ОМИЛҲОИ РУШДИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ

0
258

Матбуоти маҳаллӣ, ки дар даҳсолаи 1930 ба вуҷуд омада шакл гирифт, айни замон дар марҳилаи нави сиёсиву иҷтимоӣ қарор дорад. Дар оғози тавлиди ин типи матбуоти даврӣ ҳамчун як ҷузъи нисбатан нави матбуоти давлатӣ бо суръати баланд аудиторияи махсусро соҳиб мегардид. Дар охирҳои асри Х1Х ва остонаи асри ХХ дар ҷавоб ба мактубҳои муаллифони фаъоли матбуоти маҳаллӣ Максим Горкий чунин хитоби уммедворкунандаро баён дошта буд: «Ба матбуоти маҳаллӣ нигоҳ кунед. Он алакай ба як неру табдил ёфтааст. Қариб шаҳру губернияе намондааст, ки газетаи худро надошта бошад: дар баъзе шаҳрҳо (Одессса, Саратов, Киев, Харков ва ғ.) шумораи онҳо якчанд мебошанд. Бо маънавиёт ва маърифати шоиста Россия ба пеш бетаваққуф қадам зада истодааст». [2, с. 29] Ишораи боло бештар хосияти таърихии матбуоти маҳаллиро бозгӯ менамояд, ки чи гуна дар аввалин қадамҳо маҳбубияту нуфузро бо рисолати идеологӣ соҳиб гашта буд. Ин шева метавонист, ки садои рӯзномаро бо оҳанги замона мувофиқ сохта, аз дурнамои неку мусбати он дарак диҳад. Имрӯз ба дурнамои матбуоти маҳаллӣ нигариста гуфта метавонем, ки алҳол барои ин матбуот ҳолати шахшудае ба миён омадааст. Муҳаққиқон, рӯзноманигорон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баъзан худи ҳокимиятдорони маҳаллӣ қоил мебошанд, ки ин матбуот як навъ ҳолати буҳрониро аз сар мегузаронад. Дар соли 2008 муҳаққиқ А.Саъдуллоев чунин гуфта буд: «…журналистикаи мо акнун ба чорроҳаи инкишоф расидаву ҳанӯз самти дилхоҳро интихоб накардааст ва дар бештари навоҳиамон ҳанӯз журналистикаи примитивӣ фаъолият мекунад».[7, с. 62]  Ибораи “журналистикаи примитивӣ” ишора ба анъанаву қолабҳои меросмонда аз замони шӯравӣ дорад, ки он то кунун боқист. Таъкиди муҳаққиқ дар мавриди самти дилхоҳро интихоб накардани матбуот ишора на ба пешрафт, балки ба ҳолати буҳронии матбуот дорад. Дар ин масъала андешаҳои дигар нишондиҳанди он мебошанд, ки матбуоти маҳаллӣ дар ин давраҳо бо ҳама тағири фазову муҳит ва душвориҳои давраи гузариш гӯё дар паи рушд қарор дорад. Дар оғози солҳои 2000-ум муҳаққиқ И.Усмонов ба ҳолат ва авзои матбуоти тоҷик ва аз ҷумла, матбуоти маҳаллӣ чунин баҳогузорӣ кардааст: «Системаи рӯзномаҳои имрӯзаи Тоҷикистон ба маънои умумияш журналистикаи замони гузаришро нишон медиҳад. Гарчи дар иддае аз ноҳияҳо ва вилоятҳо рӯзномаҳои шаҳрӣ – ноҳиявӣ боқӣ монда бошанд ҳам, аммо ҳамчунин дар он ҷойҳо рӯзномаҳои ширкатии ғайридавлатӣ пайдо шудаанд».[9, с. 87]

         Таҳқиқу қиёсҳо нишон медиҳанд, ки ҳеҷ яке аз муҳаққиқон ва кормандони матбуоти имрӯза натавонистаанд, ки шаклу шеваи нави шоистаи қолаби инкишофи матбуоти маҳаллиро пешниҳод намоянд. Сарфи назар аз баъзе омилҳо, раванди озодиҳои васоити ахбори омма боис гашта истодааст, ки дар маҳалҳо низ тавлиди матбуоти озод суръат пайдо намояд. Имрӯз эҳсос мешавад, ки барои тавсеаи раванди озодиҳои онҳо баъзе механизмҳо кифоя нестанд. Чунончӣ ин навъи матбуот низ дар тиҷорат озодиҳои бештарро талаб менамояд. Рӯзномаву маҷаллаҳо дар бахшҳои ҳуқуқиву иқтисодӣ низоми худидораи мустақилро тақозо менамоянд. Дар маблағгузориҳо дар як маҳал мустақилиятро мехоҳанд. Тавре маълум аст, аксар матбуоти маҳаллии кишвари мо бо дастур ва баъзе маблағгузории вазорати фарҳанг фаъолият менамоянд.

