НБО «РОҒУН»- САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ

0
203

АЗ АФСОНА ТО ҲАҚИҚАТИ НБО «РОҒУН»

Сохтмони НБО «Роғун» ҳанӯз соли 1976 оғоз ёфта буд ва аз ин марҳила то пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ баъзе аз корҳои он, махсусан кандани нақби асосии зери сарбанду нақбҳои обпарто анҷом ёфта буданд. Ин анҷом дар тафаккури мардум аллакай солҳои дурудароз ҷо гирифта, балки анҷоми анҷомҳо гардид. Бо пош хӯрдани давлати бузурги Шуравӣ Тоҷикистони тозаистиқлол ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ гирифтор шуд ва идомаи сохтмони НБО «Роғун» ба афсона табдил ёфт, ки ҳамчун қиссаҳои нотамом ё орзуҳои амалинашаванда аз даҳон ба даҳон нақл мегардид. Мардум рӯҳан ва ҷисман ба ягон мӯъҷизае боварӣ надоштанд, ки сохтмони НБО «Роғун»-ро дубора ба роҳ монад.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон “Афсонаи Роғун” чун қиссаҳои пештара боқӣ монд, зеро парокандашавии давлати Шӯравӣ умедҳои зиёдеро бо худ бурду оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ноумедиҳо овард. Миллати тоҷик пароканда ва хавфи ба фано рафтани давлат наздик буд. Мардум барои аз ҳалокат наҷот ёфтан аз зери тиру тӯп ва гуруснагӣ талош менамуданд. Қисми зиёди ҳамватанони мо хоки Тоҷикистонро тарк намуданд. Фазо пурғубор, пурпечутоб ва ноумедкунанда буд. Ба зудди фазои кишвар мусаффо шуд, умед дар дили тоҷик ҷо шуд, иттиҳоди деринтизор дарро куфт ва “Афсонаи Роғун” ба воқеият табдил ёфт. Дар саргаҳи ин иттиҳод ва ҳақиқат роҳбари ҷавон, вале ҷассуру ҷонфидо, сарвари кордон, шахси наҷотбахши миллат, ватандӯсту ғамхори миллат ва нафари кордону қавиирода, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меистад. Миллати парокандаро сарҷамъ ва ба рушду тараққиёти Тоҷикистон оғоз бахшиданд.

РОҲИ ПУРШЕБУ ФАРОЗИ НБО «РОҒУН»

Модоме ки 93 фисади Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, пас сохтмони НБО «Роғун» дар мавзее амалӣ мегардад, ки дар оғӯши кӯҳҳои осмонбӯс қарор дорад. Шикофтани қалби кӯҳҳ, сохтани нақбҳо ва дигар корҳои зеризаминӣ дар неругоҳ аз қисматҳои асосии кор ба шумор меравад. Имсол расо 18 сол мешавад, ки «ҷанги таҳамтан»- и кормандони НБО «Роғун» барои расидан ба истиқлолияти энергетикии комили кишвар бо кӯҳҳои сарбафалак идома дорад. Онҳо қадам ба қадам корҳои сохтмониро дар ин иншооти бузург ба анҷом расонида, роҳи дуру дароз ва пурхавфу хатареро тай менамоянд, вале дар ин роҳ дилшикастагӣ ва хастагиро намеписанданд, балки устуворона ба пеш мераванд. Агарчанде оғози сохтмони НБО «Роғун» барои як давлати ҷавони соҳибистиқлоли Тоҷикистон мушкил бошад, вале сиёсати хирадмандонаю дурбинона ва пофишориҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Тоҷикистонро дар замони мушкилтарин роҳбарияшро бар ӯҳда гирифта, мардуми парокандаро сарҷамъ ва дар дили онҳо умеди ояндаи некро кошт, бо ҳамин нерӯ ва иродаи қавӣ сохтмони НБО «Роғун»-ро ба роҳ монданд, балки ба дили мардум умед, ба танашон қувват Тоҷикистон ва мардуми кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд, ки мо тоҷикон миллати мутамаддину ободкорем. Бинобар ин рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» таҳти назорати пайвастаи ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои миллат қарор дорад.

