ТОҶИКИСТОН- ПЕШОҲАНГИ МАСОИЛИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН

0
15

Баррасии мавзуъ дар маҳфили “Паҳно”-и факултети журналистикаи ДМТ

Дар маҳфили мазкур, ки дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, бо ташаббуси кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ доир гардид, сарходими МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и АМИТ, профессор Абдулҳамид Қаюмов, доир ба марҳилаҳои омӯзиши пиряхҳо, бахусус анҷом додани экспедитсия ба Антарктида, натиҷаҳои илмии бадастомада, ҳамчунин дар амал татбиқ намудани донишҳои мавҷуда дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо, тавассути навори видеоӣ ва слайдҳои мушаххас, маълумоти муфиду ҷолиб пешниҳод кард.

Дар идомаи ҳамоиш, профессор А. Қаюмов аз саҳми назарраси Тоҷикистон дар баррасии масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, ёдовар шуда, қайд намуд, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2017, Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-ро дар назди АМИТ, таъсис доданд.

“Маҳз натиҷаи чунин таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо буд, ки дар Тоҷикистон 6 стансияи омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд”,- изҳор дошт, профессор А.Қаюмов.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки талошҳои зиёди Тоҷикистон дар масъалаи омӯзиши пиряхҳо, дар чанд соли охир, боиси эътирофи мамлакат аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои алоҳида гардида аст.

Ҳамоиш бо саволу ҷавоби донишҷӯёни факултет бо профессор А. Қаюмов атрофи муаммоҳои ҳифзи пиряхҳо вв дигар масъалаҳои марбут ба мавзуъ, идома ёфт.