Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Вақте мо сухан аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз мекунем, пеш аз ҳама Ваҳдати миллӣ пеши назарамон меояд. Дар мавриде, ки аз Ваҳдати миллӣ андеша мекунем, нахуст мақсад ва дастовардҳои он дар амалӣ шудани ниятҳои неки халқи азизамонро ҳамарӯза мушоҳида менамоем. Агар мо ба вожаи Истиқлолият ва Ваҳдат бо чашми хирад нигарем, мебинем, ки ҳарду мафҳум барои мо тоҷикон аз ҳам ҷудонашаванда буда, гарави пешравӣ ва муваффақиятҳо дар зиндагии ҳамарӯзаи мост. Истиқлолият ва Ваҳдат калимаҳое аст, ки барои халқи тоҷик муқаддас ва муборак аст. Ин ду вожаи муқаддас барои халқи куҳанбунёди тоҷик арзиши бузурги маънавӣ, фарҳангӣ, тақдирсоз ва равшансоз буда, ояндаи дурахшони моро муайян мекунад.
Вақте мо Ваҳдати миллӣ мегӯем ягонагӣ, ҳамфикрии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз як гиребон сарбардоштан, ҳамдигарро эҳтиром кардан, ҳадафҳои миллиро пайгирӣ кардан, билохира сарфарозии халқи тоҷикро дидан мароми мо мешавад. Имсол мо 28-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумимиллии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҷашн мегирем Таъкид бояд кард, ки ҳануз 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумимиллии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ҳаёти осоишта, пешрафт, ҳамдигарфаҳмӣ ва мутаҳидӣ, сарҷамъӣ, бахшишҳои ҳамдигар дар Тоҷикистон таъмин гардид. Дар ин муддат халқи тоҷик дар сулҳу сафо, хушу хушбахтона бо меҳнати созандаи худ зиндагӣ дорад. Аз ин ҷо, набояд фаромӯш кард, ки хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба эътидол овардани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардонидани Созишномаи сулҳи тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи миллатамон барои ҳамешагӣ ба ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Ин марҳилаи аввали сулҳофарӣ ва Ваҳдатсозии Пешвои миллат буд ва ҳамзамон тамоми халқи тоҷик ҳамнавою ҳаммароми сулҳу ваҳдат пайи Пешвои миллат рафт. Таъкид бояд кард, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори сулҳ ва меъмори ваҳдат дар таърихи навини давлатдории тоҷикон хизматҳои шоистаро анҷом додаанд, ин орзуи на танҳо тоҷикистониён, балки тоҷикони дунё буданд. Аз ин ҷо, мақтаи шеъри устод Лоиқ «Сулҳи деринтизор»-ро зикр мекунем, ки дар васфи Ваҳдат ва офарандагони он навишта шуда, аз шодию сурур рӯ ба худованди бузург овард:
Раҳми парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ ба диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдгори мо омад.
Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,
Ҳотифи зиндадорӣ мо омад…
Аз ин шеъри устод Лоиқ ваҳдатномаи шоирони мо оғоз ёфт. Имрӯз халқи тоҷик, зиёиёни он, фарҳангиён, аз хурд то калон, пиру барно дуои сулҳу ваҳдат мекунанд. Зеро мебинем, ки имрӯз дунё ва рафти низо дар ҷаҳон дар кадом сатҳ аст. Муноқишаҳо дар гушаю канори ҷаҳон даргиранд.Сулҳу сафо дар он мулкҳо паси абрҳои сиёҳ мондаанд. Сулҳу ваҳдат яке аз омилҳои оромиш дар дунёи муосир аст. Ба андешаи академик Кароматулло Олимов «Агар Эмомалӣ Раҳмон Президенти яке аз давлатҳои абарқудрат мебуданд, дар дунё сулҳу салоҳ ба тамом пойдор мешуд». Ин суханҳо рӯзи ҷашнгирии Ваҳдат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон садо дод, ки воқият дорад…
Албатта, Ваҳдати миллӣ омили оромӣ, сулҳу субот, нишоту хурсандӣ, худшиносиву худогоҳӣ, рушди ҷомеа, пешравти иқтисод, иҷтимоиёт, фарҳанг, илму маориф, маърифат ва охиран зиндагии осоишта аст. Ба замми ин Ваҳдати миллӣ ҳамчун воқеаи нодир дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо барои сарҷамъ намудани халқи тоҷик нақши муҳим ва асосӣ бозид. Зиёда аз ин Ваҳдати миллӣ ин орзую умеди деринаи миллати тоҷик аст, ки дар ҷараёни хеле вақти нозук зуҳур намуда, пас аз он дар мафкураи халқи тоҷик чун падидаи сарнавиштсоз ба вуҷуд омад. Дар ин маврид ин пояҳои худогоҳӣ ва худшиносии миллиро дар тафаккури мардум пойдор ва устувор гардонид, ки меваи онро мо имрӯз мечашем. Ваҳдати миллӣ парвардаи як давраи муайяни таърихӣ аст ва итмоми комил дорем, ки ин Ваҳдат ҳамқадам ва ҳаммароми халқи куҳанбунёди тоҷик буда, бақои онро таманно дорем.
Муҳаббат ба Ваҳдат ин муҳабат ба миллат аст, садоқат ба Ваҳдат ин садоқат ба Ватан аст, Ваҳдат ин решапайванди миллат аст. Эҳтироми Ваҳдат ин эҳтироми халқ аст… Дар ин росто, суханҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бигузор барандаи андешаҳои мо бошад: «Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб кунем»… Аз ин ҷо, суханҳои волои шоир танинандоз мешавад:
Ҷое, ки муҳаббат аст, ваҳдат бошад,
Ганҷе, ки саодат аст, ваҳдат бошад.
Неруи сарафрозиву бишкуфтан агар,
Дар решаи миллат аст, ваҳдат бошад.
Нарзулло АзизиёнАъзамҷон Азимов, профессори факултети журналистикаи ДМТ