МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – МАФҲУМИ МЕҲВАРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

0
29

(Андешаҳо доир ба раванди татбиқи нақшаи чорабиниҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусу иқдомоти беназири худ барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати рӯзгору маънавиёти аҳолии мамлакат мусоидат менамоянд, ки воқеан ҳам, шоистаи таъкиду тавсифанд. Яке аз чунин иқдомоти ҷолиб, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат садо дод, ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” буд, ки воқеан ҳам, иқдоми наҷиб аст, зеро мо давоми соли равон шоҳиди баргузории чандин чорабиниҳои судманд ва хонандаи матолиби зиёде будем, ки ҳамаи онҳо далели зарурӣ ва барои аҳолии мамлакат судманд будани ин иқдомро баёнгар буданд.

Ба гунаи мисол, кормандони мақомоти гуногуни ҳуқуқӣ, бо шумули идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариусҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми дидору мулоқотҳояшон бо сокинони ҷамоату шаҳраку маҳаллаҳо аз таассуроти хеш гуфтанд, ки воқеан ҳам, барои боло рафтани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ зарурат ҳаст, чун вақте бо мардум суҳбат мешаванд ва онҳо аз моҳияти масъалаҳои ҳуқуқӣ огоҳ мешаванд, ҳатман дар зеҳнашон суолҳое ба вуҷуд меояд ва пурсон шуда, аз мутахассисон посухҳои қонеъкунанда мегиранд ва минбаъд ҳам кӯшиш барои фаҳмидани масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ дар тафаккури онҳо боқӣ мемонад, ки ин ҳама ба шарофати иқдоми наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии нақшаи чорабиниҳо ба муносибати “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Воқеан ҳам, маърифати ҳуқуқӣ яке аз мафҳумҳои меҳварии давлати ҳуқуқбунёд аст, ки ин маъниро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд. Аз ҷумла, ҳанӯз дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар моҳи апрели соли 2008 иброз намуда буданд, ки “рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад”.

26 декабри соли 2018 дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки “баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад. Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад”.

Ҳангоми эълони иқдоми наҷиби хеш вобаста ба эълони “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ки дар ҷараёни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 сурат гирифт, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки “дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд”.

Дар мулоқоти худ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат дар санаи 9 марти соли равон Сарвари Давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар доир ба ҳадафҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ” изҳори назар карда, аз ҷумла, иброз доштанд, ки “мақсад аз қабули қарор дар бораи соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидан ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошад. Тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад”.

Аз ин андешаҳои судманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба моҳияти маърифати ҳуқуқӣ ва зарурати он ёд овардани мо ба он хотир аст, ки суханони Пешвои муаззами миллат роҳнамои ҳар яки мо дар ҳама самту соҳаҳо мебошанд. Дар ҳақиқат ҳам, маърифати ҳуқуқӣ мафҳуми меҳварӣ барои давлати ҳуқуқбунёд аст. Аз нигоҳи мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, зери мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ доштани донишҳои ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқї фаҳмида мешавад. Сатҳи маърифати ҳуқуқӣ дараҷаи азхудкунии ҳуқуқ аз ҷониби субъектони муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошад, ки ба истифодаи ҳуқуқ, иҷрои уҳдадорӣ ва содир накардани ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.

Ба андешаи олимони соҳа, маърифати ҳуқуқӣ, асосан, дар се сатҳ зоҳир мешавад: маърифати ҳуқуқии муқаррарӣ (оммавӣ); маърифати ҳуқуқии касбӣ; маърифати ҳуқуқии назариявӣ (доктриналӣ).

Маърифати ҳуқуқии муқаррарӣ ё оммавӣ маърифати ҳуқуқии ҳамаи субъектҳои иҷтимоӣ мебошад, ки фаъолияти касбии онҳо ҳадафи бевоситаи тағйир додани нишондодҳои муайяни низоми ҳуқуқии ҷомеаро надорад, балки ба ноил шудан ба манфиатҳои дигари иҷтимоӣ ба монанди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шахсӣ нигаронида шудааст.

Маърифати ҳуқуқии касбӣ – маърифати ҳуқуқии субъектҳои махсуси иҷтимоӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ҳадафи татбиқ, эҷод, таъмини меъёрҳои ҳуқуқӣ дар асоси дониши илмии низоми ҳуқуқии ҷамъиятӣ аст.

Маърифати ҳуқуқии назариявӣ дониши илмиро дар маҷмуъ дар бораи моҳият, таъинот, таъсири мутақобилаи падидаҳои ҳуқуқӣ, тамоми механизми танзими ҳуқуқӣ ифода мекунад.

Аз ин бармеояд, ки самти муҳимми фаъолияти давлат дар доираи рушди ҷомеаи муосир тарбияи шаҳрванди қонунро риоякунанда, ба қонун эҳтиромгузоранда ва омода ба иштироки фаъолона дар ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ мебошад, ки бо роҳи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ба сомон расонида мешавад.

Аз ин рӯ, аз ҳар як шаҳрванд бо назардошти соҳиби маърифати ҳуқуқӣ будани ӯ тақозо мешавад, дарк намояд, ки ҳуқуқ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ арзиш аст, ў ќонунҳоро бояд донад, маъно ва мақсади онҳоро фаҳмад, доираи амали онҳоро муайян кунад, дониши ҳуқуқии гирифтаашро дар амал татбиқ карда тавонад, қонунро барои ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии худ истифода барад, дар вазъияти мураккаби ҳуқуқӣ рафтори дурусти ҳуқуқиро ба сомон расонад ва зиёдаравӣ накунад. Ҳамин аст, ки мутахассисон ҳам таъкид менамоянд, маърифати баланди ҳуқуқии аҳолӣ барои пешрафти давлат нақши бениҳоят калон дорад.

Дар ҳақиқат ҳам, амалишавии нақшаи чорабиниҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 марти соли 2024, №АП-533 тасдиқ шудааст, гувоҳи он аст, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат боло рафта, сокинони кишвар ба ҳуқуқу озодӣ ва уҳдадориҳои қонунии худ муносибати ҷиддиро ба роҳ мондаанд.

Рамзи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” фарогири моҳияти амиқе аст: он намуди доирашакл дошта, гирдогирди рамзро хати доирашакли сабз фаро гирифтааст, ки нишонаи сарсабзию шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад ва дар гирди қисми болои рамз бо забони тоҷикӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки ифодагари моҳияти рамз мебошад, навишта шуда, дар қисми поёни он рамзи шараф – шохи баргдори дарахти лавр бо тасмаи серахаи печида, ки ифодакунандаи рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҷой гирифтааст.

Дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз – китоби кушода, офтоби оламоро ва тоҷдасти шоҳӣ ҷой дода шудааст. Китоби кушода таҷассумкунандаи манбаи дониш, Конститутсия ва қонун, таълиму тарбия ва хирад, офтоби оламоро – рамзи нур, гармӣ, шифо, саховатмандӣ ва тоҷдасти шоҳӣ бо тасвири нимдавраи офтобӣ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ, иқтидори давлат ва роҳнамою равшанидиҳанда мебошад, далели он аст, ки ҳадафҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ” танҳо барои як давраи муайян нестанд, балки дурнамои рушди давлати демократию ҳуқуқбунёди моро дар бар гирифта, барои расидан ба ормонҳои давлати миллии мо ва таъмини рӯзгори босаодати сокинони кишвари азизи мо мусоидат мекунанд.

Сангин ГУЛЗОД,Хушдил РАҲИМҶОН,устодони кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ

(Бознашр аз нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон”, №44 (9886), 31 октябри соли 2024)