бист сол дар ин рӯзномаи се вазорат ба сифати муҳаррир боқӣ монад. Ин сифатҳояш дар шеърҳову назмҳои гуногун чун муҳри бобақо боқӣ мемонад. Аз ҷумла ин қаҳрамониву матонаташро Ҳақназар Ғоиб чунин васф менамояд:

Ӯ рӯй ба тӯфон ҳама ҷо по мемонд,

Бо такя бар хешу бар Худо по мемонд.

Аз коми бало ҳаққу ҳақиқат меҷуст,

Рӯ ҷониби коми аждаҳо по мемонд.

Як духтари гурди Таҳамтан буд ӯ,

Духти Авазу духти Ҳасан буд ӯ

Бо сирату сурату рагу шарёнаш

Тоҷики ҳақиқии ватан буд ӯ!

Хитоби шоир дар боло ҳукм аст ва ин бонӯ дар ҳақиқат чун таҳамтан рӯ ҷониби тӯфону роҳ сӯи коми аждаҳо қадам мезад. Он замону он ҳамзамонон дар қолаби тасвиру тамсили шоир хеле мувофиқ аст. Бо ин сифатҳояш тавонист, ки Наврӯзро чун сипар шавад.

Шоир Раҳмат Назрӣ ҳам ин бонӯи фарҳангдӯсту сипари фарҳангро ситоиши баланд менамояд:

Бар сари санги мазораш гул бияфшонеду гирйед,

Аз фаросӯи сипеҳр ӯро фаро хонеду гирйед

Аз ғами Меҳан дили озурдааш пур буд пинҳон,

Аз дили садпораи ӯ порае донеду гирйед.

Як замон фарҳанги мардум дар паноҳаш такя мекард,

Зор акнун сар ба китфи якдигар монеду гирйед

Имрӯз васофии шоиреро дар мавриди як нафаре, ки фарҳангу маданияти халқашро ҳифз кардааст, ёфтан то андозае душвор аст. Қаҳрамониҳои бонувон дар таърихи ҳар халқу миллат зиёданд, аммо ин гуна қаҳрамониҳо дар мисоли Б.Бердиева ангуштшумор ва қариб, ки нестанд. Хеле кам аст, абёту мисрае вобаста ба қаҳрамонбонӯи он давр, ки аз онҳо ситоиши амалашонро хонем. Аммо дар бораи ин зани зиндакунандаи як анъанаи бузурги миллӣ шоир Бозор Собир чунин мегӯяд:

Наврӯз набуд то ба он зан,

Ку онки набуд хасми Наврӯз?

Наврӯз савори турна мерафт,

Шабҳо ки набинадаш касе рӯз.

Бо нашри дусад мақолаи ӯ,

Бо кашмакаши дусолаи ӯ,

Наврӯзи кӯҳан фаромад охир

Аз лангари турнаи муҳоҷир.

Бозор Собир пурҷуръаттарин шоири замони шӯравӣ буд, ки дар муқобили ҳокимони давру замон мавқеи устувору ягонаро ихтиёр мекард. Он тавре ки ӯ дида метавонист, хеле кам дигар ҳаммаслаконаш дида метавонистанд. Бозор Собир ба ин «зани мардфеъл» аз равзанани ҳамон солҳо менигарад. Азобу уқубат, хориву зорӣ, дар набардҳо сарбаланд будан, сангару сипар будани ин бонӯ барои адибони ёғӣ ва дигар сифату тавсифҳоро дар як замоне шоир дар симои Б. Бердиева бевосита дидааст. Шоир аз он афсусу надомат дорад, ки ба қадру қимати ин «қаҳрамони Наврӯз» нарасидаанд:

Зан буд, вале набуд занфеъл,

Зан буд, вале набуд зангуфт,

Гар куртаи атласаш намебуд

Ҷуз марди расо касаш намегуфт.

Дар маҷлиси рахбарони манқурт,

Ки ин тоифаро надошт тоқат,

Сарзузанияш парида мерафт

Аз ҷангу ҷидоли бениҳоят.