Қонунҳо ва доираҳои худидораи маҳаллӣ имкон ва шароит ба вуҷуд меоваранд, ки матбуоти ноҳиявию шаҳриву вилоятӣ ба вуҷуд оянд. Махсусан, дар шароити имрӯза он роҳҳои сифатан наву ҷолибро ҷӯё мешавад. Дар навбати аввал нақши коммуникативии он боқӣ мемонад. Реклама ва истифодаи он барои матбуоти маҳаллӣ низ ҷузъиёти бегона ба ҳисоб намеравад. Имрӯз дар таҷрибаҳои ҷаҳонӣ собит гаштааст, ки рекламадиҳандагони кишварҳои пешрафта тавассути рекламаи матбуоти маҳаллӣ аввалин равзанаи муваффақияти парвозро дарёфт кардаанд. Тавассути ин реклама дар як минтақа коргоҳи муайян нуфузу эътибор пайдо менамояд. Бо гузашти вақт шуҳрату эътибор сарҳадҳои як минтақаро убур менамоянд ва он метавонад, ки дар саҳифаҳои матбуоти марказӣ ҷои худро пайдо намояд. Муҳаққиқ Ф. Олешко раванди пешрафти матбуоти ноҳиявию шаҳриро дар қиёс ба матбуоти марказӣ дар солҳои 2002 омӯхта ба чунин хулоса меояд:«19 фоиз тиражи ВАО-и маҳаллӣ баланд гаштааст. Таваҷҷуҳ ба матбуоти маҳаллӣ боло меравад. Асрори ин комёбӣ он аст, ки ин навъи матбуот аз усули рекламаи худ корбаст карда метавонанд». [5, с. 165]  Масъалаи рекламаи худи матбуот то андозае майдони маҳдуди муаррифӣ ба ҳисоб равад ҳам, аммо ин ҷараёнро низ таваҷҷуҳи омма суръат мебахшад. Тираж, миқдори саҳифаҳо, обурангии ороиш, ҳаҷм ва андоза (формат) ва ахиран мазмуну мундариҷа боис мешавад, ки доираи эътибору нуфузи нашрия дар ҷомеа баланд гардад.

Дар шароити феълӣ таваҷҷуҳ нисбат ба матбуоти маҳаллӣ ба он ваҷҳ бедор шуда истодааст, ки онро ба як василаи барқарор сохтани муколамаи иҷтимоӣ ва шаклгирии фазои иҷтимоӣ табдил додан мехоҳанд. Ин ҷиҳат низ ҳанӯз доманаи густурда надорад ва хос ба он минтақаҳое мебошад, ки сатҳи фарҳангиву иқтисодии нисбатан пешрафта доранд. Таъсиргузории доираҳои махсус ва ҳукумат дар дигаргунии тамоми самту зинаҳо ба монанди маблағгузорӣ ва инкишофи озоди нашрия, афзалият ва норасоиҳо, лаҳзаҳои натиҷабахш ва баръакси фаъолияти мухбирон дар кори эҷодӣ, омилҳои инкишофдиҳандаи кори эҷодӣ дар такя ба вокуниш ва дастгириҳои аудитория, манфиатҳои редаксия дар самти фармоишҳо ва рекламаву эълонҳо, манфиатҳои тиҷоративу молӣ (обуна ва маблағгузорӣ) ва амсоли он мусоидат карда метавонанд.

