СОЗАНДАГӢ ВА БУНЁДКОРӢ – МАРОМИ МОСТ

0
197

Дар партави нутқи пурмуҳтавои

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

дар Маҷмааи СММ дар шаҳри Ню Йорк

идома

Марказ дар ин самт ба чӣ корҳо машғул аст?

Дар нимсолаи аввали соли 2021 Марказ як лоиҳа-барномаи илмӣ-таҳқиқотиро дар мавзӯи “Коркарда баромадани Каталоги пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи технологияҳои инноватсионии геоиттилоотӣ” барои солҳои 2022-2026 таҳия намуда, ба унвонии Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ манзур кард. Лоиҳаи номбурда аз назарсанҷии комиссияи экспертон гузашта, хуб арзёбӣ шуд.

Дар асоси шаҳодатномаи давлатӣ оид ба аккредитатсияи давлатии Муассисаи илмӣ вобаста ба иҷрои вазифаҳо дар солҳои фаъолияти корӣ Марказ чунин корҳоро амалӣ менамояд:

– Дар заминаи илмӣ-таҳқиқотӣ ташкил намудани серверҳо ва ба роҳ мондани мониторинги пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд;

– Маълумотҳоро тариқи технологияиҳои инноватсионии муосир – зондиронии фосилавӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин, барномаҳои компютерии ГИС, ArcGIS, QGIS, ENVI, Corel Draw, Adobe Photoshop ва назорати моҳворавӣ ҷамъоварӣ ва коркард менамояд;

– Кор карда баромадани низоми пешгӯйии коҳишёбии пиряхҳо ва муайян намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Муайянсозии мувозинати қабати барфи пиряхҳо ва ба роҳ мондани назорати доимии мувозинати қабати барфи пиряхҳои репрезентивӣ дар минтақаи Помири Шарқӣ, болооби дарёи Варзоб, инчунин дар болооби дарёи Хингоб. Ин таҳлилҳо бо мурури замон дар ҳамаи дарёву рӯдхонаҳои ҷумҳурӣ иҷро мешаванд;

– Насб ва гузоштани реперҳои моҳворавӣ ба стансияҳои автоматӣ, ки ҳар сол экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ин масир мунтазам баргузор мегарданд;

– Бо дарназардошти манфиатҳои милливу сиёсӣ, инчунин бо мақсади табодули маълумотҳои навини илмӣ ва истифодаи онҳо ворид шудан ба системаи ягонаи ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо;

– Бо дарназардошти мавқеи занон дар татбиқи сиёсати давлат ва ҳукумат ба роҳ мондани экспедитсияҳои минтақавӣ ва байналмилалии занон ба пиряхҳои ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷа;

– Ташкил намудани семинарҳои илмии дохилӣ ва байналмилалӣ оид ба арзёбии хавфҳо ва пайомадҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳтарсозии маълумотнокӣ оид ба пиряхҳо;

– Ташкил намудани Аксияҳои миллӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар саросари мамлакат.

– То ҳол кадом экспедитсияҳои илмӣ гузаронида шудаанд?

Бояд гуфт, ки вазифаи асосии Марказ гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ ва илмӣ-амалии ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад. Танҳо аз соли 2018 то соли 2020 Марказ 28 экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом додааст, ки натиҷаҳои судбахш додаанд. Ҳар сол барои ба даст овардани маълумотҳои илмӣ кормандони марказ зиёда аз 4-5 ҳазор км роҳро тай менамоянд. Имрӯз аз сабаби кам будани боришоти барф ва камобии дарёҳо таваҷҷуҳи коргузорон, сиёсатмадорон ва аҳолӣ ба ин масъала нигаронида шудааст. Аз рӯ йи маълумотҳои солҳои 2018-2021 миқдори боришот дар моҳҳои январ ва феврал кам мебошад. Махсусан, камбарфӣ дар баландиҳои 2500 метр ба назар мерасад. Омӯзиши пиряхҳо, ки дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудаанд, далели он аст, ки коҳишёбии пиряхҳо ба назар мерасанд. Махсусан, пиряхҳое, ки масоҳати онҳо аз 1 км2 кам ҳастанд, дар солҳои охир коҳиш ёфта, баъзе аз онҳо нест шудаанд.

– Омӯзиши пиряхҳо чӣ гуна ба роҳ монда мешаванд?

Омӯзиши пиряхҳо дар марказ бо 3 усул ба роҳ монда шудааст: экспедитсионӣ, моҳворавӣ ва ба воситаи ҳавопаймоҳои бесарнишин. Ин усулҳо имконият медиҳад, ки оид ба пиряхҳо маълумотҳои дақиқ ва раднашаванда дастрас карда шаванд.

– Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли 2021 дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об суханронӣ намуда, пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, дар ин замина Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Дар ин замина, кори асосӣ бар дӯ ши кист? Ҳайати кормандони Марказ киҳоянд?

Бояд қайд намуд, ки 70 дарсади кормандони Марказро ҷавонон ташкил дода, таҳқиқотҳои амиқи илмӣ ва бунёдиро вобаста ба омӯзиши ҳолати ин ганиҷинаи нодиртарини табиат – яъне пиряхҳо, ба роҳ монда, дар кору фаъолияти ин даргоҳи илм саҳми назаррас мегузоранд.

Бо истифода аз нерӯ ва иқтидори ҷавонони Марказ дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ лоиҳаи Атласи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро иборат аз 12 ҷилд аз ҷиҳати техникӣ омода гардид. Дар он мавқеъ ва ҷойгиршавии пиряхҳо ва шумораи онҳо муайян карда шудааст. Инчунин, аввалин маротиба расми рангаи ҳар як пиряхи коҳишёфта бо нишондодҳои ҷуғрофӣ ва ҳаҷми коҳишот бо формати HD оварда шудааст.

Дар маҷмӯи мухтасари Атласи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳои умумӣ оид ба ҳолати пиряхҳо, шумора ва ҷойгиршавии онҳо дар ҳавзаҳои дарёи Оби Хингоб, Сурхоб, Панҷ, Кофарниҳон, Ғунд, Бартанг, Ванҷ, Мурғоб, Панҷ-Қизилсу, Қароқӯл ва Зарафшон оварда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби кормандони ҷавони Марказ дар натиҷаи таҳлили аксҳои дастрасшудаи моҳворавӣ ва экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ пиряхҳои нав, ки қаблан дар Атласи таҳияшудаи Иттиҳоди Шӯравӣ набуд, ошкор гардиданд, ки ин ҳам дастоварди хубе дар бахши захираҳои обии мамлакат ҳисобида мешавад.

Кормандони ҷавони Марказ оид ба омӯ зиши пиряхҳо ва захираҳои обӣ саъю кӯ шиш намуда, технологияҳои муосирро аз бар менамоянд ва дар баландиҳои 5-6 ҳазор метр аз сатҳи баҳр оид ба омӯзиши пиряхҳо пажуҳиш ва таҳқиқотҳои илмӣ анҷом медиҳанд.

– Дар Марказ занону бонувон ҳам фаъолият мекунанд?

Бояд хотиррасон шуд, ки Марказ ба масъалаи мувозинати гендерӣ, ки аз сиёсати пайгиронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, фаъолияти густурдаи занонро дастгирӣ мекунад. Бонувони Марказ қариб, ки дар ҳамаи экспедитсияҳои илмӣ, озмоишҳои саҳроӣ вобаста ба омӯзиши ҳолат ва мониторинги пиряхҳо ширкат менамоянд. Мақсади асосии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ баланд бардоштани сатҳи дониши занон оид ба пиряхҳо буда, дар ин росто машғулиятҳои амалӣ оид ба қоидаҳои бехатарӣ дар пирях, аз қабили роҳҳои истифодаи таҷҳизотҳои кӯҳнавардӣ, наҷот додан ва тарзи роҳпаймоӣ дар минтақаҳои хатарафзои кӯҳӣ гузаронида мешавад.

– Як ҷаҳон сипос барои суҳбати созандаю пурмуҳтаво.

Анҷом. Бояд ёдовар шуд, ки чанд сол пеш дар Тоҷикистон бештар аз 14 ҳазор пиряхҳои хурд, миёна ва калон вуҷуд дошта, вале имрӯз беш аз 1000-тои он нест шудааст, ки ин дар баромади Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар ҳамоиши СММ дар Ню Йорк таъкид шуд. Ин, албатта, хеле нигаронкунанда аст. Пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 км дарозӣ дорад, дар тӯли 70-80 соли охир зиёда аз як км ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 км мукааб ихтисор шудааст.

Ҳадаф аз таъсиси Муассисаи давлатии илмии ”Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ба роҳ мондани таҳқиқотҳои бунёдӣ дар самти ҳифз, нигоҳдорӣ ва омӯзиши пиряхҳо, криосфера ва гидрометеорология дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад. Марказ дар давоми 3 соли фаъолияти худ 40 экспедитсияи илмӣ гузаронидааст, ки қобили дастгирист.

Бо итминон таъкид кардан мехоҳем, ки кишвари мо дар ростои эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21-уми март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ ба ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи хеш мерасад.

Мусоҳиб:

Нуриддин Бозорзода