
Садуллоев Рустам Абдуллоевич
Унвон: ассистент
Вазифа: Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ
Маълумот барои тамос:
Тел.: +992 907-98-70-12
Садуллоев Рустам Абдуллоевич 20 ноябри соли 1972 дар ш. Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1992 ба факултети филологияи тоҷик ва таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дохил шуда, онро соли 1997 бо ихтисоси филолог хатм намудааст.
Аз сентябри соли 2004 корро ба сифати ассистенти кафедраи забон ва адабиёти коллеҷи омӯзгории ш.Кӯлоб сар карда, то соли 2007 идома додааст. Аз соли 2009 то 2011 ассистенти кафедраи таърихи умумӣ ва методикаи таълими таърихи ДДК кор кардааст. Солҳои 2012-2014 ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ ва методикаи таълими адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2014-2016 муовини директор оид ба корҳои тарбиявии мактаб-интернати варзишии ҷумҳуриявии ш. Душанбе, 2016-2021 лаборанти калони кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ кор кардааст. Аз соли 2022 то инҷониб муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети журналистика адои вазифа намуда истодааст.
Садуллоев Рустам ба тарғиби сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мебошад. Инчунин дар чорабиниҳои муҳимми сиёсию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар сафарбар намудани устодону донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.