Тағирот ва таҳаввулоти иҷтимоиву иқтисодии минтақаи муайян ба таври ҳатмӣ дар пешрафти матбуоти маҳаллӣ таъсир мегузорад. Масалан, минтақае бо номи МОИ вуҷуд дошта метавонад, ё ин ки минтақаи наздисарҳадие дар ҳолати мураккабу нозуке қарор мегирад ва ҳатман нашрияеро дошта метавонанд, ки дар қиёс бо як нашрияи маҳалу минтақаи ҳамсоя тафовут дорад. Минтақае ҳам вуҷуд дошта метавонад, ки дар мамлакат марказ ё базаи таҷаммӯи ахбор дониста мешавад. Ин омил бо назардошти сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, шароити зиндагии одамон, фарҳанги сиёсӣ, афкори умуми як минтақа, фарҳангу анъанаҳо ва амсоли он чеҳраи як маҳалу минтақаро сохта метавонад. Сатҳи иқтисодӣ ва синну соли кормандони нашрияи маҳаллӣ ду омили муҳими мавҷудияту фанои ин навъи матбуот дониста мешавад. Муҳаққиқ М.Муродов вобаста ба ин омилҳои нигаронкунандаро чунин ишора мекунад: «…фарз кардем бо иллати камии маош рӯзноманигорони ҷавон аз кор саркашӣ кунанд, собиқадорон ба нафақа раванд, фаъолияти нашрияҳоро кӣ идома медиҳад, анъана куҷо мешавад, таъсири мактабҳои эҷодӣ ба кӣ мерасад».[4, с. 42]

Гумон аст, ки корманди имрӯзаи рӯзномаи маҳаллии мо намунаи матбуоти маҳаллии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонро дида бошад. Дар кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ имрӯз табодули ахбори матбуоти маҳаллӣ аз рӯи миқдору шумора нисбат ба матбуоти миллӣ бештар аст. Сарфи назар аз дастгириҳову маблағгузориҳои ҳокимиятҳои маҳаллӣ онҳо дар инкишофу мавҷудияти худ мустақиланд. Ба ҳисоби миёна аз 40 то 60 фоизи даромади онҳоро рекламаҳое ташкил медиҳанд, ки вобаста ба нуфузу эътибори нашрияҳо фармоиш дода мешаванд. ВАО-и маҳаллӣ, махсусан, дар ҷаҳони ғарбӣ нуфузу эътибори қавиро соҳиб аст. «Амрикоиҳо зиёда аз даҳ ҳазор радиостансияҳоро дар ихтиёр доранд, ки қисмати бештари онҳоро радиоҳои маҳаллӣ ташкил медиҳанд».[3, с. 114].Радиои маҳаллии ИМА имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ мақом дорад. Дар паҳлӯи он мавҷуд будани ҳазорон номгӯи матбуоти маҳаллӣ як амри табиӣ мебошад. Майлони бештар гаштани шумораи онҳо то ҳанӯз давом дорад. Инчунин ҳолат барои матбуоти маҳаллии аврупоӣ, аз ҷумла Олмон хос мебошад. Аз рӯи анъана олмониҳо ба матбуоти музофотӣ бештар майлу таваҷҷуҳ доранд. Пешравии матбуоти маҳаллии ҷаҳонӣ дар баъзе минтақаҳо дида шавад ҳам, аммо ҷузъиёти алоҳида аз дигар авзоъ низ дарак медиҳад. Ба назар чунин мерасад, ки мушкилоту буҳронҳо барои матбуоти маҳалли хориҷӣ низ вуҷуд дорад. Муҳаққиқ Херман Майн аз «алоқаву робитаи нашрияҳои ҳаррӯзаи маҳаллӣ»[10, с. 18], ёдрас гардида, онро муҷиби шаклгирии умумии матбуоти Олмон дар шароити феълӣ баҳогузорӣ кардааст. Мавсуф  ин гуна матбуотро «дорои мавқеи шадиду амиқ»[10, с. 18] номидааст. Барои пешрафти матбуоти маҳаллӣ таҷрибаи журналистони баъзе кишварҳои аврупоӣ метавонад омӯзанда бошад. Онҳо бо доштани иттифоқҳои касабаи боиқтидор дар мавриди омода кардани кадрҳои журналистии неруманд талош мекунанд. Сиёсати давлатӣ низ ин гуна иттифоқҳои касабаро дастгирӣ менамояд. Ин иттифоқҳои касаба корхонаҳои истеҳсолие доранд, ки даромади онҳо барои пешрафти матбуот нигаронида мешаванд. Иттифоқҳои касабаи мазкур редаксияҳоро бо адабиёту дастурҳои ройгон таъмин мекунанд. Фаъолияти онҳо ба музди маоши журналистон таъсир мерасонанд. Журналистони соҳибихтисоси фаъол музди маоши бештар мегиранд. Аз ҳисоби журналистони бонуфузу соҳибэътибор таҳлилгари беғаразу бетарафро (пресс – трибун) интихоб мекунанд. Ба воситаи онҳо фактҳои алоҳидаро дар бораи кори хуби журналистон ва баръакс фаъолияти манфии журналистонро муайян мекунанд.