Шуруъ аз оғози расмии корҳои сохтмони НБО «Роғун» – 26-уми сентябри соли 2005 то имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 13 маротиба (26.09.2005, 30.05.2008, 28.10.2009, 10.07.2012, 15-16.07.2015, 04-05.08.2016, 29.10.2016, 10.05.2017, 26.07.2018, 16.11.2018, 14.10.2020, 13.07.2022 ва 10.08. 2023) бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» сафарҳои корӣ анҷом додааст, ки он аз як то ду рӯзро дар бар гирифта, муҳим будани ин сохтмонро барои ҳамватанонамон исбот менамояд. Бо ҳамин мазмун дар суханронии худ Пешвои миллат дар рӯзи оғози расмии сохтмони НБО «Роғун» (26.09.2005) таъкид намуданд, ки «…ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон буда, дар ин кор саҳми арзандаи Тоҷикистону Россия дар наҷоти баҳри Арал хоҳад буд, ки аҳамияти муҳимми минтақавӣ дорад». Хусусияти дигари НБО «Роғун» дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои байналмиллалии Президенти кишвар дар самти самаранок истифода намудани захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва аз ифлосшавӣ эмин доштани экология мебошад, яъне НБО «Роғун» ва дигар неругоҳҳои барқие, ки дар Тоҷикистон барқ истеҳсол менамоянд аз нигоҳи экологӣ тоза буда, ҳамчун энергияи сабз арзёбӣ мегардад. Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар силсилаи неругоҳҳои руди Вахш аз боло нӯҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт – соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад», мувофик аст.

Ин имкониятро табиати Точикистон ба мо ҳадя намуда, мутахассисон аз он самаранок истифода менамоянд.

ҚАҲРАМОНОНИ НБО «РОҒУН»

Шукуҳу шаҳомат ва хизмати содиқонаи ҳар як корманди НБО «Роғун»-ро бояд дид. Сафари расмии навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба НБО «Роғун» дар таърихи 10 августи соли ҷорӣ рост омада, ба хотири шиносоӣ аз вазъи корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ мебошад. Пешвои миллат дар суханронияшон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун» ба он нуктаҳое таваҷҷуҳ намудаанд, ки то имрӯз корҳо дар он ба анҷом расидааст ва қисматҳои боқимонда идома дорад ва дар атрофи он фикру мулоҳизаҳояшонро баён намуда, чун мутахассис таҳлилу баррасӣ менамоянд, ки хеле ҷолиб аст. Ҳамчунин дар қисмати охири суханронияшон Пешвои миллат дар 15 бахш пешниҳод ва супоришҳо ба масъулин, сохтмончиёну кормандони НБО «Роғун» доданд, ки барои боз ҳам тезтару ба талаботи байнанмиллалӣ ҷавобгӯ будани корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ шаҳодат медиҳад. Таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти кишвар кормандони неругоҳро рӯҳбаланд намуда, дар ҷараёни кор ин манзараро хеле ошкорро ба мушоҳида гирифтан мумкин буд. Махсусан дар таърихи 19 августи соли ҷорӣ бо ташаббуси ректори ДМТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, Хушвахтзода Қобилҷони Хушвахт устодону кормандони ДМТ (170 нафар) ба тамошои НБО «Роғун» сафарбар гардиданд, ки бо таассуроти зиёду хотирмоне аз он ҷо баргаштем. Бо тамошои табиати зебо ва роҳҳои ҳамвору мумфарш сипарӣ шудани ду соат вақтро ҳис накардем. Дар даромадгоҳи НБО «Роғун» микроавтоббусҳо чун корвони дуру дароз пайи ҳам қарор карданду аз дохили он як-як муаллимон берун шуданд. Гирду атроф гулзор, дарахтони пурбори себу нок гувоҳӣ аз меҳнаткашу файзбор будани мардуми тоҷик ва Тоҷикистон медиҳад. Дар ин майдон либоси махсус (камзул ва сарпӯши бехатарӣ) ба бар намудему ба пеш- ба майдони корзор сипарӣ шудем.

