НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

0
126

peshvoi millatШикасти низоми сотсиалистӣ барои понздаҳ ҷумҳурии собиқи Шўравӣ марҳилаи нави давлатсозиву давлатдориро ба миён овард, ки Тоҷикистон дар миёни онҳо истисно набуд. Ҷои инкор нест, ки тоҷикон аз қадим соҳиби давлат буданд. Суғду Бохтар далели давлатдории қадимии тоҷикон аст. Давлати Сомониён бузургтарин ҳокимияте буд, ки беҳтарин сохтори давлатдориро соҳиб буд. Вале гузаштаи таърихии тоҷикон пур аз шебу фарозҳост. Миллати тоҷик ҳастии худро аз даст надод, аммо марзҳои парешони он ҳамавақт чун дарду ормони амиқе дар вуҷуди он боқӣ мемонд. Дар ҳайати империяҳои зиёд қарор доштем, ки охирини онҳо ИҶШС буд. Миллат нафас мекашид, аммо дар дохили қафасҳои нафси империясозон наметавонист, ки нафаси озод дошта бошад. Тамоми нишону ҷузъиёти миллӣ дар ҳолати буғишавӣ қарор мегирифт.Хатарҳои зиёде дар тулии асрҳо ба мавҷудияти он таҳдид менамуд. Ба қавле «оҷ гум кард, тоҷ гум кард, аз ҳафт иқлим зери пояш як қадам монд», аммо касе натавонист, решаи кўҳанбунёди ин милати таърихиро барҳам занад. Яке аз охирин таҳдиду хатар дар роҳи нобудии миллат ин дар оғози солҳои навадум сиёсати таҳмилии ҳадафнок буд. Тарроҳону нотавонбинон мақсади нобудии ин миллату ин сарзаминро доштанд. Ин саҳифаи ҳаёти тоҷикон шояд яке аз даҳшатноктарин нақшаҳои ҳасудон дар тӯли қарнҳо ба ҳисоб мерафт. Зеро ҷанги дохилии бародаркушӣ ҷараён дошт, ки пурнангтарин доғ барои миллат ба шумор мерафт. Хушбахтона миллати тоҷик худро аз ин балои азим раҳо кард. Бо роҳнамоиву ҷонбозиҳои фарзанди худ Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он солҳои душвор касе ҷуръати зимоми қудрат ба даст гирифтанро надошт. Аксари сиёсатбозону сиёсатмадорон аз тундбоди ҷанги шаҳрвандӣ ҳарос доштанд ва аз масофа ба ҷараёни он тундбод менигаристанд. Интизор буданд ва нигарони он буданд, ки «чи мешавад?» Зеро вазъ ниҳоят печидаву мураккаб буд ва барои аз чунин ботлоқ раҳо намудани миллат фурсатҳо кифоят намекарданд. Чун дар оғози солҳои сиюми асри гузашта, дар ин давраҳо афроди хоини миллат мехостанд, ки худро бо хостаҳои душманони хориҷӣ ҳамоҳанг созанду ватанро, марзу бумро, нангу номуси миллиро ба савдо гузоранд. Аммо тақдир ба миллати тоҷик саҳифаи хайрро боз менамуд. Эмомалӣ Раҳмон чун наҷотбахши ин миллат дар роҳи бунёду таҳкиму ҳифзи якпорчагии ин сарзамини кўҳанбунёд бо ҷуръату боҷасорат қадам мениҳод. Ў кафили ҳастиву бақои давлатдории тоҷикон гашт. Дар бораи қаҳрамониҳои ин абармард борҳо гуфтанду боз мегўем, ки барҳақ ў қаҳрамонест, ки давлатдории миллии тоҷиконро кафил гашту таҳким бахшидааст. Давлатдории милии тоҷикон дар замони истиқлол маҳз бо шарофати ин шахсият таҷдиду такмилу шакл ёфтааст. Давлатдории миллӣ ин пеш аз ҳама доштани забон, фарҳанг, дину ойин, марзу бум, артиш, нишону парчам, иқтисодиёт ва амсоли он мебошад,   ки феълан он ҳамаро миллати тоҷик соҳиб мебошад. Ҷузъиёте ки ба мо аз давлатдории миллӣ гувоҳ медиҳанд, бешуморанд. Ҳамин худ мояи ифтихор аст, ки садҳо кишвари ҷаҳон ҳастиву мавҷудияти миллату давлати моро бо расмият шинохтаанд. Дар дунё миллату халқиятҳое ҳастанд, ки даҳҳо миллион нафарро ташкил медиҳанд. Аммо миллияти онҳо, давлати онҳо ва ҳастии онҳо эътирофногашта боқӣ мондаанд. Зеро барои онҳо дар давраҳои мухталифи таърихӣ омили ваҳдатофаринӣ барои шаклгирии давлати миллӣ вуҷуд надошт. Таҷрибаҳои таърихӣ собит сохтаанд, ки дар давлатдории миллӣ дар ҳама давраҳо ваҳдату ҳамгироӣ нақши муассирро мебозанд.