МОҲИЯТИ ЭЪЛОН ГАШТАНИ “СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ” ДАР Ш. ДУШАНБЕ

0
39

То анҷоми соли 2024 рӯзҳои башумор мондааст. Соли 2024 таҳти сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар навгониҳои зиёд ба вуқуъ пайвастанд. Бахусус, дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2023 ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд, як қатор тадбирҳои амалӣ андешида шудаву корҳои назаррас ба анҷом расидаву амалӣ шуда истодаанд.  

  Дар тақвияти иқдоми болозикр бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи амалӣ шудани ташаббуси «900 рӯзи ободонӣ» дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2024 дар шаҳри Душанбе “Соли маърифати экологӣ” эълон гардида, дар пойтахт ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ ҳамвора корҳои бунёдкориву ободонӣ сурат гирифтанд.

 Зикр кардан бамаврид аст, ки маърифати ҳуқуқӣ ва маърифати экологӣ маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.

Бояд гуфт, ки маърифати экологӣ омили асосии рушди иқтисодӣ дар шароити ташаккулёбии “иқтисоди сабз” мебошад. Истифодаи устувори захираҳои табиӣ ва технологияҳои экологӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тавсеаи истеҳсолоти экологӣ мусоидат мекунад. Илова бар ин, рушди маърифати экологӣ ба беҳтар шудани сифати зиндагии одамон, фароҳам овардани муҳити бароҳат ва бехатар барои зиндагӣ ва кор мусоидат мекунад. Қабул ва татбиқи принсипҳо ва арзишҳои маърифати экологӣ имкон медиҳад, ки аз назари қаблӣ ба табиат ҳамчун манбаи беохир ва бепоён даст кашида шавад ва онро ҳамчун сарвати арзишманд, ки муносибати эҳтиёткорона ва ҳифзи доимиро талаб мекунад, баррасӣ шавад

Ба таври маълум гузаштагони мо, аз қадимулайём ба покизакорӣ, тозагии атроф, муҳити зист ва манзили хеш эътибори ҷиддӣ дода, ба он андеша буданд, ки сирату сурати инсон бояд ҳаматарафа зебо бошаду даруну беруни ҳавлию масканашро бояд ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорад.  

Дар ҷомеаи мутамаддин на танҳо барои пешрафти илму техника, технологияи иттилоотӣ ва иқтисод таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад, балки масъулон дар бораи ҳифзи муҳити зист ва ба наслҳои оянда боқӣ гузоштани муҳити экологии солим ҳам андеша мекунад. Аз рўи чӣ он ки давлат ва шаҳрвандон барои ҳифзи муҳити зист чӣ тадбирҳо меандешанд ва ин тадбирҳо чӣ натиҷа медиҳанд, ба сатҳи маърифати экологӣ ва фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа  баҳо додан мумкин аст.

Таъкид кардан зарур аст, ки халқи тоҷик давоми таърихи чандҳазорсола шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён будаанд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусияти миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондаанд. Душанбешаҳр, барҳақ, меросдори ҳамаи он буда, сокини пойтахт будан мояи ифтихор аст ва дар айни замон масъулияти бузург ҳам дорад, ки амалӣ намудани чунин дастур муҳимтарин вазифаи шаҳрвандиро тақозо менамояд.

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, аксари қонунвайронкунии экологӣ бо сабаби кофӣ набудани донишу фарҳанги экологӣ, аз ҷумла баъзан  дарк карда натавонистани масъалаҳои экологӣ аз ҷониби масъулони  корхонаҳое, ки фаъолияташон ба ҳолати муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, рӯй медиҳанд. Бинобар ин, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати шаҳрвандон ва ҷалби иштироки онҳо дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мушкилот марбут ба нигаҳдории муҳити зист хеле зарур аст.

Таи чанд соли охир бо ташаббуси шаҳрдорӣ дар пойтахт пайваста маъракаҳои ҳашару шанбегиҳо ҷиҳати тамйизкориву кабудизоркунӣ сурат мегиранд.  Ин шаҳри афсонавӣ рӯз ба рӯз тараққӣ карда ба маркази нави иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии тоҷикон мубадал гашт. Ҳамарӯза дар кӯчаҳои он қадам мегузорем ва гулгашту хиёбонҳои шукуфони он ба қалби мо шодию фараҳи тоза мебахшад. Сокинону меҳмонони шаҳр пайваста барои ободӣ ва тозагии он кӯшиш мекунанд. Ҳар сол барои боз ҳам зебову раънотар намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр дар фасли баҳор ниҳолу дарахтони ороишӣ ва гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида мешаванд.

 Баргузор кардани чунин ҳашарҳои дастаҷамъӣ ва шанбегиҳо, ифодагари ғамхор будан нисбат ба муҳити зист мебошад. Бо чунин амал дар ниҳоди сокинону шаҳрнишинон зебоипарастиву ҳисси масъулият нисбат ба муҳити зистро тарбия метавон кард. Зеро ба тозагию покиза будани пойтахти азизамон – Душанбешаҳр ҳамаи сокинон масъуланд.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати шаҳри Душанбе ҳанӯз соли 2019 дар доираи барномаи «Шаҳрҳои сабз» ба раванди таҳияи Нақшаи амалиёти «Шаҳри сабз» оғоз карда буд. Дар доираи ин барнома як қатор амалҳое анҷом дода шуданд, ки  пешрафти Душанберо ба як шаҳри намунавии сабз ва устувор табдил додаааст.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд намуда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистони азиз рӯз ба рӯз ободу зебо ва макони писандидаи ҷаҳониён мегардад. Тибқи маълумотҳои оморӣ соли 2023  229 ҳазор меҳмонони  хориҷӣ  ба шаҳри Душанбе омадаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022   37 ҳазор ё 19 фоиз зиёд мебошад.

Имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ (ВО ОГМВ), узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, бо 22 шаҳр муносибати дӯстона ва бародарона барқарор намудааст. Душанбе бо Осиёи Ҷанубӣ дар чаҳорчӯбаи ҷодаи «Шоҳроҳи бузурги Абрешим» пайванди ногусастанӣ дошта, дӯстиву ҳамдилӣ, тиҷорату саёҳат ва сулҳу суботро пайваста тавсеа дода, таҳким мебахшад.

Зимни баргузории конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе» бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, ки ба 20 апрел мувофиқ омада буд, таъкид гардид, ки то соли 2037 Тоҷикистон ба мамлакати сабз ва пойтахти он ба яке аз шаҳрҳои сабзтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил хоҳад ёфт. 

Дар хулосаи навиштаи худ таъкид кардан мехостем, ки  моро зарур аст, ки зери шиори «Ҳамбастагӣ барои рушду нумуи ҷомеаи созгору солиму сарфароз» ва тавсияи шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ- «ҳар оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташ як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намояд», дар ободонии пойтахти азизамон саҳми арзандау созанда гузорем.

Ҷамолиддин Яъқубӣ, дотсенти

кафедраи журналистикаи байналхалқӣ