ДАРСИ КУШОД.

0
10

ДАРСИ КУШОДИ ШАРИФЗОДА Қ. бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

         Тибқи Нақшаи кафедраи матбуот, ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 04 ноябри соли 2025 дар Маҷлисгоҳи факултет Дарси кушоди муаллими калони Кафедраи матбуот Қироншоҳ Шарифзода дар мавзуи “Ташаккул ва такомули қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ВАО” барои донишҷӯёни курси 3-юми факултети журналистика баргузор шуд.

Дарси кушод, ки 3 рӯз пештар аз баргузориаш барои аҳли факултет эълон шуда буд, соати 12.00, тибқи Ҷадвали дарсӣ оғоз гардида, соати 12.50. ба поён расид. Дар Дарси кушод дар баробари донишҷӯёни гуруҳҳои Журналистикаи умумӣ (21 нафар) ва Журналистикаи байналхалқӣ (16 нафар), инчунин декани факултет профессор Ҳошимзода Бахтиёр, муовини декан оид ба таълим Сангов Амирхӯҷа, мудири кафедраи матбуот дотсент Усмонова Наргис, дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ Ҳайдарӣ Саъдулло ширкат доштанд.

Муаллим Қироншоҳ Шарифзода баъди риояи талаботи қисмати ташкилии дарс, ба баёни мавзуъи дарс пардохта, аз таърихчаи таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуд ва таъкид намуд, ки новобаста аз вазъи муташанниҷи сиёсиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, идомаи бархӯрдҳои мусаллаҳонаи минтақаҳои мамлакат, ба роҳбарияти ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути раъйпурсии умумихалқӣ муясср гардад.

Аслан, тамоми меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шахс, ки дар Моддаи 5-и Конститутсия баён ёфтааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз маенамояд”, равона гардидааст. Вале Моддаи 30-юми  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои озодии сухан, нашр ва истифодаи воситаҳои ахбори оммаро мушаххас намудааст:

“Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.

Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.

Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.

Номгӯйи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад”.

Бар асоси ин кафолатҳои конститутсионӣ, дар солҳои минбаъда як силсила қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоот ва Воситаҳои ахбори омма қабул гардида, фаъолияти журналистон ва кормандони соҳаро ба танзим даровардаанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” (19 марти соли 2013),  “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” (14 ноябри соли 1998), “Дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” (13 ноябри соли 1998), “Дар бораи иттилоот (10 майи соли 2002), “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” (18 июни соли 2008), “Дар бораи сирри давлатӣ” (26 июли соли 2014), “Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ” (23 июли соли 2016) низоми қонунгузоии ҷумҳуриро пурра намуда, ба фаъолияти озоди иттилоотӣ ва ВАО мусоидат менамоянд.

Ҷолибияти Дарси кушоди муаллим Қироншоҳ Шарифзода боз дар он зоҳир мегардид, ки ӯ бо нақлу шарҳи мавзуъ маҳдуд намегардид, балки дар зимни тафсири муқаррароте аз қонун бо гузоштани суол ба аҳли синфхона ва суолу ҷавоби нуктаҳои муҳими қонуне, таваҷҷуҳи сомеонро бештар ҷалб менамуд.