Аз назари фардӣ як чиз маълум аст, ки таҷаммуъ ҳамеша дар атрофи меҳвари маълум ба миён меояд. Набудани меҳвар ва маҳак дар давлатдории миллӣ боис ба он аст, ки ҳеҷ гоҳ қавмеву халқе ҷамъу гирди ҳам наоянд. Ваҳдати миллати мо низ ба як чунин меҳвар ниёз дошт ва дорад. Ин меҳвар аз оғози истиқлол то имрўз ва ояндаҳо низ Эмомалӣ Раҳмон аст. Ва бояд донист, ки на ҳар касу нокас меҳвари як халқу миллат гашта метавонад, то ин ки давлате дар харитаи сиёсии ҷаҳон эътирофгашта ба ҳисоб равад. На сармоя, на нерўи ҳарбӣ ва на воситаҳои дигар ҳеҷ гоҳ қудратеро баробари ваҳдату ҳамгироӣ надоранд. Даъвогарҳое, ки мункири ин андешаанд, бовар дорем, ки онҳо ҳатто дар як оилаи худ вазифаи меҳвариро иҷро карда наметавонанд. Шукрона аз он мегўем, ки алҳол ваҳдат ҳукмрони фазои иҷтимоиву сиёсии мулки мост ва меҳвари ин ваҳдат Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Вақте тариқи оинаи нилгун дар соли 1992 ин марди ваҳдатсоз ваъда дод, ки ман сулҳ меораму миллатро сарҷамъ менамоям, бовар дорем, ки аксариятро гиря гулугир мекард. Зеро миллат фано мегашту адуи бадхоҳ аз дур ин ҳамаро назора менамуд. Зеро ба кӣ писанд аст, ки хонаи ў дар оташи сўзон қарор дошта бошад? Кӣ ҷонибдори он аст, ки оҳу нолаи модарону падаронро бинад? Кӣ мехоҳад, ки ватан надошта бошад? Ва ниҳоят кӣ мехоҳад, ки миллаташ ба коми нобудӣ равад? Он давраҳо оғози бунёди нави давлатдории миллии мо буд, ки баъзеҳо аз дохилу хориҷ бо шубҳа менигаристанд.Имрўз бо нақши созандаи Эмомалӣ Раҳмон давлатдории миллии мо пойбарҷост. Тафаккури маҳаллу маҳалбозӣ, ки чун як омили ҷанги шаҳрвандӣ буд, пурра аз байн рафт. Аммо давлатдории миллӣ маънии миллатгароиро надорад. Агар чунин намебуд, давлату ҳукумати имрўзаи тоҷикон сиёсати дарҳои бозро пеш намегирифт. Миллати тоҷик дар домани асрҳо беҳтару бештар аз дигарон ойини неки ҳамсоядориро нигоҳ медошт ва медорад. Имрўз далели давлатдории миллии мо он аст, ки аз минбари баланди СММ дар радифи даҳҳо давлатҳои абарқудрати ҷаҳон мо ҳам соҳиби як овоз мебошем. Имрўз далели давлатдории миллии мо он аст, пешниҳоду тасмимҳои халқи тоҷикро дар симои роҳбари он дар мавриди проблемаҳои глобалии аср ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул медорад. Далели давлатдории миллии мо он аст, ки созмону ташкилотҳои мухталифи байналхалқӣ дар ҳамоишу нишасту муҳокимаҳо аз сулҳу суботи барқарори мо тоҷикон боҳарорат таъкид менамоянд. Имрўзи иродаи халқи тоҷикро сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати он ифода менамояд. Имрўз халқ бо иродаву озодии ботин тасмими сиёсии худро ифода намуда, дар қабули қарору қонунҳо бидуни фишору таъқиб мавқеи худро нишон додан мехоҳад. Имрўз тоҷик озодона аз нажоду қавми худ ёд менамояд. Фарҳангу оини худро муқаддас нигоҳ медорад. Имрўз тоҷикон бо давлатдории миллии худ ниёз ба идораву ангушти ишораи дигарон надоранд.