        Муҳаққиқ М.Муродов«аҳамият додан ба ҷанбаҳои касбӣ ва техникӣ»[4, с. 73] -роомили аслии рушди матбуоти маҳаллӣ мешуморад. Касбияти заифи имрӯза низ дар идораи нашрияҳои маҳаллӣ нигаронкунанда мебошад. Дар чунин бунбаст ва ҳолати буҳронӣ масъалаи омода кардани кадрҳо ва ҷобаҷогузории онҳоро танҳо дар сатҳи давлатӣ ҳал кардан мумкин аст. Принсип ё хосияти минтақавӣ дар масъалаи омодасозии кадрҳо то андозае бояд нигоҳ дошта шавад ва онро дар заминаи базаи пуриқтидори донишгоҳҳо ба вуҷуд овардан мумкин аст. Ин равандро дар асоси омӯзиши фосилавӣ низ ба роҳ гузошта, органҳои ҳокимияти маҳаллӣ бояд таъмин ва омода кардани кадрҳои журналистиро ба нақша гиранд ва дар асоси ҷудо кардани маблағҳову пешниҳоди квотаҳо дурнамои инкишофи матбуоти худро таъмин намоянд. Фармоишгар кадри ҷавони дар марказ ва нуқтаҳои дур омодашударо ба кор сафарбар менамояд. Ин як омили зинда нигоҳ доштани матбуоти маҳаллӣ аст.

Масъалаи маоши ниҳоят пасти рӯзноманигори маҳаллӣ дар ҳолате ки бояд ба шароити нав мутобиқ гардад, ниҳоят нигаронкунада мебошад. Ин ҷиҳат аввалин ҷузъиёт дар маҳдуд сохтани доираи кадрҳои журналистӣ мебошад. Ҳарос аз «хароҷоти сафари хидматӣ»[6, с. 269] ва «рӯзноманигори болои курсӣ»[6, с. 269-270] -ро Э. Полетаев далели равшани бозмондагии матбуоти маҳаллӣ ва, умуман, матбуот медонад. Ҷои инкор нест, ки ба ин ҳолат дар кишвари мо, пеш аз ҳама, матбуоти маҳаллӣ гирифтор аст.Ибораи «рӯзноманигори болои курсӣ»ишора ба муҳити аз даврони шӯравӣ боқимонда дорад, ки то кунун чанд собиқадор танҳо бо нишастан дар курсиву мизи кории идора фаъолияти рӯзномаро пеш бурдан мехоҳанд. Ҳамин аст, ки борҳо муҳаққиқон аз «аудиторияи куҳансоли матбуоти маҳаллӣ»[8, с. 64] ёдрас мешаванд, ки ташвишовар будани дурнамои тамоми матбуоти маҳаллиро нишон медиҳад. Ҳамзамон дар ин радиф барои як навъ аз даст додани мабуоти маҳаллӣ нокифоягии ташаккули афкори умуми маҳал, заифии ташкилотҳои тиҷоратии давлативу ғайридавлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандии нофаъол ва амсоли ин мусоидат карда метавонанд.

Дар пешрафт ва ташакули матбуоти маҳаллӣ дар кишварҳои хориҷӣ таъсири кланҳо (доираву гурӯҳҳои ҳокиму ҳокимиятхоҳ) чашмрас аст. Онҳо барои манфиатҳои сиёсиву иқтисодии худ аз васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ба таври густурда истифода мекунанд. Дар Русияи имрӯза ин ҳолат бештар мушоҳида мешавад. Дар кишвари Русия баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ чунин як фаҳмиш ва тавсифе вуҷуд дошт, ки ҳокимияти маҳаллӣ матбуоти худро танҳо бо қути лоямуте барои маҳв нагардидан нигоҳ медорад. Дар ин сурат матбуоти онҳо ба ҷорчие табдил меёбад ва дар бораи сифату таъсирбахш будани ахбори он ҳоҷати тафсиле боқӣ намемонад. Дар Русия ва дар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ низ чунин ба назар мерасад, ки дар шумораҳои рӯзномаҳои маҳаллӣ ба табъ расидани ҳисобот аз ҷаласаҳои ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва қарору фармонҳои ин ҳокимият анъанаи маълум мебошад. Ин раванд танҳо як намои иҷборӣ дорад ва ба ёрӣ омадани он “кланҳо” ногузир мешавад. Неруи онҳо чашмрас мешавад ва бо дастгириҳои ҷузъии алоҳида фаъолияти матбуотро дар маҳал мутобиқ ба майли худ шакл мебахшанд. Таъсиси матбуоти алоҳидаи ғайридавлативу хусусӣ низ аз ҷониби онҳо ба назар мерасад.

