ҶОЙГОҲИ ШОИСТАИ ЗАН-МОДАР ВА ТАВАҶҶУҲ БА ОН ДАР ПАЁМ

0
18

Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, Сарвари давлат дар идомаи сиёсати хеш аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мавқеи занро дар ҷомеа баланд бардошта дар арсаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалби занон ба сиёсат, идоракунии давлатӣ, илм, истеҳсолот, фарҳанг, тандурустӣ ва ғайраро бори дигар таъкид карданд.

Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш таъкид доштанд, ки “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст”.

Бояд гуфт, ки роҳбарияти мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон тадбирҳои зарурӣ андешида, ин масъала дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт.

Тавре ки дар Паём зикр гардид, «ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд».

Мо, занонро лозим аст, ки мутобиқи талабот ва меъёрҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар бораи занон фаъолияти гуногуни худро даҳчанд хуб намуда, ба рушди сиёсати давлатии занон дар ҷомеа ва беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти хеш саъю талоши худро аз ҳар вақти дигар дида, поквиҷдонона равона созем. Имрӯз фаъолияти занону бонувон дар соҳаҳои гуногун назаррас аст. Чуноне ки Пешвои миллат дар Паём зикр намуданд, бонувону занон дар ҳама соҳаҳои хаҷагии халқи мамлакат баробари мардон заҳмат мекашанд.

Ҳамин тавр, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби онҳо ба соҳаҳои гуногуни хизмати давлатӣ барои мо, занон чароғи раҳнамо буда, ҷиҳати расидан ба мақсади наҷиб, ки он ҳам баланд бароштани хонишу дониш, ташаббускорӣ, суботкорӣ, муносибатҳои хуби хизмати давлатӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисос аз ҷониби занон мебошад, мусоидат менамояд.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат раванди таҳсили духтарону бонувон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба низоми муайян даромада, Пешвои миллат дар Паём қайд намуданд, ки «Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд».

Яке аз омилҳои муҳим, ки имрӯз метавонад ба масоили пешрафти ҷомеа ва таъмини шароити мусоид замина фароҳам оварад, фаъолнокии сиёсии занон мебошад. Вобаста ба масъалаи мазкур дар Паём ба маврид зикр гардид: “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”.

Ниҳоятан метавон зикр намуд, ки дар замони имрӯз масъалаи фаъолияти занон дар идораи давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, онҳо на ҳамчун шумораи зиёди аҳолӣ, балки ҳамчун кормандони бомуввафақ низ дар ҷомеа аз ҷониби Роҳбари давлат эътироф карда шудаанд. Онҳо нисбат ба мардон дар соҳаҳои муҳим ба монанди тиб, маориф, кори иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигоҳубини фарзандон, соҳаи хизматрасонӣ ва ғайра бартарӣ доранд.

Ҳамаи ин дар заминаи сиёсати одилона ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мо – бонувон амалӣ мешавад. Дар навбати худ мо, занону бонувони кишвар, мекӯшем, ки баҳри тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ талош намуда, дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат саҳми арзанда гузорем.

Мавзуна САМАДОВА,дотсент, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