Имрӯз (29.10.2025) дар доираи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамирзода Муслиҳиддин бо зумрае аз устодону донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳ вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ намояндагони Раёсати тарбияи Донишгоҳ, устодону донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷик, филологияи рус, журналистика, забонҳои Осиё ва Аврупо ширкат варзиданд.
Мақсади асосии вохӯрӣ баррасии масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани маърифати диниву миллӣ, таҳкими ҳувияти шаҳрвандӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар миёни ҷавонон буд.
Хоҷамирзода Муслиҳиддин зимни суханронӣ таъкид дошт, ки ҷавонон неруи асосии ҷомеа буда, саҳми онҳо дар таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа муҳим аст. Вай инчунин оид ба сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти озодии виҷдон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Номбурда бо мисолҳои мушаххас аз фаъолияти Кумита зикр кард, ки мақсади давлат дар ин самт на маҳдудсозӣ, балки тартиб додани муносибатҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва пешгирии исрофкорӣ мебошад. Ӯ ҷавононро даъват намуд, ки бо истифода аз имкониятҳои таълим ва илм, зиндагии худро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва масъулиятшиносӣ бунёд кунанд.
Дар рафти вохӯрӣ намояндаи раёсати Донишгоҳ ва зумрае аз садорати факултетҳо суханронӣ намуда, андешаҳои хешро доир ба нақши дин дар ҷомеаи муосир, тарғиби арзишҳои миллӣ ва роҳҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати диниву фарҳангӣ баён доштанд.
Дар анҷом, намояндаи раёсати тарбия барои ҳамкории самарабахш ва таваҷҷуҳи пайвастаи Кумита ба тарбияи маънавии ҷавонон изҳори миннатдорӣ намуда, умед кард, ки ин ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам рушд хоҳанд кард.









