РАСМИ “АРӮСИ ТОҶИК” (ё асаре, ки дар музояда 13,8 миллион доллар арзиш пайдо кардааст)

0
153

Расми “Арӯси тоҷик” (靳尚谊油画 – 塔吉克新娘) ё “Арӯси помирӣ”, ки соли 1983 тасвир шудааст, шоҳасари эътирофшудаи ҷаҳонист, ки шохаи нав дар эҷодиёти рассоми маъруфи чинӣ Тсзин Шан ба ҳисоб меравад.

Маҳз ин расм моҳи ноябри соли 2013 дар музоядаи China Guardian гузошта шуда буд ва чанд маротиба гаронтар аз арзиши тахминияш ба 13,89 миллион доллар (бо назардошти комиссия) фурӯхта шуда буд.

Рассоми маъруф дар баробари «Арӯси тоҷик» чанд расми дигарро дар тасвири симои духтарони эронии шарқӣ бо либосҳои миллӣ ва кулоҳ (рӯймол, сарпӯш) бо нақшҳои хоси мардуми Эрони Шарқӣ кашидааст, ки ин нақшҳо дар либосу кулоҳи мардум ноҳияи Ишкошим, махсусан дар водии Вахон, дар ҳавзаи мухтори чинии тоҷикон ва як қатор ноҳияҳои Покистону Афғонистон бештар маъмуланд.

Дар эчодиёти Тсзин Шан ҳам таъсири «услуби сахт»-и шуравӣ ва ҳам мактаби рассомии Аврупо эҳсос карда мешавад. Рассом ба омӯхтани мероси давраи Эҳё ва классикӣ бисьёр вақт сарф карда, дар айни ҳол дар асарҳои худ нигох доштани руҳияи чиниро зарур медонист.

Тсзин Шан, ки синнаш аз 80 гузаштааст, ба намояндагони барҷастаи насли якуми рассомони Чин тааллуқ дорад. Андешаи ин гурӯҳи рассомон ба андозаи зиёд дар зери таъсири наздиктарин иттифоқчии Чин — Иттиҳоди шуравӣ ташаккул ёфтааст.

(Ин матн аз гурӯҳи “Ганҷи Бадахшон”, аз саҳифаи Илҳом Ошуриён таҳия гардидаст, ки дар таърихи 02.07.2020 нашр гаштааст)

P.S. ЧАНД НУКТА ДАР ҲОШИЯ:

1. Ин расм (ангора) аз фарҳанги қадимиву ҷаҳонии мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад, ки дар як минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон умр ба сар мебаранд;

2. Тимсоли зебоиву гулрӯ будани бонуи кӯҳистонии тоҷик аст;

3. Ҳарчанд муаллиф аз рӯҳияи чинӣ ишора намояд ҳам, аммо дар ин расм он хеле ночиз ба назар мерасад ва аҷиб ҳам он аст, ки бо ин сифат он 13,8 миллион доллар арзиш пайдо кардааст;

4. Ин расм бори дигар ба аксар баҳсҳои тира (қавмият ва миллат) нуқта мегузорад ва шаҳодат медиҳад, ки мо як миллат ҳастем. Бубинед, ки рассоми чинӣ дар асараш (“Арӯси тоҷик” ва “Арӯси помирӣ”) байни мо фарқе намегузорад;

5. Фарҳанги халқи тоҷик ҷаҳонгир аст ва тавассути он халқи тоҷик дар ҳама давраҳо муаррифӣ мегардад. Яъне тули таърих тоҷик ҳамеша бо мардуми зебопарасташ, фарҳангу адабиёти инсондӯстонааш худро нишон додааст. Ин расм бозгӯйи асолату ҳуввияти мардуми мо мебошад;

6. Расмҳо бо пуррагӣ ба фарҳангу анъанаҳои муштараки мардумони як минтақаи калони тоҷикнишин (бо шумули Покистону Афғонистон) ишора доранд;

Таҳияи

Сангин Гулов,

Бахтиёри Қутбиддин.