ҲАМОИШ ВОБАСТА БА ТАЛАБОТИ ЗАМОН

0
15

Имрӯз дар толори марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ҷиҳати баланд бардоштани шуури ахлоқию ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ»  бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар заминаи татбиқи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 баргузор гардид.

Дар конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Қурбонализода Нурулло Шамсулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Матробиён Саодатшо Қосимзода, муовини Раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Абдуллозода Умеда Бегмурод, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҳмонзода Зоир Файзалӣ,  Хайрулло Назарзода, доктори илмҳои техникӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Умарҷони Эмомалӣ, намояндаи ВКД ширкат ва сухаронӣ намуданд.

Ҳамоишро ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода, ифтитоҳ бахшида, баъди садо додани Суруди миллӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дар бораи муҳимияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» андешаҳояшро баён намуд.

Дар идома доир ба паҳлуҳои гуногуни ин қонун андешаи дигар мутахассисону намояндагони ниҳодҳо ироа гардид.

Ин ҳамоиш бо фарогирии андешаву суханрониҳои зиёди марбут ба мавзӯъ қонуни мазкурро аз равзанаҳои зиёд тавзеҳ дода, дар партави сиёсати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як омили баланд гардонидани маърифату шуури ҳуқуқӣ ва эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон ба шумор меравад. Баргузории чунин чорабиниҳо талаботи замон ба шумор меравад ва махсусан, аҳли илму зиёро ба масъулият даъват менамояд.

Ҳошимзода Бахтиёр Ҳошим

доктори илми филология, дотсент,

 декани факултаи журналистика.