Матбуоти маҳаллии имрӯза тавре зикр намудем, дар фазои пасошуравӣ дар як ҳолати карахтӣ қарор дорад. Муҳаррирон бо баҳонаву омилҳое чун обунаи паст, набудани муассису сарпараст, талабот ба реклама, дастгириҳои ҳокимияти маҳаллӣ рӯзномаҳои худро ҳамоҳанги замон сохта наметавонанд. Онҳо ба услуби замони шӯравӣ такя мекунанд, ки дар шароити имрӯза мувофиқ нест. Дар шароити имрӯза набудани вобастагии амиқ ба ҳокимияти маҳаллӣ метавонад дар пешрафти матбуоти маҳаллӣ таъсир гузорад. Ин вобастагӣ дар набудани робитаи дуҷонибаи самимӣ дар назар дошта мешавад. Аксаран ба инобат намегиранд, ки сохт дигар гашт ва матбуоти ягонаи ҳизбӣ ин фаҳмиш ва таъиноти фарсуда аст. Албатта маблағгузории ночизи ҳокимиятҳои маҳаллӣ як омили мавҷудияти нашрияҳо аст. Бо ин вуҷуд дар шароити рақобатпазирӣ матбуоти маҳаллӣ аз нигоҳи иқтисодӣ низ истиқлол мехоҳад. Мавҷуд будани сензураҳо боис аст, ки майдони рақобатҳо ба вуҷуд наоянд ва рӯзномаҳо аз хосияти тиҷоратӣ пурра дар канор монанд. Вақте ҳокимиятҳо чун муассис аз усули нишондоду маҳдудиятҳои комил истифода мебаранд, ин аввалин монеа дар инкишофи матбуоти маҳалӣ мебошад. Дар ин ҳолат вақте аз марказ супоришҳо ва фармоишҳои махсус дар мавриди нашри ин ё он маводи расмӣ медиҳанд, пардохтани ҳаққи нашри он ба фоидаи кор аст. Зеро журналисти маҳаллӣ низ дар эҷод фаъол аст ва ба навбат гузоштану нашр накардани маводи ӯ ба завқи эҷодӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ҷониби дигар, имрӯз барои бақои худ матбуоти маҳаллии мо таҷрибаи матбуоти дигар кишварҳоро бояд омӯзад. Ин тамоюл чандон манфӣ набошад ҳам, аммо ба андешаи муҳаққиқон ҷоизтар мешавад, ки баъзе сарҳаду марзҳо риоя гарданд. «Фарҳанги матбуот ҳамеша маҳсули ҷомеаи мушаххас аст ва он ҳеҷ гоҳ наметавонад, ки ба ҷомеаи дигар интиқол ёбад. Ман чунин меҳисобам, ки принсипи баръакс низ ҷоиз аст: матбуоти маҳаллии Осиёи Марказӣ набояд кушиш кунад, ки тамоми усулҳои мақбули кишварҳои дигарро қобили қабул шуморад».[6, с. 265] Мазмун он аст, ки ҳар як нашрия дар роҳи инкишофи худ бояд мустақилият дошта бошад. Ақидаи боло дуруст аст, ки «усулҳои мақбул»-и кишварҳои дигар ба саноату иқтисоди пешрафтаи он кишварҳо робита доранд. Ин ҷиҳати онҳо бо мамолики Осиёи Марказӣ қиёснашаванда аст.

