Арҷгузорӣ ба мероси таърихӣ ва корномаҳои фарзандони фарзонаи миллат

0
27

Арҷгузорӣ ба мероси таърихӣ ва корномаҳои фарзандони фарзонаи миллат

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати фарҳангпарварона ва тадбирҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва шахсиятҳои барҷастаи миллат ба сатҳи нав бароварда шуд. Дар партави чунин иқдомҳои ватансозона номи фарзандони содиқу фидокори миллат дубора зинда гардида, хизматҳои арзандаи онҳо мавриди қадршиносии хоса қарор гирифтаанд.Яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ба Тоҷикистон овардани муште аз хоки оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад мебошад. Ин иқдоми рамзӣ нишонаи эҳтиром ба фарзандони фарзонаи миллат ва арҷгузорӣ ба саҳми онҳо дар ташаккул ва таҳкими давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад.Бо мақсади гиромидошти хотираи ин шахсиятҳои барҷаста ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ба оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Зимни ин боздид бо гузоштани гулчанбар ва ёдоварӣ аз корномаҳои неки қаҳрамонони миллат ба руҳи онҳо эҳтиром ба ҷо оварда шуд.Чунин иқдомҳо идомаи мантиқии сиёсати фарҳангдӯстона ва таърихпарваронаи Пешвои миллат буда, барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ аҳамияти калон доранд. Зеро пос доштани хотираи шахсиятҳои фидокор ва омӯзиши мероси онҳо дар тарбияи насли ҷавон нақши муассир гузошта, онҳоро ба дӯст доштани Ватан ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунад. Имрӯз эҳтиром ба гузашта ва қадрдонӣ аз хизматҳои фарзандони барӯманди миллат ҳамчун омили муҳимми таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди худшиносӣ ва пойдории давлатдории тоҷикон арзёбӣ мегардад.

Муҳуддинзода Қурбонхоҷа