ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – АСОСГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

0
123

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин танҳо эҳтиром ба шахси Президент, муҳтарам ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, хизматҳои эшон дар роҳи ҳифзи ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН ва ИСТИҚЛОЛ нест, балки як навъ ифтихор аз Давлату Сарвар доштан, соҳибихтиёр будан аст. Ҳамчунин эҳтирому арҷгузорӣ ба шахсиятҳоест, ки дар дарозои таърих барои худшиносию худогоҳӣ ва амалишавии ормонҳои миллии мо хизмат ва талош кардаанд. Ин ҷашн тантанаи амнияту субот, осоишу ободӣ, ягонагию сарҷамъӣ ва муттаҳидии миллати сарбаланди мо ва тамоми сокинони кишвари азизамон аст. Маҳз талошу ҷонбозӣ ва аз худ гузаштанҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки чунин саодат насиби миллат гардид.Бо боварӣ мегӯем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат будан, Асосгузори давлатдории навини тоҷикон ҳастанд. Зеро маҳз бо баракати сиёсати дурандешона ва иродаи қавии сиёсии эшон рукнҳои давлатдории муосир ба ҷомеаву давлатдории мо роҳ ёфтаву устувор гардиданд.

Аз ин рӯ, айни адолат аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил ва ҷашн гирифта шавад. Ин таҷлил ва арҷгузорӣ ба хотири худи мо ва наслҳову давлатмардони оянда низ ҳаст. То мо худ, бузургони худро шиносем ва масъулияти худро дар назди наслҳои минбаъда барои сарнавишти давлату миллат дарк намоем.

Таҷлили Рӯзи Президент ба рӯзи 16 ноябри соли 1994 алоқаманд аст Дар ин рӯз бори нахуст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти тариқи интихоботи умумихалқӣ интихобшуда савганд ёд карданд ва масъулияти бузурги давлатсозиву давлатдориро бар дӯш гирифтанд. Дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо рӯйдоди муҳимми таърихии дигаре сабт шудааст, ки низ ба ҳамин сана рабт дорад. Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб 16-уми ноябри соли 1992 оғоз шуда буд.Ҳама медонем, ки дар асри 20, баъд аз асрҳои бедавлатӣ, мо ба арзишмандтарин ва волотарин неъмат – Истиқлоли давлатӣ шарафёб гардидем. Мутаассифона, мо дар аввалин қадамҳои соҳибихтиёрӣ бо айби гуруҳу ҳизбҳои хиёнатпеша пешпо задем, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ афтодем. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ маҳз ҳамин Иҷлосия ба мардуми ноумедгаштаи тоҷик умед бахшид.Бузургтарин дастоварди иҷлосияи сарнавиштсоз он буд, ки ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони дунё фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат интихоб кард. Масъулияти наҷоти киштии ғарқшудаистодаи давлатдориро ба зимма гирифтани он замон як ҷавони 40-солаи пок аз ғаразҳову бехабар аз бозиҳои пасипардагӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ як қаҳрамонӣ буд. Сарвари давлат ба хотири наҷоти миллату давлат аз ҷони хеш гузашта буд. Дар ин бора муаррихону рӯзноманигорон, сиёсатмадорону сиёсатшиносон бисёр гуфтаанд, ки ҳоҷат ба такрор нест.