Баъд он зани нозанин куҷо шуд,

Он пайкари нозанин куҷо шуд?

Он сангари шоирони ёғӣ,

Он маъмани олимони осӣ?

Ду панҷаи сар сафед чун барф,

Як ҷуфти калӯши кӯҳна дар пой,

Аз хона ба хона гушна бармегашт,

Дар барфи баланди кӯчаи лой.

Абёти шоир пур аз дарду аламе аст, ки аз мутолиаи онҳо хонанда ба осонӣ дар пеши назари худ як зани овораву сарсону қаҳрамонро дар миёни обу оташ тасаввур менамояд. Олимону шоиронро ӯ пуштибон буд, анъанаву расму русуми аҷдодиро ӯ ҳифз мекард ва бо ҳама нодориву танҳоии худ аз ёдҳо фаромӯш гаштааст.

АКНУН КИ НАВРӮЗ ҶАҲОНӢ ГАШТ

Хеле кам зикр менамоем, ки дар замони шӯравӣ матбуот ва намояндагони он чӣ нақше дар зинда гардонидани ин ҷашн доштанд. Бӯринисо Бердиева барин шахсиятҳо дар таърих хеле кам мебошанд. Хидмату худфидоиҳои ин журналистбонӯи тоҷик як анъанаи таърихи кӯҳандоштаро аз ҳалокатҳо наҷот дода буд. Бояд тавре ки ӯ номи Наврӯзро зинда гардонид буд, ба ҳамон шева номи ин «Қаҳрамони Наврӯз» дар саҳифаҳо, дар маҳфилҳо, дар доираву нишастҳо зинда гардонида шавад. Рӯҳи ӯ имрӯз бо Наврӯз дар гуфтугуст.

Чанд фикре, ки дар боло оварда шуд ба сифати як нигоҳ аз як равзана мебошад. Фикр мекунем, ки дигар қаҳрамониҳои ин бонӯ бо «як ҷуфти калуши кӯҳна» барои ҳар як эҷодкору зиёӣ як чизи бетафовуту бетаъсир нест. Ӯ қадршиносу дурбин буд. Ӯ Лоиқу Бозор ва Ҷумъа Одинаеву Сотим Улӯғзода барин фарзандони фарзонаву шоистаи миллатро, ки аз ҳама дарҳо меронданд замоне пуштибон буду нерӯ мебахшид. Дар таъмини маоши зиндагии онҳо мусоидат мекард. Модарвору хоҳарвор нози онҳоро мебардошт. Ӯ дурбину одамшинос буд. Масалан бозоро Собирро нахуст ӯ дар ҷавонӣ шинохт. Бозореро ки Пешвои миллатамон борҳо аз ғурбату оворагӣ наҷот додаву турбаташро ба дару дукону диёри худаш овард.

Меваи истиқлоли Тоҷикистон буд, ки оқибат Наврӯз ҷашни ҳамагонӣ гашт. Пешгӯии Б.Бердиева дар солҳои шастум ҳақиқат доштааст. Касе бовар надошт ва дар тасаввур ҷой дода наметавонист, ки рӯзе империяи бузурги шуравӣ завол меёбаду талошҳо дар роҳи худшиносиҳо самар меоваранд. Ҷои инкор нест, ки имрӯз мо танҳо ба ҷаҳонӣ гаштани Наврӯз иктифо менамоему гузаштаи начандон дурро хеле кам пеши назар меорем.

Дуруст аст, ки Тоҷикистон ва дигар кишварҳои таҷлилкунандаи иди Наврӯз имрӯз ҳар кадом худро соҳиби ин ҷашн меҳисобад. Дар ин самт баҳс оростан чандон самар надорад. Муҳим он аст, ки Наврӯз ҷаҳонӣ шуд. Баҳсҳои домандору бесобиқаро танҳо таърих ҳукми хотима бахшида метавонад. Агар таърихе, ки китобати боинсофонаву дуруст дошта бошад.

Ин мақола соли 2017 дар маҷаллаи “Паёмномаи фарҳанг” ба нашр расида буд. Нусхаи ғайриилмии он нашр гашт.