Баргузории конфронси байналмилалӣ дар факултети журналистика

0
108

conferenceРўзҳои 19-20 майи соли 2016 бо ташаббуси  кафедраи журналистикаи байналхалқӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети журналистика конфронси илмӣ-амалии байналхалқӣ таҳти унвони «Нақши ВАО дар ҳамгироии кишварҳои Осиёи Миёна»-ро баргузор гардид.  Масоили вазъи журналистикаи кишварҳои Осиёи Миёна дар замони муосир,  проблемаҳои табодули иттилоот миёни кишварҳои минтақа,   инъикоси авзои Осиёи Миёна дар ВАО-и кишварҳои минтақа,  ҳамкориҳои ВАО-и кишварҳои Осиёи Миёна,  саҳми ВАО-и минтақа дар густариши равобити кишварҳо,   ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба журналистикаи минтақа,  ташаккули интернет-журналистика дар Осиёи Миёна,   мавқеи ВАО-и хориҷӣ дар фазои иттилоотии кишварҳои Осиёи Миёна,  Осиёи Миёна аз нигоҳи ВАО-и хориҷӣ, аз ҷумлаи  мавзуъҳои дар конфронси мазкур   баррасигардида буданд. Аз ҷониби иштирокдорони  конфронс зикр гардид, ки дар замони пуртазод шудани вазъи георполитикӣ ва авҷи набарҳои иттилоотӣ  ВАО ва журналистони кишварҳои Осиёи Марказиро лозим аст, ки робита ва ҳамрайъии бештар дошта бошанд.  Мутаассифона,  матолиби ВАО-и ин кишварҳо нисбати якдигар на ҳамеша мунфисона аст, ки ба дӯстии халқҳо, муносибати кишварҳо ва ҳамгироии минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонад.