Баргузории ҷаласаи солонаи Шӯрои олимони ДМТ

0
145

hisoboti rektor
Дирӯз дар толори бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷиистон ҷаласаи солонаи Шӯрои олимони ДМТ баргузор гардид, ки дар он фаъолияти Донишгоҳ дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 баррасӣ шуд. Дар ҷаласа садорати ДМТ, меҳмонон аз Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар, Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, инчунин аъзои Шӯрои олимон ва устодону аспирантони Донишгоҳ иштирок доштанд.Маҳмадюсуф Имомзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳисоботи солонаи Донишгоҳро қироат намуда, фаъолияти Донишгоҳро дар соли 2016 дар самтҳои таълим, илм, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок шарҳ дод. Зикр гардид, ки дар ин давра синну соли миёнаи устодони ДМТ нисбат ба солҳои гузашта ҷавонтар гардидааст. Ҳамчунин мувофиқи раддабандиҳо сатҳи таълим ва дониши муҳассилин низ беҳтар шудааст. Дар миёни макотиби олии кишвар бошад, рейтинги ДМТ дар мақоми аввал қарор дорад. Тибқи назарпурсиҳои рӯзномаи “Тоҷикистон”  миёни хонандагонаш ҳам ДМТ пешсаф буд. Дар вазифаҳо барои соли оянда ба самарнок намудани низомии кредитии таҳсил, истифодаи фарох аз технологияҳои иттилоотию иртиботӣ дар раванди таълим, пурзӯр намудани нақшаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ, корҳои илмӣ ва ташкили Шӯроҳо дар ҳама факултетҳои ДМТ дар заминаи Комиссияи олии атестатсионии миллӣ таваҷҷуҳи хоса сурат гирифт.