
Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудан Стратегия, Барнома ва Нақшаи чорабиниҳои давлатӣ бо иштироки муовини сардори маркази муқовимат ба савдои одамони РМЗҶМ –и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия Бухоризода Беҳрӯз Рустам бо устодону шогирдони факултетҳои таърих, муносибатҳои байналмилалӣ, забонҳои Осиё ва Аврупо, филологияи рус ва журналистика мулоқоту суҳбат доир гардид. Дар ҷамъомад мудирони кафедраҳо, садорати факултетҳо ва шогирдони панҷ факултет иштирок намуданд.
Нишастро декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ Сайидҳомид Ҷаъфарзода ифтитоҳ намуда, доир гардидани чунин чорабиниҳоро як омили баланд гардидани маърифату ҷаҳонбинии ҷавонон доир ба аксар масъалҳаои ҳуқуқӣ дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ номид.
Сипас, подполковники милитсия Бухоризода Беҳрӯз Рустам бандҳои муҳиму алоҳидаи “Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030…”, “Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон…”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон…”, “Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028…” ва “Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025…”-ро ба таври мухтасару возеҳ шарҳ дод.
Таъкид гардид, ки мақомоти ВКД кору фаъолияти худро дар партави сиёсати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ гузошта, ба таври ҳамешагӣ талоши ҳифз намудани сулҳу суботи кишварро доранд. Беҳрӯз Бухоризода дар доираи факту рақамҳо ва санаду далеҳо доир ба чунин масъалаҳо ибрози назар намуданд, ки махсусан барои ҷавонон аз паҳлуҳои зиёд ибратомӯз мебошанд:
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирфтаи худ ба нерӯи ҷавонон хеле зиёд такя намуда, дар баробари ин дар тарбияи ин қишри бузурги ҷомеа доимо ғамхориҳои беназир зоҳир менамоянд.
Маълум аст, ки қишри асосии аҳолиро дар ҷомеаи мо ҷавонон ташкил менамоянд. Имрӯзҳо ҷавонон 60 – 70 фисади аҳолиро ташкил медиҳанд ва метавон гуфт, ки Тоҷикистон кишвар ва давлати ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон ва тарбияи онҳо тадбирҳо хеле зиёд роҳандозӣ гардидааст. Шароити таҳсил ва кор рӯз ба рӯз беҳтар мегардад. Дар ҳама самтҳо ба ҷавонон хеле зиёд такя карда мешавад.
Баъзан боиси нигаронист, ки дар баробари ин қадар ғамхориҳо иддае аз ҷавонони мо ба роҳи нодуруст мераванд ва зери таъсири таълиму тарбияи идеологияҳои манфӣ қарор мегиранд. Чунин муносибати онҳо оқибатҳои ногувору манфӣ дошта, боиси бадномии миллати тоҷик мегардад.

Хеле боиси афсус аст, ки ҷавонони мо хатару таҳдиди тақлид ба либоспӯшии бегона ва рӯ овардан ба фарҳангҳои ғайрро баъзан донистан намехоҳанд. Маълум аст, ки либосҳои сиёҳу торик фазои маънавиро тира сохта истодаанд ва чунин раванд мавҷудияти ояндаи фарҳангу тамаддуни қадимии моро зери суол қарор медиҳад.
Бояд ба назар гирифт, ки либос нишони дину диёнат нест. Мо баъзан бо чунин мубаллиғони либосҳои ғайр сӯҳбат менамоем ва маълум ҳам мегардад, ки онҳо тамоман аз дину фарҳанг бӯе набурдаанд. Яъне чунин зоҳирпарастӣ ба ҷомеаи мо аз берун ворид мегардад, ки ҳадафу мақсадҳои зиёдро зери парда қарор медиҳад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ аз натиҷаи кори хадамотҳои кашшофӣ маълум гардидааст, ки халқеро нобуд сохтан хоҳанд, нахуст забону фарҳанги аҷдодии онро онро нобуд менамоянд. Ин нуқтаро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд ва мо бояд доир ба ин масъала муносибати ҷиддӣ дошта бошем. Рукнҳои давлатӣ, аз ҷумла либосу забону фарҳанг бояд ҳифз карда шавад ва ин ҳама муаррифгари миллати мо дар ҷаҳон аст.
