Дар забони тоҷикӣ пешояндҳои аслии содаи ба ва аз баъзан дар матн муносибати ҳаммаъноӣ зоҳир кунанд ҳам, дар асл ин ду пешоянд зидмаъноянд. Масалан, агар дар ҷумлаи «Ман ба мактаб омадам» пешоянди ба–ро бо пешоянди аз иваз кунем, акси матлаб ҳосил мешавад. Муқоиса кунед:
Ман ба мактаб омадам (аз хона).
Ман аз мактаб омадам (ба хона).
Аммо аз чӣ бошад, ки ин хусусияти пешояндҳои аслии ба ва аз-ро вақтҳои охир аксар кормандони васоити ахбори омма ва баъзе зиёиёни навбаромад дарк намекунанд. Аксар вақт аз забони кормандони ВАО ва баъзе зиёиён мешунавем, ки мегўянд:
Ташаккур аз шумо.
Ё ин ки:
Аз шумо изҳори сипос менамоям.
Ҳол он ки феълҳои ташаккур гуфтан (ташаккур изҳор кардан, изҳори ташакур кардан) ва изҳори сипос намудан (сипос изҳор кардан, арзи сипос кардан, сипос арз кардан, сипосгузорӣ кардан) бо пешоянди ба кор фармуда мешаванд. Яъне ба касе ташаккур мегўянду аз касе ташакур мешунаванд ё ин ки ба касе изҳори сипос мекунанду аз касе изҳори сипос шунидан мехоҳанд. Пас мо низ бояд «Ташаккур ба шумо» ё «Ба шумо изҳори сипос менамоям» бигўем. Охир, таъбирҳои «Ташаккур аз шумо (ба ман)» ва «Аз шумо изҳори сипос (ба ман)» акси маънои болоро ифода мекунанд. Пас саволе ба миён меояд, ки ифодаҳои «Ташаккур ба шумо» ва «Ба шумо изҳори сипос менамоям» чаро дар шакли хато бо пешоянди аз кор фармуда мешаванд? Ин ғалат аз куҷо сарчашма мегирад?
Бояд гуфт, ки аз ин исмҳои маънии ташаккур ва сипос сифатҳои муташаккир ва сипосгузор сохта мешаванд, ки ин сифатҳо бо пешоянди аслии аз кор фармуда мешаванд. Муқоиса кунед:
Ташаккур ба шумо. – Аз шумо муташаккирам;
Ба шумо изҳори сипос менамоям. – Аз шумо сипосгузорам.
Яъне дар натиҷаи омезиши ҷузъҳои ду ифодаи («Ташаккур ба шумо» ва «Аз шумо муташаккирам», «Ба шумо изҳори сипос менамоям» ва «Аз шумо сипосгузорам») ибораи сеюм дар шакли ғалат («Ташаккур аз шумо», «Аз шумо изҳори сипос менамоям») пайдо шудааст.
Дар ин мисолҳо ҳам, ки аз матбуот ва Интернет гирифта шудаанд, ғалати боло ба назар мерасад:
Ў аз мо ташаккур гуфта баромада рафт;
Ҷанобони гиромӣ, ман аз номи худ… аз шумо барои ташриф ва изҳори андешаҳоятон ташаккур мекунам (? – ташаккур баён мекунам);
Ташаккур аз суханони хуб, ки ман ба он мувофиқам. Аммо дар ҳеҷ коре набояд ифрот кард. Ҳатто дар меҳрубонӣ;
Барои чунин изҳори назар аз ҳамаи Шумо хонандаву бинандаи сомона арзи сипос мекунем.
Дар ёд дорам, ки ҳангоми дар синфи якум хондан дар иди «Алифбо» муаллими аввалинамон чунин почаи шеъриро, ки то ҳанўз намедонам, муаллифаш кист, ба мо ёд дода буд:
Ба муаллим ташаккур,
Маро омўхт «Алифбо».
Ҳоло калон гаштаам,
Мехонам «хуб»-у «аъло».
Чунон ки мебинем, дар порчаи боло низ «Ба муаллим ташаккур» гуфта шудааст, «Аз муаллим ташаккур» не. Мо низ бояд минбаъд кўшиш ба харҷ диҳем, ки ин ғалатро истифода набарем, яъне бояд «Ташаккур ба Шумо» («Ба Шумо изҳори ташаккур (сипос, миннатдорӣ) менамоям», «Ба Шумо сипосу миннатдорӣ арз мекунам») ва «Аз Шумо сипосгузорам» («Аз Шумо муташаккирам» гўем, на «Ташаккур аз шумо» ё «Аз Шумо изҳори ташаккур мекунам».
Меҳроб Ҷумъаев, дотсенти кафедраи
услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