Нишони дигари давлати миллӣ ин дар паҳлўи ҳам дўстонаву борафоқат зиндагӣ кардани мардуми он аст. Гумону ҳукми яқин дар шинохти давлати миллӣ ҳамин ҷузъиёт мебошад. Воқеаҳои солҳои навадуми асри гузашта баръакси ин ҳолат буд, ки парокандагиву ихтилоф миллатро ба нобудӣ мебурд. Яъне ваҳдат василаи аслии давлатсозиву давлатдории Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин ваҳдат моро ба давлатдорӣ оварда расонид ва ин ваҳдат омили нигаҳдории давлатдории миллии мо мебошад. Баъзан афроди алоҳида аз паси дару девор худро тоҷик вонамуд сохта, аз тамаллуқ ё шахсиятпарастии ҷомеаи имрўза эрод гирифтан мехоҳанд. Аммо гумону пиндошти онҳо хаёли хому иштибоҳи маҳзест. Имрўз ба қавле бегонаҳо, бузургтарин сиёсатмадорону шахсиятҳои ҷаҳонӣ шеваи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмонро эътироф кардаанд. Куҷо мемонад, садову ғиреви нафароне ки ҳатто дар доираи оилаи худ эътироф нагаштаанд. Ин ваҳдатофариниву давлатсозии ўро перзиденти Русия, В.Путин чунин баҳогузорӣ кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ў аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чӣ оиди ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамлакати дигар». Аз қавли ин сиёсатмадори бузурги сайёра бармеояд, ки пеш аз ҳама давлатдории миллии моро қоил аст. Аз сулҳи миллатсозу давлатсози мо таъкид намудааст. Давлатсозии миллии моро намуна барои дигарон медонад. Халқи мазлуми афғон зиёда аз сад сол аст, ки дар орзуву ҳаваси сулҳу осишу ваҳдат аст. Инро дида Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд гуфта буд: «Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон-ин сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрўз ў машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон ва дўсти ҳақиқии Афғонистон аст». Ин баҳои Аҳмадшоҳи Масъуд дар давроне садо дода буд, ки Тоҷикистон дар ҳолатии буҳронӣ қарор дошт. Аз он даврон то имрўз садҳо қадами устувори дигари миллати тоҷик бо роҳнамоии пешвояш дар роҳи таҳкими давлатдорӣ анҷом дода шуд. Имрўз давлату ҳукумати кишвар бо давлатдороии миллии худ дар паи амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии муҳим аст. Ин ҳама унсурҳои давлатсозии миллиро ба назар гирифта Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин мегўяд: «-Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии қатъии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард, ки он бо вижагиҳои миллии кишвари худ мувофиқ буда, ҷониби Чин ба он баҳои баланд медиҳад».