АЗ ИМКОНОТИ ЗАБОН ДУРУСТ БОЯД ИСТИФОДА БУРД

0
233

Забон ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ доимо дар ташаккулу таҳаввул мебошад, яъне он баробари ҷамъият пеш меравад, тараққӣ мекунад, ривоҷу равнақ меёбад. Ба ибораи дигар, забон ҳамеша дар хизмати ҷамъият мебошаду муҳимтарин воситаи мубодилаи афкори байни аъзои ҷамъият ба ҳисоб меравад. Агар забон баробари ҷамъият инкишоф наёбад, вазифаи ҷамъиятии худ – муносибати фикрии байни одамонро иҷро карда наметавонад. Забони тоҷикӣ низ асрҳо боз чунин вазифаи ҷамъиятиашро иҷро карда меояд. Дар муддати мавҷудияти худ ин забон марҳилаҳои гуногунро аз сар гузаронида, борҳо аз санҷишу имтиҳони таърихӣ гузашта, ташаккулу таҳаввул ёфтааст. Маҳз заҳмату ҷонфидоиҳои бедареғу корнамоиҳои бемонанди соҳибзабонон буд, ки он роҳи ниҳоят пурфоҷеаи таърихиро паси сар карда, бо захираи бою рангини луғавӣ, таъбироти зебою дилнишин ва сохтори пуриқтидори синтаксисӣ ба мо мерос монда, то ба имрӯз вазифаи ҷамъиятиашро иҷро менамояд. Бо ин забон дар гузашта осори безаволи илмиву адабӣ таълиф гардидааст.

Дар давоми ҳазор соли охир ду шохаи услубии забони тоҷикӣ – шохаҳои услуби гуфтугӯйӣ ва услуби китобӣ ё хаттии забони тоҷикӣ ташаккул ёфт. Аз чор навъи услуби китобӣ се нави он – яъне услубҳои илмӣ, бадеӣ ва коргузории расмӣ дар ин забон ниҳоят роиҷ буд. Бо пайдоиши матбуоти миллӣ дар аввали асри ХХ ва ба вуҷуд омадани системаи воситаҳои ахбори оммаи миллӣ дар солҳои сиюм ва баъдан дар солҳои 60-уму 70-уми ҳамин садсола навъи услуби публитсистӣ ё рӯзноманигорӣ ҳамчун шохаи услубиёти хаттии забони тоҷикӣ низ ривоҷу равнақ ёфт. Бо вуҷуди ин дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ сиёсати давру замон ба пешрафту ташаккули забони тоҷикӣ монеаҳо ба вуҷуд меовард. Дар қисми зиёди муассисаҳои давлатӣ ҳуҷҷатнигорӣ бо забони русӣ сурат мегирифт. Таҳқиқи баъзе аз илмҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла забону адабиёт, таъриху фалсафа бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, истилоҳоти ин илмҳо то андозае сайқал ёфта бошанд ҳам, аммо дар ҷодаи илмҳои табиӣ ва дақиқ тадқиқоти илмӣ асосан бо забони русӣ сурат мегириф, ки ин боиси шакл нагирифтани истилоҳоти илмҳои табиию дақиқ дар забони тоҷикӣ гардид. Ҳамчунин дар ин давра аксар китобҳои дарсӣ аз забони русӣ ба тоҷикӣ баргардонда мешуданд ва зимни тарҷумаи онҳо имконоти луғавию грамматикии забони тоҷикӣ пурра ба назар гирифта намешуд ва, аз тарафи дигар, ин низ ба ташаккули истилоҳоти илмӣ дар заминаи захираҳои луғавии забони модарии мо монеъ мешуд, яъне дар ин давра услуби илмии забони тоҷикӣ, ба тавре мебоист, ташаккул наёфт.

Мутаасифона, ҳарчанд пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф кардани ин нуқсон шароити мусоид фароҳам омад, вале то ҳанӯз офаридан ва ба низом даровардани системаи истилоҳоти илмҳои табиӣ ва дақиқ дар ҳолати на он қадар хуб қарор дорад. Ҳарчанд солҳои охир баъзе истилоҳоти шоистаи қадимӣ, ки як муддат фаромӯш ё нофаъол шуда буданд, аз нав эҳё гардида умри дубора мебинанд, вале дар маҷмуъ барои ба таври бояду шояд ташаккул ёфтани истилоҳоти илмҳои табиӣ ва дақиқ аз имконоту захираҳои забони тоҷикӣ пурра истифода бурда намешавад. Албатта, барои рафъи ин камбудӣ солиёни зиёд лозим аст ва олимону донишмандони тоҷикро низ лозим меояд, ки дар ин ҷода кӯшишу заҳмати бештар дошта бошанд.

Дар забонҳое, ки истилоҳоти илму фанҳои мухталиф ташаккул ёфтаанд, ҳар як мафҳум бо як калима ном бурда мешавад, яъне мафҳуми илмӣ бо калимаи мушаххас ба таври дақиқ баён карда мешавад ва аз тарафи тамоми мутахассисон як хел фаҳмида мешавад. Агар як мафҳуми илмӣ бо ду ва ё зиёда калима ном бурда шавад, аз як тараф, боиси дақиқ ифода наёфтани мафҳуми мавриди назар гардида, аз тарафи дигар, аз нобасомониву номураттабӣ ва ба таври зарурӣ ташаккул наёфтани истилоҳот дарак медиҳад. Мутаассифона, чунин нобасомонӣ имрӯз дар забони тоҷикӣ вуҷуд дорад. Ҳамин аст, ки бисёр донишандӯзону муҳаққиқони риштаи илмҳои табиию дақиқ бо забони русӣ таҳсил кардан ва бо ин забон таҳқиқти илмӣ анҷм доданро авло меҳисобанд.

Ҳарчанд забони тоҷикӣ, махсусан, пас аз мақоми давлатӣ гирифтанаш ва соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, ба марҳилаи нави рушду такомул ворид гардиду ба шарофати соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои тозагии забони тоҷикӣ, такомул бахшидан ба нерӯи истилоҳсозии он таваҷҷуҳ дучанд гардид, солҳои охир дар мавриди интихоби истилоҳ баъзе тамоюлҳои номатлуб ба назар мерасанд.

Яке аз чунин тамоюлҳои манфӣ худсарона иваз намудани калимаи иқтибосии русиву аврупоӣ бо калимаи аслии тоҷикӣ мебошад. Масалан, солҳои охир дар муассисаҳи таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус ба ҷойи истилоҳи «курс», калимаи асили «бахш» истифода мешавад, яъне ба ҷойи ибораҳои «донишҷӯйи курси якум», «донишҷӯйи курси дуюм» «донишҷӯйи бахши якум», «донишҷӯйи бахши дуюм» мегӯянд. Саволе ба миён меояд, ки оё калимаи аслии «бахш» бори маъноеро, ки истилоҳи «курс» медиҳад, кашида метавонад?

Меҳроб Ҷумъаев,

дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