Business and technology concept.
«Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд».
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28.12.2024)
Эълон гардидани «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», аз ҷониби Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомал Раҳмон, барои панҷ соли оянда, заминаи муҳиму созандае маҳсуб мешавад, ки дар самти рақамикунонии соҳаҳои мухталифи ҷомеа саҳми назаррас хоҳад гузошт. Шароити имрӯзаи фаъолият дар соҳаҳои муҳими ҷомеа, агарчӣ аз як ҷониб ба мутахассисони донандаи хуби касби худ ва забондон ниёз дошта бошад, аз ҷониби дигар бо технологияи муосир анҷом додани хизматрасониҳо дар касби худ, талаботи дигари фарди имрӯзаи ҷомеа маҳсуб мешавад.
Маҳз талаботи болозикр, боиси он гардидааст, ки дар мамлакат рақамикунонии сохторҳои гуногуни давлатӣ роҳандозӣ шуда, бештари хизматрасониҳо тариқи ғайринақдӣ бар роҳ монда шудаанд. Чунин амали муҳим, дар навбати худ, барои фаъолияти босамари «Ҳукумати электронӣ» шароити мусоидеро фароҳам овардааст.
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28-уми декабри соли 2024, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомал Раҳмон, аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Яъне имрӯз мамлакати мо дар танзими ҳуқуқи молиявии кормандон ва шаҳрвандон, пешсаф буда, кӯшиш менамояд, то маърифати шаҳрвандонро дар самти истифодаи мақсадноки хизматрасониҳои ғайринақдӣ, баланд бардошта, мутахассисони бештари донандаи технологияи муосирро барои рушди иқтисоди рақамӣ, ҷалб намояд.
Бо назардошти муҳиммияти рушди иқтисоди рақамӣ барои панҷ соли оянда, Пешвои миллат, таъкид намуданд, ки зарур аст, дар ин давра ба чанд самт, аз ҷумла, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ ва ғайраҳо, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.
Чунин дурнамо, албатта, агар аз як ҷиҳат, ба рушди босуръати фаъолият дар соҳаи технологияи рақамӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, маҳз дар заминаи он таваҷҷуҳ ба ҷавобгӯ будани мутахассисон бештар мегардад. Тақозои замони муосир низ маҳз кадрҳои донандаи технологияҳои иттилоотӣ буда, онҳо дар пешрафти соҳаи «иқтисоди рақамӣ», нақши назаррас мегузоранд. Ҳамин аст, ки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастур доданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад. «Ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дода, илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд», – дастур доданд Пешвои миллат ба сохторҳои дахлдори мамлакат.
Ҳамин тавр, гузариш ба «иқтисоди рақамӣ» ва рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ, барои панҷ соли оянда, қадами муҳимест, ҷиҳати ноил гардидани мамлакат ба истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт.
Баҳромзода Манижа,
номзади илмҳои филологӣ,
ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии
факултети журналистикаи ДМТ