ВАСОИТИ ЭЛЕКТРОНИИ АХБОР

0
50

Имрӯз (2.10.2024) дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Васоити электронии ахбор дар шароити вусъатёбии муборизаҳои иттилоотӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ” баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур намояндагони Донишгоҳ, омӯзгорони факултет ва журналистони варзидаи кишвар иштирок ва cуханронӣ намуданд.

Зимнан таъкид шуд, ки масири истиқлолияти кишварро бидуни фаъолияти ВАО наметавон тасаввур кард. Дар чунин шароите ки муборизаҳои геополитикӣ ва иттилоотӣ ҳамчун як рукни ҷаҳонишавӣ амал мекунанд, нақши расонаҳо дар ташаккули афкори омма барои муқовимат ба арзишҳои бегона, устуворӣ дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ба маротиб боло меравад. Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма (1 марти соли 2016) басо бамаврид таъкид карданд: «Махсусан, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи шабакаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳимми воситаҳои ахбори омма ба шумор меравад».

Зимни баррасии маърузаҳо таъкид шуд, ки манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд.