НАҚШИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

0
324

Одобу ахлоқ яке аз рукнҳои ташаккули инсони комил аст ва он дар муҳити оила, боғча, мактаб, донишгоҳ, хуллас, ҷомеа инкишоф меёбад. Фарде, ки ин зинаҳоро тай намудааст, метавонад бо ду роҳ равад: яке – бо роҳи дуруст дар натиҷаи тарбияи накӯ, дигаре – бо роҳи нодуруст, дар натиҷаи риоя накардани меъёрҳои ахлоқӣ.

Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки: «Аз мост, ки бар мост». Саодати рӯзгори инсон дар натиҷаи зиндагии бобарор, меҳнати ҳалол ва одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба даст меояд. Вақте ки фарзанди инсон дар руҳияи фазилатҳои неки инсонӣ тарбия меёбад, ӯ тарзе рафтор мекунад, ки бар зарари аъзоёни ҷомеа набошад. Аслан, инсоният дар тамоми давраҳои мавҷудияти худ ба тарбияи шахсияти комил, махсусан насли ҷавони худогоҳ, ниёз дошт ва ин масъалаи доғи рӯз дар ҳеҷ як давру замон аҳаммияти худро аз даст надодааст ва нахоҳад дод. Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» овардааст:

«Овардаанд, ки Абузурҷмеҳрро савол карданд, ки мардумонро чӣ беҳтар аст?

Гуфт: – Хиради модарзод.

Гуфтанд: – Агар набувад?

Гуфт: – Фарҳанги (илми) омӯхтанӣ, ки адаби вайро рост кунад.

Гуфтанд: – Агар набувад?

Гуфт:  – Хостае, ки ҳамаи айбҳоро пӯшад.

Гуфтанд: – Агар набувад?

Гуфт: – Ҳилм (нармдилӣ) ва мадоро, ки ҳилм мардумро биёрояд.

Гуфтанд: – Агар набувад?

Гуфт: – Марг беҳ аз зиндагонӣ, то роҳат ёбад аз худ ва халқ аз вай».

         Аз муҳтавои ҳикояи мазкур фаҳмидан душвор нест, ки инсони комил бояд дорои фазилатҳои неки инсонӣ бошад, то маҳбуби дигарон гардад. Барои тарбияи чунин як шахси бохирад роҳу омилҳоеро ҷустуҷӯй бояд кард, ки шахсро дар руҳияи дӯст доштани ватан, ифтихор аз озодиву истиқлол, созандагиву ободкорӣ, меҳнатдӯстӣ, инсонпарварӣ тарбия намояд.

         Яке аз роҳҳои босамари тарбияи шахсияти худогоҳу худшинос муаррифии дастовардҳои кишвар, хусусан иншоотҳои бузург, ба ҳисоб меравад. Ба таври мисол, агар мо диққати ҷавононро ба таърихи сохта шудани Неругоҳи барқи обии Роғун, аҳаммияти он дар рушди иқтисодиёти кишвар ва ҳаёти мардум ҷалб намоем, дар тарбияи онҳо ҳамчун шахсият саҳмгузор хоҳем буд. Ҳақ ба ҷониби сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфта буд: «Нақш ва аҳаммияти Роғун дар ҳаёти мо торафт меафзояд, зеро ин ҷо бузургтарин неругоҳи барқи обии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бунёд мегардад, ки барои кишвари мо аҳаммияти стратегӣ дорад».

Ҷавонони кишвар бояд хуб дарк кунанд, ки ин иншооти бузург дар як рӯз бино нашудааст. Дар раванди сохтмони он чӣ қадар қуввату тавон, донишу маҳорату малака, воситаҳои пулию молӣ, заҳматҳо сарф шудааст. Сохтмончиёни ин неругоҳ ба хубӣ дарк карданд, ки агар ин иншоот сохта ба истифода дода шавад, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рӯ ба тараққӣ меорад ва Тоҷикистон аз чандин мушкилот раҳоӣ меёбад. Ин аст, ки онҳо ҳамчун фарзандони баору номуси ватан талош карданд, то дили кӯҳро кананд, қаъри заминро заминро кобанд, то аз об рӯшноӣ пайдо кунанд ва зиндагии мардум беҳтару хубтар шавад. Бинобар ин шиносоӣ бо раванди сохтмони НБО-и Роғун, ки далели ғурури миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва нангу номуси мардуми Тоҷикистон аст, дар тарбияи ҷавонони мо саҳми назаррас хоҳад гузошт. Аввал ин ки дидани меҳнати коргарон – ҷавонмардони бурдбору тавоно онҳоро аз кӯйи бекорӣ ба меҳнатдӯстӣ мекашад; сониян, шиносоӣ бо бахшҳои неругоҳ дар дили ҷавонон ҳисси ифтихори миллиро бедор менамояд; баъдан, дар онҳо идеяи дӯст доштани ҳар ваҷаб хоки диёр, эҳтиром кардани арзишҳои миллиро ташаккул медиҳад; ҳамчунин шавқи эҷодкориву созандагиро дар ниҳоди онҳо бедор менамояд.

Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд таҳти шиори «Тоҷикистон, ба пеш!» амал намояд, насли созандаву ободкору худогоҳ бошад ва фаромӯш накунад, ки      

Роғун бинои ваҳдату ҳамбастагии мост,

   Рафъи ҳазор мушкилу ҳам хастагии мост.

Чун арсаи садоқату номуси миллат аст,

       Роғун, ки рамзи қудрату пайвастагии мост.

Мирзоева М.М.- д.и.ф., профессори

 кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