Дар масъалаи дину ойину фарҳанг ҷавонони мо бояд эҳтиёткор бошанд ва таълимоти Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар мазҳаби мо худ кифояткунанда аст. Зеро ин мазҳаб гумманизм ва инсондӯстиро фарогир аст ва ҳеҷ зарурати дигари шомилшавӣ ба дигар мазҳабу фирқаҳо вуҷуд надорад. Баъзан бо ақидаҳо ва ғояҳои зидди мазҳаби ҳанафӣ вориди кишвар гардидани ҷавонон ба назар мерасад, ки як омили ба вуҷуд омадани ихтилофу бархурдҳо мебошад.
Маънавиёт ва дӯст доштани ватан ҷавононро аз гирифториву гумроҳӣ наҷот медиҳад ва бо ин ҳама бояд дар ободонииву пешрафти кишвар ҳиссса гузошт.
Боиси нигаронист, ки нашъамандӣ ва гирифторӣ ба бемории ВИЧ СПИД дар ҷомеаи мо вуҷуд дорад ва то имрӯз 15 ҳазор ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, 3500 нафар ҷавонон аз нашъамандӣ фавтидаанд, ки ин дарди ҷомеа мебошад.
Ҷавонон бояд маънавияти баланд дошта бошнд ва дар доираи ҷаҳолату коҳилӣ барои ҷалби волидайн бояд ба ҷавобгарӣ мусоидат накунанд. Интизом надоштан, дар дарс набудан, бадахлоқӣ, рӯ овардан ба амалҳои ҷиноӣ ва амсоли ин ба тақдири бади ояндаи ҷавон таъсир мерасонад.
Таълими ғайриқонунии динӣ дар дохилу хориҷи кишвар оқибатҳои манфиву ногувор дорад. Баъзан чаласаводон, ки дониши кофӣ надоранд, барои соҳиб гардидан ба даромади муфт ҷавононро зери ҷаҳолат қарор медиҳанд.
Фирефташавии ҷавонон бо таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва шомилшавии онҳо ба гуруҳҳои даҳшатафкан имрӯз ҷомеаҳоро ноором намудааст. Фаромӯш набояд кард, ки тероризм зуҳуроти номатлуб аст, ки метавонад давлатро ба нестӣ расонад.
Як амали номатлуби ҷавони мо дар хориҷи кишвар садҳо монеаҳо ба вуҷуд меоварад. Бояд ҷавони тоҷик бо дониши худ дар хориҷи кишвар симои миллаташонро нишон диҳад. Аз ин ҷиҳат аз ҳар фардии худогоҳ талаб карда мешавад, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Феълан дар беш аз 40 кишвари дунё мухолифатҳо рафта истодааст. Давлатҳои тинҷу обод қурбонии бозиҳои ифлос мегаранд. Миллионҳо нафар нафар манзилҳои худро тарк кардаанд.
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти кушода додани ҷиноятҳо муҳим аст. Бисёр ҷиноятҳои вазнин дар ҳамкориҳо кушода ҳам мешаванд.
Бояд ҷавонон ибратгиранда аз гузаштаҳои худ бошанд. Тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф мешаванд ва ин мақому манзалатро бояд эҳтиром намуд.
Баъдан намояндаи шуъбаи ҳуқуқи донишгоҳ Имомзода Ҳумоюн низ сабабҳо ва омилҳои ба ҷинояту ҷинояткори рӯ овардани ҷавононро шарҳ дод. Таъкид гардид, ки мубориза алайҳи ҷинояткорӣ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест ва дар ин самт бояд аҳлона мубориза бурд. Мавсуф масъалаҳоро аз равзанаи илми ҳуқуқшиносӣ шарҳ дода ва доир ба маърифати ҳуқуқии ҷавонон андешаи судманд иброз намуд.
Чорабиниро декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ Саидҳомид Ҷаъфарзода ҳусни анҷом бахшида, таъкид намуд, ки бегонапарастӣ оқибатҳои ногувор дорад ва мо бояд ба фарҳанги миллӣ арҷ гузорем. С.Ҷаъфарзода аз оқибатҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум ёдрас гардида, сулҳу суботу оромии ватанро неъмати бебаҳо номид. Дар хотима ҷавонон ба таҳсилу одоби шоиста даъват гардида, ҷиҳати татбиқи стратегияҳо масъулиятмандии ҳар як фард муҳим дониста шуд.