Бузургтарин ва хотирмонтарин хизмати Пешвои миллат ин хотима бахшидани ҷанги бародаркуш, баргардонидани гурезаҳо, расондани миллат ба сулҳу ваҳдат ва аз байн бурдани хатари пошхӯрии давлати тозаистиқлоли тоҷикон аст. Ҳамин корнома кофист, ки номи Пешвои миллат дар таърихи сиёсиамон чун наҷотбахши миллат ва АСОСГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН бо ҳарфҳои заррин навишта шавад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як кишвари дар ҳоли пареш қарордоштаро ба кишвари мутамаддин, устувору пешрафта табдил доданд. Президенти мо бо ташаббусҳои наҷибу инсондӯстона ва пешниҳодҳои ҷолибашон вобаста ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра аз роҳбари як кишвар то ба сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ, шахсияти таъсиргузор дар сиёсати байналхалқӣ ташаккул ёфтанд ва дар саросари олам маъруфу машҳур шуданд. Роҳбарони аксари кишварҳои олам ва созмонҳои байналмилалӣ ба сиёсати дурандешонаву инсондӯстона, донишу таҷриба, маърифату ҷаҳонбинӣ ва шахсияти Президенти мо эҳтиром қоил ҳастанд. Суханони самимонаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар муроҷиат ба Сарвари давлати мо далели возеҳи ин гуфтаҳост: “Шумо, ҷаноби Президент миёни мо, сарварони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба шумор меравед ва дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай истода будед. Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад.” Ин эътирофи сарвари яке аз бузургтарин давлатҳои ҷаҳон воқеан ҳам, боиси ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистон аст. Зеро дар ин суханон симо ва шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсият ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ равшан ҳувайдост. Ин ки роҳбари яке аз бузургтарин мамлакатҳои олам, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз мақом ва нуфузи хосе бархӯрдор аст, мегӯяд, “пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад”, мазмуну моҳияти бузург доранд. Яъне пешниҳодҳои дурбинона, андешаҳои созанда ва мавқеи устувори Пешвои миллати мо мавриди эҳтирому эътирофи сарварони кишварҳои бузурги олам буда, шахсияти таъсиргузори сиёсати ҷаҳонӣ буданашонро нишон медиҳад.

Дар тафаккуру пиндори мардуми мо ба гузашта санг назадан, хизматҳои бузургонро эътироф кардан, ба оянда назари созандаву нияти нек доштан, гузашт кардан, таъна назадан аз арзишҳои муҳими ахлоқӣ дониста мешаванд. Дар фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин арзишҳои муҳими ахлоқӣ таҷассум ёфтаанд. Дар ягон суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати шахсият ва фаъолияти ягон роҳбари пешин сухан ё андешаи танқидӣ садо надодааст. Сарвари давлат ҳамеша фаъолияти созанда, хизмату амалҳои неки роҳбарони собиқро таъкид месозанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарзандони номбардори миллат Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум ва Бобоҷон Ғафуров унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон доданд. Бо иқдомҳои Пешвои миллат Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва ноҳияи Хуҷанд ба номи Аллома Бобоҷон Ғафуров, Неругоҳи барқи обии Норак ба номи Турсун Улҷабоев номгузорӣ шуда, собиқ ноҳияи Пролетар номи Ҷаббор Расуловро гирифт. Дар пойтахти Ватан – шаҳри Душанбе кӯчаву хиёбонҳое номи Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Маҳмадалӣ Қурбонов, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Раҳмон Набиевро доранд. Медонем, ки дар аксари кишварҳои олам ва хусусан давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҳолати баръакс ба мушоҳида мерасад. Ин ҳам аз бузургӣ, ҷавонмардӣ, давлатмеҳварӣ, ору номуси ватандорӣ, нияти нек ва маърифати пешвоии муҳтарам Президентамон шаҳодат медиҳад.

Халқи тоҷик хизматҳои бузурги фарзанди фарзонаашро эътирофу эҳтиром менамояд, ба онҳо арҷ мегузорад. Халқ қаҳрамони худро мешиносад ва дӯст медорад. Беҳтарин саодати олам муҳаббати халқ аст, ки хушбахтона, ин бахти бузург насиби Пешвои муаззами мост.

Мо худ шоҳид ҳастем ва бо чашми сар дида истодаем, ки ҷаҳони муосир дар кадом вазъият қарор дорад. Миллати мо аз таърихи на чандон дури хеш ва воқеияти ҷаҳони муосир барои имрӯзу фардо сабақ гирифтааст. Ёдоварӣ аз таъкиди Сарвари давлат басо ба маврид аст, ки “сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт кунем ва дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоем.” Оре, муҳимтарин вазифаи ҳар яки мо дар шароити ҳассоси муосир ва таҳдиди хатарҳои эҳтимолии зиёд ҳифзи ҳамин ваҳдат, субот, оромӣ дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст.

Мо бояд ин рӯзи накӯ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун рамзи муттаҳидии миллат дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишони арҷгузорӣ ба хидматҳои беназирашон бо дастовардҳо ва шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намоем.

Сангин ГУЛЗОД,мудири кафедра,Хушдил РАҲИМҶОН,докторанти кафедраи телевизион варадиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