ПАРЧАМ РАМЗИ ҲАСТИВУ ВАҲДАТ АСТ!

0
59

Эҳсоси муҳаббат ба Парчам ҳамон вақт умумимилливу мардумӣ, мегардад, ки агар бидуни расмиёт ё ҷашнҳои умумидавлатӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳтироми онро ба ҷо оварад.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Парчам аз муҳимтарин рукну муқаддасоти давлатдорист, ки дар ҷилои он бештар аз ҳама таҷассуми истиқлолиятро мебинем. Дар ҳақиқат Парчами давлатӣ як рукни асосии муқаддасот ва рамзи давлатдории ҳар як халқу миллат аст, ки ифодагари ормонҳои миллӣ мебошад. Соҳиби ПАРЧАМ будани кишвари мо ин ифодагари соҳибистиқлолӣ ва давлату давлатдории навин ба шумор меравад. Соҳибпарчам будани аҷдодони мо ба замони ҳукмронии сулолаи Пешдодиён ва қаҳрамонии Коваи оҳангар алайҳи зулму куштори Заҳҳок-шоҳи бедодгар марбут аст, ки дар шоҳасари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома ” таъкид гардидааст. Чунин маъхазҳо бозгӯ аз онанд, ки халқи тоҷик аз аҳди бостон парчамдории миллӣ доштааст. Ҷойи дигар Муҳаммад Балъамӣ дар “Таърихи Табарӣ” овардаст, ки “Кова чун хабар ёфт аз куштани писаронаш, сабраш намонд ва ба шахр андар омаду фарёд хост…” Маълум, ки баъд аз даъвати Кова ливои мубориза муттаҳид сози мардумони мазлум гаштааст.

Баъди қарнҳо соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ ба даст овард ва дар ин самт яке аз хусусиятҳои давлати мустақилу соҳибихтиёр доштани Парчами давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ин зарурати таҳия ва қабули чунин парчам барои Тоҷикистон ба миён омада, бояд мазмунан фарогири ҳадафу мароми давлати ҳуқуқбунёду демократии навин мегардид. Ҳамин буд, ки дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони мардумӣ низомномаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карданд, ки он ба 24-уми ноябри соли 1992 рост меояд. Инак беш аз се даҳсола аз ин санаи муқаддас сипарӣ гардида, Тоҷикистон роҳи пешрафту ташаккули бузургро соҳиб гардид.

Парчами Тоҷикистон таҷассуми истиқлол,

Бар олам диҳад паём аз тоҷики хушиқбол.

Имрӯз Парчами давлатӣ таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштагони мост, ки чун ифодакунандаи мақсаду маром, орзуву ормонҳои тамоми мардум ва рамзи иқболу истиқлол дониста мешавад. Бо фарогирии ҳама паҳлӯ дар Парчами кишвари мо рангҳо ва тоҷ бо нишон ифодагари ватандӯстиву ватанпарастӣ, шуҷоату далерӣ, рафоқат, сулҳу ваҳдат мавқеи барҷаста доранд. Парчами миллӣ дар замони истиқлолият чун нерӯи муттаҳидсоз ваҳдати халқи моро ба вуҷуд овардааст.

Дар партави мавҷҳои парчам халқи тоҷик пайваста созандагӣ ва дар эъмори давлати дунявию ҳуқуқбунёд ба комёбиҳои назаррас мушарраф мегардад ва роҳи инкишофи ояндаи худро дурахшон менамояд.

Имрӯзҳо дар саҳнаи сиёсиву фарҳангии ҷаҳони муосир, парчамҳо на танҳо нишонаҳои расмии давлатҳо, балки забони хомӯши таърихи миллатҳо эътироф гардидааст. Ин парчамҳо рамзҳоеанд, ки бо рангу шакл ва тарҳи худ қиссаҳои садсолаҳо ва ҳазораҳоро ба ҷаҳониён ҳикоят менамоянд.Ҳар бор, ки парчаме дар болои як бинои давлатӣ ё майдони байналмилалӣ барафрохта мешавад, дар асл таърих аз нав ба забон меояд ва аз мавҷудияту ҳастии халқу миллате дарак медиҳанд.

Парчамҳо ҳамеша ҳикоятгарони вафодори роҳи тайкардаи мардум мебошанд. Муҳимтар аз ҳама ин Парчамҳо санаду ҳуҷҷати ҳастии халқҳо мебошанд. Дар ҳама ҳолат дар лаҳзаҳои буҳронӣ аз давраҳои ҷангӣ то замонҳои истиқлол, миллатҳо бо афрохтани парчам иродаи худро ба ҷаҳониён эълон мекунад. Парчами мо мавҷ мезанад ва дар амвоҷи худ худ фоҷиаҳои аз сар гузашта, арзишҳои ҳимояшуда ва ормонҳои ба дастомадаи миллатро таҷассум менамояд.

Дар муносибатҳои байналмиллалӣ, парчам яке аз муҳимтарин воситаҳои ҳуввиятсозӣ ба шумор рафта, дар муаррифии давлатҳо нақши калидӣ доранд. Чун дар ҳамоишҳои СММ ё Конфронси амнияти Аврупо садҳо парчам паҳлӯи ҳам меистанд, он ҷо на танҳо давлатҳо, балки таърихҳои гуногун, маданиятҳои нодир ва ормонҳои миллӣ ба забони махсуси гуфтор меоянд ва бузургии парчамҳо дар ҳамин рисолат аст. Дар чунин лаҳзаҳо, ҳар парчам ҳамчун як «китоби таърихӣ» хонда мешавад: ранги сафед сулҳу покӣ, сабз рамзи рушд ва умед, сурх — ёдгори ҷасорату қурбонӣ.

Манзалати парчам дар афкори ҷомеа ҳамеша устувор боқӣ монда, бо ин қудрати худ омили сарҷамъсозиро ба вуҷуд меоварад. Дар ҳамаҷо, махсусан, маросимҳои давлатӣ, ҷашнҳои миллӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ, лаҳзае, ки парчам боло меравад, мардум эҳсос мекунанд, ки таърих бо онҳо калом мегӯяд. Ин ҳолат оҳанги равониро дар ботинҳо бедор месозад. Чунин лаҳзаҳо ҳамбастагӣ меофаранд, миллатро гирди арзишҳои муштарак муттаҳид менамоянд ва ба ҷомеа неруи нав бахшида. дар мафкураи халқ гардишҳои тозаро эҳё менамояд. Парчам танҳо нишони ҳуввияти давлатӣ нест он дарси зиндаги таърих ба шумор меравад. Тафсири ҳама рамзҳои он моро водор месозад, ки ба асолати таърихии худро донем.

Роҳу шоҳроҳи тайкардаамонро биомӯзем ва ба оянда эътимод дошта бошем. Парчами давлатӣ моро даъват месозад, ки дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем ва ин муттаҳидиро кафолати бақои устувори давлатамон барои наслҳои оянда гардонем.

Самадзода Мавзуна Тағой, н.и.ф, дотсент, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