Кафедраи журналистикаи байналхалқӣ 20-уми июни соли 2004 ташкил ёфтааст. Ба кафедра профессор А.Саъдуллоев (солҳои 2004-2006), дотсент А.Сабуров (иҷрокунандаи вазифа, солҳои 2006-2007), профессор И.К.Усмонов (солҳои 2007-2011) ва дотсент Сангин Гулов (солҳои 2011-2016) роҳбарӣ кардаанд. Аз соли 2016 мудири кафедра Бахтиёр Қутбиддинов мебошад.
Самти фаъолияти кафедра проблемаю масъалаҳои инъикоси сиёсат ва иқтисоди хориҷии Тоҷикистон дар ВАО, таърих, назария ва амалияи журналистикаи хориҷӣ мебошад. Дар кафедра ҳоло 20 нафар муаллимону аспирантҳо ва унвонҷӯйҳои дохилию хориҷӣ таҳқиқоти илмӣ мебаранд.
Самт: Журналистика ва иртиботи омма дар ҷомеаи иттилоотӣ
Проблема: Қонуниятҳои инкишоф ва таҷрибаи таърихии журналистика
Мавзӯъ: Омӯзиш ва таҳқиқи назария, амалия ва таърихи воситаҳои ахбори байналмилалӣ
Вобаста ба самти мавзӯӣ масъалаҳои мухталифи рушд ва махсусияти ВАО-и ҷаҳонӣ, таҳаввулоти жанрӣ дар онҳо, истифодаи техникаву технологияи нави табъу нашр, пахши барномаҳо, нақши тарғибот дар барномасозӣ, сабки нигориш, мактабу равияҳои нави журналистикаи хориҷӣ, авзои ҷаҳон дар публитсистикаи ватанӣ, робитаи журналистикаи ватаниву байналмилалӣ ва журналистика дар раванди ҷаҳонишавӣ таҳқиқ мегарданд. Дар асоси маводи таҳқиқӣ рисолаҳо, монографияю мақолаҳо ва гузоришҳои илмӣ омодаву чоп карда мешаванд.
Кафедра маҷмӯаи мақолаҳои илмии устодонро таҳти унвони «Меваи истиқлол», «Журналистикаи байналхалқӣ» (9 шумора то соли 2018) ва «Замони муосир ва журналистика»-ро нашр кардааст. Олимон ва муҳаққиқони кафедра бештар аз 45 дастуру китобҳои илмию таълимӣ интишор намудаанд.
Ҳайати имрӯзаи кафедра:
1.Дотсент Самадова Мавзуна Тағойевна – мудири кафедра;
2.Профессор Муқимов Маҳмадӣ Аминович;
3. Қудбиддинов Абдулмуъмин Ҳошимович;
4. Дотсент Яқубов Ҷамолиддин Нуриддинович;
5.Дотсент Суҳроби Мирзоалӣ;
6.Ассистент Нуралиев Алиҷон Абдусатторович ;
6.Лаборант Комилова Зебо.
Маҳфилҳои кафедра
Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён – «Паҳно» амал мекунад, ки ба он дотсент Ёқубов Ҷамолиддин роҳнамоӣ менамояд.
Профессор Ҷовид Муқим маҳфили инфиродии «Анис»-ро таъсис додаву роҳбарӣ мекунад. Ин маҳфил соли 2007 ташкил шуда, ҳар моҳ як маротиба баргузор мегардад.