Матбуоти маҳалллӣ имрӯз ниёз ба беҳтар кардани самтҳои маркетинг ва менеҷмент, иқтисоди ВАО, психологияи ВАО, сотсиологияи ВАО, методикаи фаъолияти журналистӣ, омӯзиши аудитория, робита бо аудитория ва амсоли инро дорад. Ислоҳот дар ин самт аз дигар кардани самти фаъолияти рӯзномаи маҳаллӣ шурӯъ мешавад. Бояд мониторинги матбуоти маҳаллӣ тавассути матбуоти марказӣ ба таври пайваста гузаронида шавад. Таъминоти махсуси ахбор ва маводи мутобиқ ба фазои рӯз метавонад, ки эътимоди оммаро нисбат ба он қавӣ гардонад. Бояд кадрҳои ҷавон ба таҷдиду коркарди матолиб тавассути техникаи компютерӣ ҷалб карда шаванд. Ин омилҳоро дар доираи нисбатан мушаххастар муҳаққиқон чунин баррасӣ кардаанд:“…ҷузъиёти шаклбахшанда – мақсади нашрияву ношир, ҳолати молиявӣ, техника ва тираж, кадрҳои журналистӣ, доираҳои фарогир, формат, арзиш, забон, услуб, жанр низ мавҷудияту инкишофи ин навъи матбуотро зери таъсири доимӣ қарор медиҳад”. [1, с.163] То кадом андоза вуҷуд доштани ин таъсир маълум мебошад. Агар саҳеҳтар баён кардан мумкин бошад, феълан раванди ислоҳоти ин навъи матбуот ба шакли ғайримеханикӣ сурат мегирад. Мониторингҳои пайваста ҷузъиёти дар иқтибоси боло ишорашударо чун оина равшан карда метавонад.

        Ба дурнамо ва бақои матуботи маҳаллӣ омилҳое ба монанди таваҷҷуҳ надоштани кадрҳои ҷавон ба кори журналистӣ дар матбуоти маҳаллӣ, синну соли баланди муҳаррирон, истифодаи рекламаҳои пӯшида ва маводи фармоишӣ, ҳамоҳанг набудани нашрия ва кормандони он ба ҷараёнҳои нави тиҷоративу иҷтимоӣ, такя ба дизайни қолабии шӯравӣ то ҳанӯз таҳдид дошта таъсири худро нигоҳ медоранд. Равандҳои кунунӣ нишон медиҳанд, ки матбуоти ба истилоҳ хиёбониву зард майдонҳои навро ҷустуҷӯ доранд. Яке аз он холигаҳҳо фазои матбуоти маҳаллии классикӣ мебошад, ки дар баъзе минтақаҳо дар ҳақиқат барои тавлиди дигар навъи василаҳои мусбату манфии васоити ахбори омма шароит ба миён овардаанд. Ҳамин тариқ матбуоти маҳаллӣ бо инъикоси ахбори маҳал, нашр кардани иттилооти маълумотномаӣ, эълону огоҳномаҳо дар бораи воқеаҳои дар пешистода, хабар додан дар бораи фаъолияти хизматрасониҳои гуногуни маҳаллӣ, дар маҷмӯъ бо нишон додани набзи маҳал маҳбубияту нуфузи худро пайдо менамояд.

Адабиёт:

  1. Ворошилов В.В. Журналистика. Базовый курс: Учебник./ В.Ворошилов.  – СПб.: Изд-во Михайлова В.А. 2004. –700 с.
  2. Горкий М. О печати: Сборник статей./ М. Горький.-М.: Госполитиздать, 1962.– 367 с.
  3. Михайлов С.А. Современнаяи зарубежная журналистика: Учебник./ С.А.Михайлов. – СПб. : Изд-во Михайлова В.А., 2005. – 320 с.
  4. Муродов М.Б. Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ./ М.Муродов. –Душанбе: Аржанг, 2017. – 224 с.
  5. Олешко В.Ф. Журналистика как творчества./ В.Ф.Олешко. – М.: «РИП-холдинг», 2005. – 222 с.
  6. Полетаев Э. Рӯзноманигории байналхалқӣ: роҳнамо барои муаллифон аз Осиёи Марказӣ. / Э.Полетаев. –Душанбе, 2005 . – 280 с.
  7. Саъдуллоев А. Наҷвои наҷотофарин (маҷмӯаи мақолаҳо)./ А.Саъдуллоев. – Душанбе, 2008. – 112 с.
  8. Типология периодической печати.(Под редакцией доктора филогических наук, профессора М.В.Шкондина, кандидата филогических наук, доцента Л.Л.Реснянской): Учеб. пособие./ М.Е.Аникина, В.В. Баранов и др. – М.: АСПЕКТ ПРЕСС, 2009. – 236 с.
  9. Усмонов И.К. Назарияи публитсистика./ И. Усмонов. –Душанбе, 1999 . – 99 с.
  10. Херман Майн. Средства массовой информации в Федеративной Республики Германии (перевод М. Бальё, Т. Манеевич)./ М.Херман. – М.: 1996 . – 158 с.

Қутбиддинов А.Ҳ., д.и.ф., профессори

факултети журналистикаи ДМТ