Як нақб ба нақби дигар моро чун зинаҳо ба кӯҳ баландтар мебурд ва бароямон роҳбалад, мутахассис Давронов Қурбонназар ҳар яке аз майдонҳои сохтмониро шарҳ дода, ба саволҳои сершумори мо муфассал бо табассум, муҳаббат ва ифтихор ҷавоб медоданд. Ҳангоми сухан рондан ба гирду атроф ишора намуда, чашмони Давронов Қ. барқвор медурахшид, ки хеле таъсирбахш буд. Бо ҳамин шакл аз панҷ нақб гузашта, қариб ба қуллаи кӯҳ расидем. Дар ин масофа даромадгоҳи нақбҳои навбатӣ (дар боло ду нақби дигар менамуд) ба назар чун равзанае менамуд, ки аз дур будани масофаи он гувоҳӣ медод. Нуқтае ки мо аз он ба гирду атроф назар менамудем қариб 300-350 метр аз замин баланд буда, худро дар оғуши кӯҳҳо дарёфтем. Аз ин баландӣ ба поён назар намуда, дар тарафи чап ҳаракати мошинҳо дар ҷушу хуруш ва кормандони неругоҳ чун мур заҳмат мекашиданд. Дар тарафи рост оби руди Вахш ҷорӣ буд, ки бо ишораи роҳбалад бар он ки сатҳи об бояд то боло (ҷойе, ки мо қарор доштем- 300-350 метр) барояд ҳама якбора ба поён таваҷҷуҳ намуда, ҳар яке худ ба худ ба муҳокима гузаштанд. Дар рӯ ба рӯ манзараи дигаре диққатро зиёд ҷалб менамуд, ки ба хатҳои кӯтоҳи шикаста (ба таври зигзаг)-и тани кӯҳ буд. Миқдори хатҳои шикаста 7-8 ададро ташкил намуда, аз боло ба поён омада, дар охири он кулбае меистод. Бо диққаттар ба он таваҷҷӯҳ намуда, пурсон шудем ва бароямон маълум гашт, ки ин хатҳои шикаста роҳест, ки ба воситаи нақлиёт кормандони нерӯгоҳ бо он рафтуомад менамоянд. Аз як тараф хавфнок будани он роҳ касро ба фикр фуру мебарад, вале аз ҷониби дигар ифтихормандона гуфтан мумкин аст, ки ҳар як корманди нерӯгоҳ қаҳрамон аст. Алабтта ҳам дар сохтани нақбҳо ва корҳои зеризаминӣ хавфу хатарҳо ба кормандон таҳдид мегардад, вале аз техникаи бехатарии риоя менамоянд ва барои ин шароит муҳайёст.

Мӯъҷизаҳои, ки дасти одамизод дар ин корзор ба вуҷуд меорад бо мӯъҷизаҳои табиат қувваозмоӣ менамояд. Аз шунидани садои тупу маводи тарканда дили модари тоҷик дигар дар ҳарос нест, балки ба қувваю бозуи фарзанди паҳлавонаш итминон дошта, барои кандани нақб, сохтани тамаддуни зеризаминӣ ва ободии диёр сафарбар менамояд. Дар сохтмони НБО «Роғун» низ сафи чунин паҳлавонони баномус кам нестанд.

Ҳар нафар кормандони НБО «Роғун» бо ному насаби хеш бо хатҳои заррин дар саҳфаи таърих сабт хоҳад шуд!

НАРГИС УСМОНОВА- мудири

 кафедраи матбуоти ДМТ