Наслҳо нав мешаванд ва аз мо пас ояндагон амиқтару бештар қаҳрамонии ин абармардро эътироф хоҳанд кард. Зеро барои имрўз ҳар он чӣ лозим буд ў алакай анҷом додааст. Сулҳ овард, фазо сохт, миллатро аз парешонӣ наҷот дод ва майдони амнеро барои халқ муҳайё намуд, то ҳар нафар чи қудрату ҳунаре дорад, барои ободии кошонаи худ ва кошонаи миллат сарф намояд. Талошҳои дигари ў ҳамагӣ барои наслҳои ояндаи миллатанд. Роҳҳо сохт ва месозад, НОБ-ҳо бунёд намуд ва менамояд, ҳазорон иншооти саноативу истеҳсолӣ ба кор даромад ва медароянд ва амсоли он қаҳрамониҳои ўянд, ки барои бақои миллати кўҳанбунёду наслҳои минбаъдаи тоҷик равона гаштаанд. Имрўз Тоҷикистон симои миллии худро ба ҷаҳониён ошкор кардааст. Ҳамин аст, ки парчами миллии мо чун ишиносномаи миллат дар минбарҳо ҷилва дорад. Шукр мегўем, ки ватани азизамон бо тантанаи ваҳдату сулҳу оромӣ роҳ сўи шукуфоӣ дорад. Эмомалӣ Раҳмон ваҳдатро ба миллат ҳадя сохт ва танҳо ў сипари ин ваҳдат аст. Ин ваҳдат кафили бақову созандагии давлати миллии мост. Бозсозии давлати миллӣ ва таҳкими минбаъдаи он дар кишварамон ҷараёни босуръат дорад. Давлатҳои алоҳидаи аврупоӣ зиёда аз 300 боз дар роҳи давлатсозии миллӣ овора мебошанд. Мафтуни иқтисодиёту саноатанд, аммо бештар гирифтори дарди миллатгароиянд, ки ин хатари аввалин дар роҳи нобудии худи онҳост. Давлатдории миллии моро омилҳои зиёде чун сипари тавоно камол мебахшанд. Таҳаммулгароиву инсондўстӣ ва беғаразиву нияти пок роҳи ояндаи миллати моро бо Пешвои худ мунаввар сохтааст.Халқи тоҷик дигар зудбовар нест. Бо худшиносиву худогоҳӣ ба дасисаву иғвои бадхоҳон гирифтор намегардад. Имрўз халқи тоҷик фарҳангу забон, дину оийн, марзу бум, артишу китоби қонун дорад ва нангу номуси миллиеро соҳиб аст, ки дар муқобили ҳамагуна ҷараён чун садди бузург боқӣ мемонад. Ин ҳама дарсро миллат аз мактаби бузурги Пешвои миллат азбар намудааст. Бо ин ҳама миллат ўро пазируфт, эътироф кард ва пешвои худ сохт. Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърих гашт. Хидматеро анҷом дод ва дода истодааст, ки номаш дар ҳазорсолаҳои дигар дар саҳифаҳои таърих бо нақши заррин сабт мегардад. Зеро баъди ҳазор сол танҳо ў кореро карда тавонист, ки даҳҳо султонҳову амирони замонҳо карда натавонистанд. Ў давлатдории миллии тоҷиконро дар шаклу шеваи нав ба вуҷуд овард. Номи Эмомалӣ Раҳмонро дар баробари сарварони эътирофшудаи ҷаҳонӣ, ба монанди Ҷорҷ Вашингтон, Авраам Линколн, Мао Тсез Дун, Уинстон Черчилл, Маҳатма Гандӣ, Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ, Шарл де Голл, Мустафо Камол, Франклин Рузвелт, Ли Куан Ю ва дигар давлатмардони сатҳи байналмилалӣ қарор медиҳанд, ки мавриди қабул аст.        Месазад, ки имрўз мардуми тоҷик дар атрофи президенти худ беш аз ҳарвақта ҷамъ оянд. Таҷлили «Рўзи Президент»-ро ҷонибдорем. Ин падидаву таҷлил як омили муҳими шаклгирии ваҳдату дўстии халқи мост. Ин таҷлилу эҳтирому эътироф як рукни муҳими дигари бақо дар давлатдории миллии мост. Феълан ҳар як давлату миллат ниёз ба чунин ваҳдат дар гирди Пешвои худ дорад. Зеро ҷараёнҳои тезутунди иҷтимоии муосир пештар аз ҳама барои тафриқа андохтан равона гаштаанд. Пешвои миллат ва мардуми шарафманди тоҷик ҷонибдори сулҳу оромиву суббот аст ва ин якмаромӣ омили асосии бунёду таҳкиму нигшоҳдории давлати миллии мост.Бахтиёр Қутбиддинов, устоди факултети журналистика