БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД

0
451

Имрӯз (27.09.2023) дар факултети журналистикаи ДМТ бо ташаббуси кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ маҳфили “Меҳри сухан” бо иштироки шоир, рузноманигор Бузургмеҳри Баҳодур ва публитсист, мунаққид Ҳафиз Раҳмон баргузор гардид. Маҳфилро нахуст садри факултет доктори илмҳои филологӣ, профессор Бахтиёр Қутбиддин ҳусни оғоз бахшида, меҳмонони маҳфилро хайрамақдам гуфта, барои иштирокашон дар маҳфил изҳорои сипос карданд. Сипас, роҳбари маҳфил профессор Моҳира Мирзоева суханро ба меҳмони қадрдони маҳфил Бузургмеҳри Баҳодур доданд.

Меҳмон ибтидо бо мисраъҳои шеърии устод Рӯдакӣ сухани худро ифтитоҳ намуда, пасон дар мавриди тоҷик будан ва ифтихор кардан аз фарзандони бузурги он сухан карданд. Пас аз суханронии Бузургмеҳри Баҳодур адабиётшинос, устоди ДМТ Ҳафиз Раҳмон дар мавриди осори гаронарзиши ду намояндаи бузурги адабиёти тоҷик сухан карда, пасон аз ашъори шоири ҷавон Бузургмеҳр мисраъҳо қироат карданд.

Маҳфили мазкур бахшида ба Рӯзи Мавлоно ва Рӯдакӣ таҳти унвони “Бузургонро бузургон зинда медоранд” баргузор гардида, вобаста ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ва Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, инчунин нақши онҳо дар пойдории миллати тоҷик андешаҳо иброз карда шуд.